Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 09:42

Пешниҳоди Эшони Сайид Қиёмуддин дар бораи солшуморӣ

29 декабр 2013, 12:33

Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ, рӯҳонии тоҷик, дар як сӯҳбати худ аз мақомдорони тоҷик хостааст, то кишвар ба солшумории ҳиҷрӣ-қамарӣ ва ё шамсӣ гузарад. Ба қавли ӯ, “чанд соле аст, ки давлат ва давлатмардон ва равшанфикрону зиёиён сӯҳбат аз фарҳанги ориёӣ ва ғайра менамоянд, пешниҳоди мо ин аст: аз он ҷо, ки мо мусалмон ва тоҷикистонӣ ҳастем, тақвими худро ё ба ҳиҷрӣ-қамарӣ баргардонем ва ё ба шамсӣ.”

Тоҷикистон як қарн боз аз рӯи тақвими масеҳии григорианӣ кор мекунад. Ин солшуморӣ аз замони таваллуди Исои Масеҳ оғоз ёфта, бар асоси он соли нав рӯзи якуми январ фаро мерасад. Аммо солшумории ҳиҷрии қамарӣ дар замони ҳазрати Умар пайдо шуда, аз рӯзи ҳиҷрати паёмбари Ислом аз Макка ба Мадина, яъне аз 1 моҳи муҳаррами соли 622 ва аз рӯи гардиши моҳ ҳисоб карда мешавад.

Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ пешниҳодаш дар бораи гузаштан ба солшумории ҳиҷрии қамарӣ ва ё шамсиро ҳангоми сӯҳбати худ дар бораи таҷлил аз Соли нави мелодӣ ва таваллуди Исои Масеҳ баён доштааст. Вай дар масъалаи таҷлили Соли нав гуфтааст, муборакбодии ин ҷашн ба якдигар аз нигоҳи Ислом гуноҳ дониста намешавад.

Ба бовари ӯ, барои инсон дар ҷашни Соли нави мелодӣ замоне гуноҳ навишта мешавад, ки дар рӯз ё шаби 31 декабр базм ё маҳофили пур аз амалҳои ғайриахлоқию исрофкорӣ барпо карда шавад.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Lola

  • 29 декабр 2013 12:41
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Эшонут барвахт шиъа шидагиай дар мазхаби 12эмомай ин Эшон солинав дуруст аст амо дар мазхаби мо ахли суннат ин чойз нест
Посух додан
  • jasper

  • 29 декабр 2013 13:25
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Кори дига нест дар Точикистон ай соли нав кариб халос шидем бо дар сол шумориш бзнаем ягон кори савоб кунед.
Посух додан
  • муслим

  • 29 декабр 2013 15:31
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Эшон рухонии сохибназар аст.сазовори тахсин.
Посух додан
  • Искандари Руми

  • 29 декабр 2013 16:47
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
худой-моро-аз-ин"олимони-шариатпанох"-
Посух додан
  • Darvesh

  • 29 декабр 2013 17:26
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Hazrati Iso ruzi 25 dekabr tavallud shudaast
Посух додан
  • КАМ

  • 29 декабр 2013 22:17
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
точикистона чазир карди як бор бас аст
Посух додан
  • Мухаммад

  • 29 декабр 2013 23:02
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Садкаи Ишон шавам, магар дигар корхои мухим намонд, ки ин масъала хали худро ёбад.
Хазорхо масъаали мухим ва ахамтар аз ин дар ватан вучуд дорад ва фарзи Худо поймол мешавад, хукуки мардум зеро по мешавад, локин хазрати Ишон лаб боз намекунад.
Расти аз ин пешниходи Ишон хандаам омад, то ин дарача фикр намекардам, ки Ишон сода бошад.
Худо тавфик дихад хамаро
Посух додан
  • Додхоҳ

  • 30 декабр 2013 04:30
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Боз ҳамин Қиёмиддини Ғозӣ бекор монд, чӣ? Рафта кори муллогиатро кардан гир ҷура. Аввал фарқи ҳиҷрӣ шамсиро аз қамарӣ сарфаҳм рав, баъд гап бизан.
Посух додан
  • точикписар

  • 30 декабр 2013 08:21
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба он, ки мухтарам Эшони Сайил Киемиддин яке аз рухониени саршиноси шубха надорам. Вале эроди ман дар он аст, ки хуб мешуд ба мавзуи бо кадом солшумори гузаштан он кас чавоб медодан. "Бародаро. биеед монем ин суханоя. Аз кафои пешрафти илму техника шавем. Кордор набошем ба он ки, дар мачсчид бо остини кутох е дароз намоз хонем, бо кулох е бе он".
Посух додан
  • Донишманд

  • 30 декабр 2013 09:04
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бобои Эшон илтимос, ки каллаи мардуми тоҷикро гаранг накун. Дигарҳо ба Кайҳон парвоз карда истодаанд, завод, фабрика сохта истодаанд мо бошем бо ин эшону муллоҳои худамон ба корҳои нолозим, ки аз иҷро шудани онҳо ба миллату давлат ягон фоида нест, машғулем.
Посух додан
  • расул

  • 30 декабр 2013 10:44
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
"Ба бовари ӯ, барои инсон дар ҷашни Соли нави мелодӣ замоне гуноҳ навишта мешавад, ки дар рӯз ё шаби 31 декабр базм ё маҳофили пур аз амалҳои ғайриахлоқию исрофкорӣ барпо карда шавад".
"[мазхаби мо ба сабаби рахнамои зинда надоштанаш ба бухрони маънави гирифтор шудааст. хар чалласаводе худро Домулло ва Эшон эълон карда хар хаёли ботили хешро Фатво медихад. вой бар холи мардум...
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Эшони Киёмиддинро пулташ дар эрон аст, ин мехохад боз фитнаи солхои 1992 ро такрор кардани мехохад фитнаи шиахоро биёрад. Мо шиа шудани нестем мо мехохем ахли суннат боки монем дигар мардума гумрох карда наметони
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Эшон аз кучо ва чи вазифа доранд?
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
эшон гарданатро кач накуну ба ахли суннат баргард мо сухани шиа мардумро кабул надорем то замоне ки дар мазхаби шиаи пешниходи исломи накун ....озодагон чопаш кун..
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бародарон ман дар олим будани эшон шаке надорам аз шумохам хохиш мекунам, ки дар вакти шахрнависи каме бо диккат бошед. Шахсан ман дар як фикр хастам аз тамоми чехрахои шинохтаи солхои чанги шахрванди хамин эшон буд, ки вазифа нагирифт. Вазифа одамро ба хар тараф мекашад ё рост ё кач фахмиданаш мушкил мешавад. Шояд миёни олимон хамин бошад, ки аз ислом сухан кунад. Агар мазхаби хам бошад ШОЯД ДУРУСТ БОШАД!!!
Ба қафо | Ба пеш

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!