Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 04:54

"Ин ҷо зӯргӯӣ, дурӯғ, қаллобӣ ва ин гуна пастиҳо меъёри аслист"

27 декабр 2013, 16:04

Зафари Суфӣ

Ростӣ намехостам чанд рӯзи дигар чизе дар бораи қазияи боздошти Абдураҳим Шукуров бинависам. Зеро як усули доимӣ барои навиштан доштам, ки эҳтимолан имрӯз барои аввалин бор ва умедворам барои охирин бор шикаста мешавад. Ман ҳеч гоҳ бар мабнои бардошт аз нигоҳи нафрат чизе нанавиштаам, ҳарчанд ҳамарӯза ва гоҳо сари ҳар қадам рухдодҳои нафрангезро шоҳид будаам, тамоми тавонамро ба кор гирифтаам, ки дар бораи он чизе нанависам ва бардоштамро дар қалбам бигӯронам. Дарк мекунам дилам як қабристони бузурге шуда ва шояд рӯзе битаркаду ману ин қабристонро бифиристад ба водии хомӯшон...

Агар милиса инест, ки тайи ин ду рӯзи ахир бо он рӯ ба рӯ шудам ва дидам, ки барои хуш омадан ба касе ва дар талоши рӯйпӯш кардани амали ғайриқонунии ҳамкораш тамоми арзишҳои ахлоқӣ ва инсониро зери по мекунад, ман безорам аз ҳафт пушташ ва аз ин пас онро душмани ҷони худ медонам!

Агар милиса инест, ки худро ҳомии ҳуқуқи шаҳрвандон ва ҳофизи назми ҷомеа мехонаду огоҳона тавтеагарона ва дар камоли ҳамоқат ҳуқуқи шаҳрвандонро зери по мекунаду ҳеч масъулияте дар баробари амали ғайриқонунияш ҳис намекунад ва дар камоли такаббур назми ҷомеаро барҳам мезанаду қудратнамоӣ мекунад, ман нафринаш мекунам! Ҳаром бод ноне барои худашу фарзандонаш аз ҳисоби буҷа, ки ҳосили пардохти андози шаҳрвандон ва аз ҷумла ману ҳамкоронам аст! Ман аз ҳамаашон безорам! Ҳоло шояд иддао бикунанд, ки байнашон хубу бад ҳаст. Набуд! Бовар кунед, бо ҳар кадомашон бархурд доштам, ҳосиле ҷуз фиреб, найранг, дурӯғгӯӣ ва бадӣ надошт. Оне, ки ширинзабонӣ мекард, дар камоли номардӣ фиреб медод! Тасаввури мани сода дар бораи милиса, ки бояд афроди ростгӯ, ахлоқмадор, ҷавонмард ва қонунгарову ҳомии ҳуқуқ мебошад, саробе беш набудааст.

Ман солҳо пеш ба низоми додгоҳӣ боварамро аз даст дода будам. Аз он вақте ки як қозии порахӯр ва қаллоб дар додгоҳи олии кишвар се нашрияи мустақилу вакили мудофеъро барои нашри изҳорот ба додгоҳ кашонду як солу ним саргардон кард, ман безори низоми додгоҳӣ шудам. Ҳарчанд пас аз гузашти соле чанд ин қозиро ба ҷурми қаллобӣ дар ҳамон парванда, ки мо перомунаш навишта будем, гунаҳкор донисту барои ҳашт соли зиндон маҳкум кард, безории ман аз низоми додгоҳӣ бештар шуду камтар не! Дирӯз ҳам кирдори қозии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт дар баррасии ғайриқонунии парвандаи ҳамкорам Абдураҳим боз як бори дигар безориям аз низоми додгоҳиро бештар кард.

Ба назар мерасад дигар дар ин ниҳодҳо меъёр қонун, ахлоқ, номус, шараф, мардӣ ва аз ин қабил арзишҳои инсонӣ нест. Ин ҷо зӯргӯӣ, дурӯғ, фиреб, қаллобӣ ва ин гуна пастиҳо меъёри аслист ва муҳим ҳисобот додану пеши роҳбарият ҷойгоҳи худро ҳифз кардан аст. Инҳо ба ҳадде оҷиз, нотавон ва беғайрат, ки сахт бовар доранд, агар аз ин мавқеи доштаашон барканор шаванд аз гуруснагӣ мемиранд. Инҳо ризқро аз Худо неву аз бандаи Худо мехоҳанд. Чун худашон гирифтори ҳама навъ таҳқир будаву ҳастанд, мехоҳанд дигаронро низ монанди худашон бибинанд. Яъне, ҳама гирифтори маризии худкамбинӣ ҳастанду бо зери по кардани ҳуқуқи дигарон, нодида гирифтани арзишҳову қонун мехоҳанд ин худкамбиниро ҷуброн кунанд. Ман аз ҳамаатон нафрат дорам! Ман безори ҳамаатон!

Дар қазияи Абдураҳим ҳеч пирӯзие дар миён нест! Дарвоқеъ, агар пирӯзие ҳаст, он пирӯзии беадолатӣ бар адолат аст. Мо дар камоли мазлумият дар баробари поймол шудани ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва ҳирфаии як ҳамкорамон қарор гирифтем.

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо зери по кардани тамоми меъёри қонунҳои кишвар наворбардори “Озодагон”-ро маҳкум ба ҳафт рӯз боздошти маъмурӣ кард. Пас аз ҳамраъйии ҷомеаи рӯзноманигории кишвар ва роҳбарони расонаҳои хабарӣ буд, ки мақомоти ШКД-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба таку дав уфтоданду бо сад роҳ Абдураҳимро розӣ кардаанд, ки ба додгоҳи шаҳри Душанбе ариза бинависад. Ин ҷо аз ҳамаи рӯзноманигорон ва азизоне, ки моро дар ин қазия пуштибонӣ карданд, сипосгузорем. Шумо воқеан нишон додед, ки дар баробари беадолатӣ хомуш нахоҳед буд!

Аммо корзор барои барқарории адолат ҳамчунон идома хоҳад дошт ва мо ба ҳеч ваҷҳ ҳозир нестем худро мадюни илтифоти ин ё он мансабдоре бидонем. Мо хостори пирӯзии қонун будему ҳастем ва то охир чунин хоҳем буд ва барояш талош хоҳем кард.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • rustam

  • 27 декабр 2013 16:37
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
нафрати Худову расул ва тамоми миллат ба ин золимон аз дасти ихо хазорон нафрро ба махбасу садхо нафаро горат намудаанд. инхо аз хамон гурухехастанд, ки имруз дар миср барои мансаб мардумро ба хоку хун кашиданд.
Посух додан
  • Said

  • 27 декабр 2013 16:50
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бародари азиз Зафар Суфи! Шумо дар холати шадиди асабоният карор доред, ки хосси хислати Шумо нест... Магар Шумо аз ин дида бештар таваккуъ доштед... Безори, яъне чи? Хар сохтор кору масъулияти худашро ичро мекунад-инчо гапи инсоф нест...Шумо хам оромона бояд кори худатонро анчом медодед!!! Вакте, ки рузноманигорони бароятон азизи "Озодагон" матлабхои носанчидаро дар киболи обрую эътибори як фард, рохбари оила ва корманди давлати ба нашр мерасонанд Шумо асабони намешавед ва хатто бо истехзо мегуед, ки онхо вазифаашонро ичро менамоянд. Пас ин кормандони хифзи хукук хам дар доираи ваколатхо, супоришхо ва аниктараш фахмишу аклашон ифои вазифа мекунанд... Безори аз чи? Безори аз Точикистон? Чи магар Давлат бояд мисли соли 1992 нигох кунад, ки хар кас хар коре мехохад анчом дихад?! Ба Зайд чи намерасид? Бояд факат шукр мекард агар мусалмон мебуд? ... Ин бахси давомдор аст...
Ба хар сурат дусти азиз ба Шумо холати асабони намеояд!! Шумо ботинан одами бад нестед!! Точик хастед- пас одами мулоим ва суст хастед, ки хосси точикон дар тули таърих аст...
Ман намехохам. ки Шумо бори дигар БЕЗОР шавед...
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Сад дар сад хол хамин аст, ки эшон арз карданд. Бо ин вазъе, ки дар мамлакат иттифок афтодааст ва дорад бештар таназзул мекунад, баъид нест, ки кор ба хушунат ва даргирихои нав бирасад.
Посух додан
  • Беном

  • 27 декабр 2013 16:59
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Акаи Зафар мо бо шумоем, худо ба ин амали дар пеш истодаатон барор дихад, омин.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
хакро гуфтед, бояд Р.Рахмиов бадахлоконашро дар курсии синфи 4 шинонида аз одобнома дарс дихад!!!
Посух додан
  • Амрихудо

  • 27 декабр 2013 17:02
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Зафарҷон то соли 1992 милитсияи ман ҳимоятгари ман буд, аз ин тарафаш милис ва дар хизмати шахсони алоҳида. Имруз ҷавонҳои мо кор пайдо карда наметавонанд ва саводу ҳунар надоранд ба милиса мепайванданд. Ин система ба ислоҳоти сартосарӣ ниёз дорад.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хак ба чониби Зафар Суфи.Ман ин конуншиани,дагали,фиребгари ва хатто чаллодии онхоро борхо мушохида кардаам.Аксарияти милисахо саводи хуби хукуи надоранд.Онхо хизматгори халк не,балки сохибмансабонанд.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
To imruz dar Tojikiston yagon kormandi milisaro bofarhangu madaniyat va bofarosat nadidaam! Vakte raftorashonro mebini nafratat meoyad! va gamgin meshavi va oyanda i in sarzaminu millatro torik mebini!
Посух додан
  • Кулоби

  • 27 декабр 2013 17:57
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Акаи Зафар тамоми мардуми Точикистон аз навиштахои Шумо сад дар сад
тарафдори мекунанд. Саломат бошед.
Посух додан
  • Зафар

  • 27 декабр 2013 18:00
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Said,
Бародари гиромӣ! Шояд Шумо дуруст мефармоед, ки ман асабонӣ шудам. Аммо ҳолате, ки таи ду рӯзи гузашта бо ин ҳақир пеш омад, дуо мекунам ҳеч гоҳ ба сари Шумо наояд. Сипос, ки аз ботини ман бохабаред. Вагарна метарсам душмани халқам эълон мекардед. Охир, ҷони бародар, гилаи ман аз як гурӯҳ ва шояд чанд танест, ки таи ин ду рӯз бархурд доштам ва чанд бор ҳам дар он навишта ба ин воқеъият ишораи ошкоро ҳаст. Шояд беҳтар аз ман донед, ки инсон зодгоҳро наметавонад интихоб кунад, аммо метавонад Ватанро интихоб кунад. Тоҷикистон Ватани ман аст ва чаро ҳамоқати чанд тане битавонад боиси безории ман аз Ватанам бишавад? Гузашта аз ин эътироз ба амали ғайриқонунии чанд тан чи рабте ба ҳаводиси солҳои 1992 дорад? Худо он рӯзҳоро барои ҳамеша барои миллати азиятдидаи тоҷик ҳаром гардонад ва дар кобуси шабонааш ҳам ҳеч тоҷике он рӯзҳоро набинад.
Дар бораи кадом раҳбари оилаву корманди давлатӣ ҳарф мезанед бароям мавҳум аст ва ман аз паст задани шаъни душмани ҷонам ҳам ба қавли Шумо "асабонӣ" мешавам. Барои ман эътибори инсон арзиши усулӣ аст.
Мепурсед: Ба Зайд чи намерасид? Посухи инро бояд биравед аз худи Зайд бипурсед. Зеро ман на дар ин маврид бо ӯ суҳбат доштам ва на бо каси дигар. Дар мавриди мусулмон буданаш ҳеч шаке надоштаму надорам ва шояд дар тамоми торихи кишвари мо аз замони таъсисаш то имрӯз ҳеч тоҷике вақте боздошт шудан барои боздоштгоҳ Қуръони карим ва Маснавии Мавлавиро нахоста бошад. Ин далели мусулмони муъмин ва босавод будани ӯст!
Дар мавриди тоҷикиву мулоимиву сустӣ иҷоза бидиҳед бо Шумо ҳамфикр набошам. Мутмаинам вақте ашки чашмони модари Абдураҳимро медидед, Шумо ҳам хирмани тамоми сустиву мулоимиро оташ мезадед. Охир наворбардори Озодагонро ба хотири анҷоми вазифаи касбияш муҷозот карданд. Қонун зери по шуд. Мехоҳед як ҷаҳон ташаккурашон мегуфтам?
Ба ҳар сурат сипос, ки ба навиштаи парешони инҷониб таваҷҷуҳ зоҳир кардаед. Сарбаланду саломат бошед.
Посух додан
  • Хайдуло

  • 27 декабр 2013 18:00
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Said,

аз навиштахоят маълум аст, ки аз илми мантик бохабари. Аммо чи илоч, суханхои Зафар вокеияти аслии имрузаанд. Албата Зафар бeзории худро аз макомот ироа намудааст, на аз Точикистон. Ва ман фикр мекунам, Зафар на аз он мардонест, ки аз ватан безори кунад.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
АВВАЛ ПИРУЗИИ РУЗНОМАНИГОРОНРО ТАБРИК МЕГУЯМ. БОШАД ХАМЕША ДАСТ БА ДАСТИ ХАМ БИНИХЕД ВА ЧАСУРТАРУ МАРДОНАТАР БОШЕД. ИН ХУКУМАТИ СОМОНИ БОЗ КИРДОРХОИ ДИГАРЕ ХАМ ДОРАД,КИ КОБИЛИ ИФШОИ ОН ДАР РУЗНОМАХОСТ. АЗ ЧУМЛА ХОНАВОДАИ МО ХАМ БО ОНХО ЧУНИН БАРХУРДХОЕ КАРДААСТ КИ АСЛАН КОБИЛИ КАБУЛ НЕСТ ЧУНКИ БО УСУЛИ "ХУДАМ ШОХУ ТАБЪАМ ВАЗИР" КОРХОИ "БУЗУРГ"-Е АНЧОМ ДОДААСТ КИ АГАР ХОНАНДА БИХОНАД ВОКЕАН "КАЙФ" МЕКУНАД...
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
мавчем, ки оромии мо адами мост,
мо зинда ба онем, ки ором надорем.

Ором будан, яъне чи? Сукутро дар киболи накзи конун аз тарафи маъмурони давлат ихтиёр кардан? Аз гуфтани он чизе, ки ба хар фарде, ки гушу хушу чашм дорад аён аст ва мехохад, ки давлат бархурди худро бо шахрвандонаш тагйир бидихад бипархезад? Хуб, оромиро намешавад бо бастани дахони ракибону мунтакидон дар кишвар мустакар кард. Ягона василае, ки Ороми, Сулху Суботро таъмин мекунад АДОЛАТ аст. Ва чи бехтар агар давлат ба халкаш гуш бидихад ва паи ислохи авзоъ шавад, вагарна халк зуд ё дер худаш ин корро ба ухда мегирад. Мутаасифона, агар халк дастбакор шавад, он гох хатман хун мерезад. Минчумла хуни нохак хам.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Офарин бар Шумо окои Суфи!
Сад офарин!
Маълум аст, ки мисли хама аз беадолатихо безоред! Агар дар кишвар конун амал мекард, рузгори миллат ба хадди сукут намерасид! Аммо набояд безор шуд, чун безор шудан рохи гурез аст, на рохи талош!
Агар фахмидагон аз тантанаи беадолатихо безор шаванд, пас нафахмидагон чи хоханд кард? Агар забони миллат аз безори баста шавад, дарди миллатро ки хохад гуфт? .........
Ба Шумо ва хамкоратон барори кор мехохам!
Посух додан
  • Хонанда

  • 27 декабр 2013 20:00
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дар кишвархои дорои режими диктатори милисаву артиш факат барои фишор сари мардуми худ аст. Вале милиса Точикистон бо бадтарин шева ба мардум бархурд мекунад ва нисбати хар як шахрванд ба мисли чинояткор рафтор мекунад. Яке дар Точикистон, яке дар Узбакистон гуиё дар милиса бадтарин инсонхо кор мекунанд. Бехдуа точикхо намегуянд, ки "Худо харгиз коратро ба милиса накашонад".

Шумо як бор ба Гурчистон сафар карда бубинед, ки пулис чи гуна бояд кор кунад. Дар ин кишвар пулис ба мисли кишвархои Аврупо хеле муадабона ва пуштибони мардум аст. Вале то замони Саакашвили пулисхои Гурчистон ба мисли милисахои точик буданд. Саакашвили ин сохаро комилан тагйир дод ва фасодкоронро аз ин соха берун кард. Мо ба Саакашвилии точик ниёз дорем
Ба қафо | Ба пеш

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!