Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 01:14

Монеагузорӣ барои вуруди 2 сокини Тоҷикистон ба Миср

30 декабр 2013, 11:56

Маъмурони амниятии Фурудгоҳи байналмилалии Қоҳира, пойтахти Миср, ба ду шаҳрванди Тоҷикистон иҷоза надодаанд, ки вориди қаламрави ин кишвар шаванд.

Тибқи иттилои расонаҳои арабзабон, ин шаҳрвандони Тоҷикистон рӯзи 29 декабр дубора ба Баҳрайн, ки аз ин кишвар ба Қоҳира парвоз кардаанд, фиристода шудаанд. Расонаҳои хабарии Миср далели манъи вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон ба қаламрави ин кишварро вуҷуд доштани нуқсон дар ҳуҷҷати эшон арзёбӣ кардаанд.

Ба иттилои раоснаҳо, атбои Тоҷикистон бидуни мувофиқаи Хадамоти амниятии Миср ба ин кишвар парвоз намудаанд. Масъулини Хадамоти амниятии фурудгоҳи Қоҳира мегӯянд, онҳо дар баробари ду шаҳрванди Тоҷикистон, 4 табааи кишварҳои дигарро низ бо ин далел бозпас фиристодаанд. Дар бораи ному насаби ин шаҳрвандони Тоҷикистон чизе дар расонаҳо гуфта нашудааст.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!