Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 21:37

Тасарруфи маблағи буҷа аз тарафи мансабдорони Данғара, Фархор... ва Сарбанд

28 декабр 2013, 09:31

Дар соли 2013 мансабдорони 8 шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ба тасарруф ва ғайримақсаднок истифодабарии маблағҳои буҷа даст задаанд.

Як манбаи муътамад аз ҳукумати вилояти Хатлон гуфт, Оҷонсии мубориза бо фасоди молӣ дар натиҷаи тафтиши 250 идораи давлатӣ 11,9 миллион сомонӣ зарари молиявиро ошкор намудаанд, ки аз ин то ҳол танҳо 8,5 миллион сомонияш (71 %) барқарор шудааст. Аксари ин идораҳо дар навоҳии Ҷиликӯл, Абдураҳмони Ҷомӣ, Фархор, Ҳамадонӣ, Ховалинг, Данғара, Қумсангир ва шаҳри Сарбанд будаанд.

Ҳамзамон, иттилоъ дода шуд, ки аз ҷониби шуъбаи аудити Сарраёсати молияи вилоят дар натиҷаи санҷиши фаъолияти 406 ташкилот, 2,1 миллион сомонӣ камбудиҳои молиявӣ дарёфт карда шуд. “Аз он 1,1 миллион сомонӣ барқарор ва 32 мавод ба маблағи 0,8 миллион сомонӣ барои чораҷӯӣ ба мақомоти тафтишотӣ пешниҳод гардид”, - афзуд манбаи мо.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • иктисодчи

  • 28 декабр 2013 09:40
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
магар зайдро бо хамин гнох хабс накаредед бароич и ин дуздони горатгари кисаи миллат озод меграданд чаро ба инхо 30 соли намедихед? чун аз дангараанд хамин тавр не?
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Оли! Акнун агенти вазирону рохбарони баландпояро хам санчад ва пулхои горатшударо баргардонад ва карзхои Точикистонро баргардонад, мо намехохем ки ба сари фарзандони мо ки холо ба дунё наомадаанд карз навишта шуда бошад! Ва хатто санчад ки онхо чанд зан доранду ба ки зуровари кардаанду мекунанд!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
иктисодчи,
бародарчон барои ин ки инхо амон одамоне астан ки дар соли оянда масалаи боигарии Зайдро хал мекунан ва пулашро таксим мекунан
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бо баъзе аз хабархо нархи имзои мансабдорони точик то 2млн долар расидааст.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Э бача, и суму порахуриро, мисли алафдарав кардиян. Буху бугард, а чо мегири чи фарке дора.
Посух додан
  • Чаноби Х (Икс)

  • 30 декабр 2013 14:03
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Об аз боло лой аст.......... И аз хама взятчникои пастш хаминохай ки кришахошона кор нафармидагиян....

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!