Бахшҳо
30 дек 2013 09:34Тоҷикистон / Сиёсат / Акс

Даргузашти Халифабобо Ҳомидов, вазири собиқи адлия (АКС)

Халифабобо Ҳомидов, собиқ вазири адлия ва яке аз муаллифони Қонуни асосии Тоҷикистони соҳибистиқлол, нимирӯзи 30 декабр дар гӯристони Сариосиёи шаҳри Душанбе ба хок супорида шуд. Вай баъд аз бемории тӯлонӣ, бегоҳи 29 декабр, дар синни 64 аз дунё даргузашт.

Оқои Ҳомидов ба ҳайси узви Комиссияи оштии миллӣ, мушовири давлатӣ, вакили Маҷлиси намояндагон кор кардааст. Вай соли 2001 бо фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон ба курсии вазири адлия нишаст ва то соли 2006 дар ин мақом буд.

Дар давраи вазири адлия будани ӯ Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ба раҳбарии Раҳматилло Зоиров сабтиноми расмӣ шуда, ҷиноҳи Абдуҳалим Ғаффоров дар Ҳизби сотсиалист ва қаноти Масъуд Собиров дар Ҳизби демократ қонунӣ эълон гардиданд. Ҳарчанд аксарият ин иқдоми ахири ӯро маҳкум карда, пора сохтани аҳзоби мухолифе назири Ҳизби сотсиалист ва Ҳизби демократи Тоҷикистон медонистанд.

Профессор Иброҳим Усмонов, ки дар манзили Халифабобо Ҳомидов қарор дошт, дар сӯҳбат бо хабарнигори "Озодагон" гуфт, аз солҳои 80-уми қарни гузашта ба ин сӯ бо ӯ шиносоӣ дошт. Вай афзуд, “Халифабобо яке аз ҷавонони бедори охири солҳои 80-ум буд, ки дар таъсиси Растохез иштирок дошт. Яке аз муассисони Ҳаракати мардумии Растохез буд ва умед мекард, ин ташкилот бояд барои манфиати бедории миллии мардуми Тоҷикистон, барои иттиҳоди нерӯҳои миллии кишвар хидмат кунад. Қисмати бисёр муҳими ҳамкории мо замоне буд, ки дар Комиссияи оштии миллӣ кор мекардем. Аз соли 1991 ӯ ба тайёр кардани Конститутсияи Тоҷикистон сар кард ва дар солҳои 1991 низ дар тағйиру иловаҳои он фаъолна ширкат намудааст. Яъне, яке аз муаллифони фаъоли Конститутсия аст. Чун олим буданд, бо вуҷуди беморӣ дар хона ба таҳқиқ машғул буданд ва тобистони ҳамин сол китоби дуҷилдаи худро дар бораи Таҳқиқи системаи Конституси тамоми дунё ба нашр расонд. Баъд аз ин китоб Халифабобо ният доштанд ва шурӯъ карданд ба навиштани китоб дар бораи Конститутсияи Эрон, вале тақдир ҳамин хел шуд, ки ин китобро ба охир нарасонд. Моҳе қабл бо ӯ суҳбат доштам, ки мақсади нашри ин китобро дар соли нав, соли 2014 доштанд.”

Файзиннисо Воҳидова, ҳуқуқдони тоҷик, дар сӯҳбат ба “Озодагон” аз Халифабобо Ҳомидов ба унвони асосгузори манъи ҳукми қатл дар Тоҷикистон ном бурд. Ӯ гуфт, “Ҳомидов ҳамеша аз минбарҳои баланди ҳуқуқи башар аз камбудҳои низоми додгоҳию ҳуқуқӣ сухан мекард. Ӯ як шахси ислоҳотхоҳ буд. Мехост, як низоми додгоҳии озоду демократӣ дошта бошем, адолати додгоҳӣ татбиқ гардад. Яке аз асосгузорони бекор кардани ҳукми қатл буд. Ман бо Халифабобо якчанд бор дар сафарҳои хориҷӣ дар семинару тренингҳо будам ва ӯ аз ҷониби давлат дар ҳайати комиссияи давлатӣ буду аммо тарафдори он буд, ки ҳукми қатл бардошта шавад.”

Халифабобо Ҳомидов зодаи рустои Қистакӯзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буда, соли 1973 факулати ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Маскавро ба итмом расондааст.


Даргузашти Халифабобо Ҳомидов, вазири собиқи адлия (АКС)

Даргузашти Халифабобо Ҳомидов, вазири собиқи адлия (АКС)

Даргузашти Халифабобо Ҳомидов, вазири собиқи адлия (АКС)

Даргузашти Халифабобо Ҳомидов, вазири собиқи адлия (АКС)


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
вава
Худо рахмат кунад инсони хуб буд.

Худо уро рахмат ва магфират кунад.
Зиндаву човид монад, хар ки накуном зист,
К-аз акибаш зикри хайр зинда кунад номро.

Бону Фавйзинисо, хеч шакку тардиде нест ки Хомидови рахмати хукукшиноси варзида ва яке аз муаллифони Конститутсияи амалкунандаи Точикистон мебошад.
Аммо дар мавриди "аслосгузори манъи (мораторияи) хукми катл будани у як каме баландравиву болорави аст. Зеро Точикистон бо пайвастан ба созмону ташкилотхои гуногуни байналахлакиву имзо гузоштанаш зери Хартияхои мухталиф шарти аввалини онхо ин буд, ки хукми катлро дар каламраваш бекор кунад."
Ман дар Точикистони сохибистиклол ба чуз ду вазири сохибандеша ва тасмимгиранда- яке Сайидшо Зувайдов (вазири алокаи пешин, рахмати) ва Зайд Саидов (собик вазири саноат, алъон зиндони) дигар вазиреро надидам, ки аз зовияи андешаи худаш чизе гуфта бошад.
Каблан, сипос!

Худо рахмат кунад устода чои охираташа пурнур гардонад. Омин.

Халифабобо Хомидов,пас аз вазири адлия таъин шуданаш,ба ин режим таоман фурухта шуда буд.Ва ягон коре,ки ба манфиати халку мардум буд ичро накардааст.У як шахси мансабталаб буду халос.Дар вакти демократхо буданашон демократ шуду,ва вакте,ки режим ба сари кудратомад, хизматгори онхо шуд.Ва уро низ истифода бурданд ва вакте ки ба хеч кас норадркор шуд,мисли лухтак партофтанд ва фаромуш кардан.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)