Бахшҳо

Исмонов ва Ғаффоров дар бораи ҳукми зиндони Зайд Саидов

Раҳбарони ҳизби демократ ва сотсиалисти Тоҷикистон дар робита ба 26 сол ҳукми зиндони Зайд Саидов, соҳибкор, вазири пешини саноат ва раҳбари Тоҷикистони нав изҳори назар карданд.


Саидҷаъфар ИСМОНОВ, раиси Ҳизби демократ:

“Ман як чиз мегӯям. Албатта, ин бояд ба иззати нафси рӯзноманигорон ва тарафдорони Зайд Саидов нарасад. Аз ин қазия чунон ҳангома ва силсилае сохтанд, ки шояд дар аввал ҳукумат ба ҳамин Зайд Саидов 5 сол ҳукм бароварданӣ буд. Аммо баъд аз ин ҳама сарусадо 26 сол гирифт. Баъзан, онҳое, ки худро муҳофиз ва тарафдорони Зайд Саидов мегиранд, аз дасташон чизе намеояд, то охир ҳифз карда наметавонанд. Аз тарафи дигар он муҳофизонаш дониши хуби ҳуқуқӣ ҳам надоштанд. Компромисро дар миён ёфтан лозим буд. Аммо аз дасти инҳо чизе наомад. Корро тарзе карданд, ки агар ҳукумат 10-15 сол ҳукм бароварданӣ буд, дар натиҷа он 26 сол шуд. Чунки атрофи ин қазия як фоҷиа сохтанд. Ба ин ончунон обуранг дода барои ҳукумат як мушкили ҷиддӣ “тарошиданд”, шояд дар он сатҳ чунон набуд. Кӣ метавонад бигӯяд, ки Зайд Саидов ҳеч гуноҳе накардааст ва фарзанди беҳтарини Тоҷикистон аст? Кӣ метавонад бигӯяд, ки ин шахс аз рӯи Қуръону Конситутсия амал ва зиндагӣ мекард? Инро касе гуфта наметавонад, агар гӯяд ҳам, дурӯғ мегӯяд. Дуруст аст, ки Зайд Саидов як тоҷири муваффақ буд. Атрофи ин қазия гапҳо зиёд. Ҳоло дигар бояд муфассалтар баромад кунанд. Азбаски моҳҳои охир аз ин қазия зиёд гуфтанд, пас, ҳоло ба мардум расонанд, ки он чӣ буд: Ҳақиқат ё қасдгирӣ? Вой, бар ҳоли онҳое, ки корашон ба чунин вакилони дифои “чалласавод” мерасад. Коре аз дасти ин вакилон наомад.”

Абдуҳалим ҒАФФОРОВ, раиси Ҳизби сотсиалист:

“Ман ин ҷо додрас ва ё додгоҳу додситон нестам, ки бигӯям чӣ камбудӣ ва ё норасоие инҷо ҳаст. Ман наметавонам қазияро пурра мавриди баррасӣ қарор диҳам. Ҳадди ақалл барои он ки тамоми далели парвандаро надидаам. Дуруст аст, ки Зайд Саидов барои рушди Тоҷикистон ҳамчун як соҳибкор мавқеи муаяйн дошт. Он чизе, ки ман медонам, навиштаи рӯзномаву маҷаллаҳост. Агар додгоҳ дар нисбат ба Зайд Саидов ҳукми ғайриқуонунӣ баровард, пас, вакилон бояд аз болои он ба мақомҳои болоӣ шикоят бубаранд. Дуруст ё нодуруст буданро ман на ҳамчун раҳбари сиёсӣ ва на ҳамчун шаҳрванд наметавонам қазоват кунам. Агар тамоми он айбномаҳое, ки дар баробари Зайд Саидов эълон карданд, дуруст бошад, пас, ман аз ҳукми баровардаи Додгоҳи олӣ дастгирӣ мекунам. Агар он туҳмат дар ҳаққи Зайд Саидов бошад, ман ҳеч гоҳ чунин ҳалномаи додгоҳиро тарафдорӣ нахоҳам кард.”


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
а
Пистаи бемагз агар лаб во кунад расво шавад. Ин дар бораи Исмонов.

Хамкурси Зайд
Бо ин суханаш Саидчаъфар Исмонов яъне "Аз ин қазия чунон ҳангома ва силсилае сохтанд, ки шояд дар аввал ҳукумат ба ҳамин Зайд Саидов 5 сол ҳукм бароварданӣ буд. Аммо баъд аз ин ҳама сарусадо 26 сол гирифт." комилан сиёси ва фармоиши будани ин казияро таъйид кард.
ин чи навъ сиёсат мадор аст, ки медонад касдан 5 сол неву 26 сол доданд, боз хомуш мешинад?!
Саидчаъфар Исмонов, шумо ки хамкурси Зайд Саидов хастед ва Зайдро аз чавони мешиносед. шумо ки хар мохе пеши дараш меомадед магар ин аз руи марди аст имруз бар зидди у ин тухматхоро мезанед?
магар шумо он кас нестед ки 2 руз пеш аз парвозаш дар Варзоб дар дачааш ба Зайд чоплуси мекардед?
то мо ту барин сиёсатмадор дорем ин давлат ин миллат хору залил мемонад.

навшоди мургоби
Саидҷаъфар ИСМОНОВ, раиси Ҳизби демократ:
НАход ин одам номзад ба макоми оли дар кишвар ва раиси хизб буд бошаду??? судхои ватани мо шахсро барои гунохаш чазо мукаррар мекунанд ё барои муносибаташ ба хукумат ва ё хаёхуи мухлисони у ??????

Мухтарам хабарнигорони Озодагон! Рафти интихобот нишон дод, ки Исмонов ва Гаффоров киянду чи макоме доранд. Ба фикрам бо гирифтани фикру андешахои носолими онхо Шумо сахифахои пуробу ранги хабаргазориатонро камранг мекунед. Ин ду нафар хатто дар оилаи худ он кадар обруе надоранд, ки дар микёси чумхури дошта бошанд.
Ин ду пешвои сиёсиро ба холи худашон монеду бо хондани фикри онхо вакти кормандон ва хонандагони Озодагонро бехуда харч накунед! Инхо харду хоки пойи Зайд нестанд

Илтимос акси Зайд Саидовро аз миёни ин ду нафар бигиред!

Нозим
Аз ин ду магар метавон чизи хубро интизор шуд? Шумо харду магар саводе доред, ки акилонро бесавод мегуед?

Озодагон, илтимос аз гирифтани хар гуна назар аз ин ду качбин худдори намоед ва инхо кучою сиёсат кучо.

Саидҷаъфар ИСМОНОВ, раиси Ҳизби демократ: Шумо мегуед, ки аз дасти ин вакилон хеч чиз наомад? Он коре ки вакилон карданд дар ин парванда ягон вакили дигар карда наметавонист ва ин вакилон мисли Шумо фурухта нашудаанд. Бо хукумат компромис карда номзадии худатонро мондед, мехостед ки вакилон хам хамин гуна компрамис кунанд? То диная дар маъракахои Саидов Зайд мегаштед ва нону намаки уро хурда мегашти

Ismonov donocha
Нозим,

Shumo yak nafarone hasted ki qayr az khok zadan hichi nametonen nomusaton gumshudat uzur agar sakht rasad chi khizmat kaden shumo khudatonda savol tiyed basavodo , fakat khokzani ton peshi ruta miyoyad

manitorin
Маълум аст, ки Исмонуф С гумоштаи макомот ва нишондоди хукуматдоронро дар ин казия баён карда адолатро тахриф намуда умедвори мансабаке аст. Хичолат каш бародар! Фикроният пурра хато ва зидди милли мебошад.

Баха
Акалан 1 фоиз овоз мегирифт баъд гап мезад. иСМОНОВ,

Самарқанду Бухоро
Исмонов чунон гап мезанад, ки гуиё худ аз руи Қуръон гап мезада бошад.

Донишцу
Бародар Исмонов чи савсата гуфтаистодаи??наход аз ин мард дар бораи бародар Зайд пурсед, о инхо мацбуршон кунан сафедро сиёх мегуянд!!пеши Зоиров,Кабири ва Акбари Турацон равед.

ин харду ба чузъ лаганбардор дигар чизе нестанд...

Хусниддин
Саидчафъар хуб мешуд тамоман аз майдон дур шуда аз ёдхо мерафти. Охир аз руи кадом модда ба у 5 сол медоданд.Баъдан усули пешниходнамудаи Шуморо чомеаи маданни кабул надорад. Мардуме, ки зиндагии шоиста мехоханд, ба "сделка"-хои зикрнамудаи Шумо намераванд

зариф
Охи хами С.Исмовро Зай Саид барои раис шуданаш пул дода буд-ку.

Доно
Аслан дод аз дасти ин гуна демократхо. Ба ин мардак писари худаш овоз надоду боз раис гуфта гаштаст худаша. Факат маслихат ки дига ин хели гап назан, Чи лозим сир кушодан. Аз ду сар Озодагон ира чоп намекунад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)