Бахшҳо

Шарти Шавкат Абдулхайров ба вакилони Зайд Саидов

Шавкат Абдулхайров, додраси Додгоҳи Олӣ, ки ахиран соҳибкор Зайд Саидовро ба 26 соли зиндон маҳкум кард, ба вакилони дифои маҳкумшуда шарт гузоштааст, ки танҳо дар сурати ифшо накардани ҷузъиёти ҳукм матни пурраи онро ба вакилон дастрас хоҳад кард.

Шӯҳрат Қудратов, яке аз вакилони дифои Зайд Саидов аз он шикоят дорад, раисикунандаи парвандаи зерҳимояаш Шавкат Абдулхайров дар муҳлати муайяннамудаи қонунгузорӣ матни ҳукми зерҳимояашонро ба онҳо надодааст.

Қудратов дар сӯҳбат ба “Озодагон” гуфт, ки имрӯз, 30-юми декабр, тибқи қарори қаблӣ додрас бояд ҳукми додгоҳиро ба вакилони дифои Зайд Саидов дастрас мекард: “Аммо вақте назди Шавкат Абдулхайров рафтем, ӯ ба мо як санадеро пешниҳод кард ва гуфт, ки бояд қабл аз гирифтани ҳукм зери он имзо гузорем. Мо бо он санад шинос шудем, ки он ҷо омадааст, баъди гирифтани ҳукм мо ҳаққи ифшо кардани ҷузъиёти онро надорем. Дар сурати паҳн кардани ҳукми додгоҳӣ мутобиқи моддаи 177-и Кодекси ҷиноӣ алайҳи мо парвандаи ҷиноӣ боз хоҳад шуд.”

Ин вакили дифои Зайд Саидов дархости додрас Шавкат Абдулхайров ғайриқонунӣ арзёбӣ кард, зеро ба гуфтаи ӯ тибқи қонунгузорӣ танҳо парванда ва маводи марбут ба он метавонанд махфӣ нигоҳ дошта шавад. Оқои Қудратов мегӯяд, ки баъди баровардани ҳукм қонун ифшои ҷузъиёти онро манъ накардааст: “Ҳоло мо аз болои ин амали Шавкат Абдулхайров ба Додситонии кул шикоят хоҳем бурд. Зеро мо ба ҳеч ваҷҳ зери ин санад имзо нахоҳем кард”.

Ин дар ҳолест, ки имрӯз, 30-юми декабр, дар назар буд, вакилони дифои Зайд Саидов баъди дастрас намудани ҳукми додгоҳ аз болои он шикояти кассатсионӣ мебаранд. Шуҳрат Қудратов таъкид мекунад, ки ин амали додрас Шавкат Абдулхайров бори дигар исбот намуд, ки мурофиаи Зайд Саидов яктарафа сурат гирифта, ҳукм супоришӣ ва сиёсӣ аст.

Додгоҳи Олӣ Зайд Саидовро 25-уми декабр ба 26 соли зиндон бо мусодираи амвол маҳкум кард. Зайд Саидов баъди эълони азмаш барои таъсиси ҳизби “Тоҷикистони нав” моҳи майи соли равон боздошт шуда буд.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Корбар
100% исбот шуд, ки Зайд Саид курбони тухмату бухтон гаштааст.

Судя
Ин хукмро дигарон аз боло супориш доданд, аммо рузе агар касеро барои ин хукми гайриконуни ва золимона гунахкор кунанд, хатман хамин судяеро гунахкор мекунанд, ки хукмро баровардааст ва сиёсатмадори болоие ки ин хукмро супориш додааст, пушти парда худро бегуноз метарошад, вале хатман аз хамон рузе ки ин хукм бароварда шуд, хамаи касоне ки дар баровардани ин хукм даст доштанд охиста охиста дар зиндагияшон бадбахтихо рух медихад, зеро ин хукм гайриконуни ва тухмат буд ва золим хатман ба зулме болотар аз худаш гирифтор мешавад.!!!!!!!!!!!!!!!!!!!1

Рахмдил
Ба рости ин суди оли косаи сабрамро лабрез кардааст.

Дар точикистон рузнома ва сайтхои электронии озод зиеданд яке лаганбардории давлатро мекунад дигарон давлатдоронро танкид мекунад. Ва ин чизи мааъмулист. Аммо мисли озодагон риекору бад кирдор, тъамчую паст фитрат шояд кам дар кам пайдо намоед. Чунин ба назар мерасад ки дар он факат "аз дор гурехтагон" чамъ шудаанд. Фикр намекунам ки шумо ин шармандагии худро ифшо намекунеду дар коментхо чо намекунед ва ин ба дигарон зарур хам нест. Мухим он аст ки ин хакикат то магзу устухонхои пусидаи шумо таъсир мекунад.

Рахмдил
Рахгузар аз телвизионхои давлит безор шудем охир факат дар бораи Ч ОЛИ дигар хабар нес имруз инро кушод вайро кушод, ба хочаги дехкони фалон ба рафт як бор хакикатро намегун ки як тамошо кунем. ба гайр аз ком навистан дигар корE нест мегуянд ку АЗ БЕКОРИ КАДУ КОРИ

эй рохгузар ба рохат гузаштан гир туро чи кор ба озодагон мо ба гайр аз ин чо дарди дилро ба ки гуем....

Dev
Рахгузар,
In guna harfhoi pojdarhavoro har kas metavonad ba surogai hamai VAO navisad, vale charo pastfitratu rijokoru badkirdor? Dalel ku ? ba kadom hotir ? Badkirdoru pastfitrat on nihodhoe,ki hukuki tojikro dar hudi Tojikistonash pojmol mekunad.Janobi Abulhajrov badkirdor nest ? Ohir hukmi barovardai u az rui konun ne az rui hohishi hojaash shud, pas konunu konstitutsiya futbol nashud !?

Фалак
Наход ин судчву судячао фикр кунанд, ки як умр ҳоким мемонанд?
Ҳофиз шашсад сол пеш гуфта буд: Доимо яксон намонад ҳоли даврон, ғам махур.
Дар ҳақиқат қарори суд махфӣ шуда наметавонад. Ин судя ё қонунро тамоман намедонад. Наглигарӣ ба ин сатҳ бори аввал мебинем.

ODAMKHUDO
KHATO NAKUNAM CHAND RUZAKE NASHUDAAST AZ SAVGAND KHURDANHOVU DAST RUI SARKONUN MONDANHO,AMMO HOLO HUKUKPOIMOLKUNIBU LAGADKUBIHO.AJAB TAZODHO DORAD ZINDAGI!!!

Мумкин ки дар ин хукм мухлаташро камтар кардабошанд

Маъмур
Аз ин Шавкат Абдулхайров Истаравшанихо безор аст, махз хаминхел инсонхо обуруи хамшахрихои худро резонида истодааст, ки аз ин баъд Истаравшанихо сари худро боло карда наметавонанд.

Moallim
Ozodgon ba in yovaho etino nakuned .faqatt bapesh.....

Дар моддаи 350 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр шудааст, ки "На дертар аз панҷ шабонарӯз баъд аз эълони ҳукми суд нусхаи он бояд ба маҳкумшуда ё сафедшуда супурда шавад. Дар ҳамин мӯҳлат нусхаи ҳукм ба ҳимоятгар, ҷабрдида, даъвогари гражданӣ, ҷавобгари гражданӣ ва намояндагони онҳо бо дархости шахсони зикргардида супурда мешавад."
Дар ягон моддаи Кодекси мазкур навишта нашудааст, ки бо ин ё он шарт нусхаи ҳукм ба шахсони дахлдор супорида мешавад. Барои ҳамин, мӯҳтарам судя қонунро як бори дигар хонед.

Рахгузар,Ин Рохгузари одди нест, ин касе хаст ки ба магзи устухонаш таъсир кардааст обооооо.

Сорбон аз Ласвегас
Салом озодагон!
Шумо расо балоед. Бечора хамин судяро дар як шакле намоиш додаед ки аз шарма сараша бардошта наметавонад. Маълум аст ки русиёх шудай. Ин холо чизе не шояд русиёхиёи мушкилтар уро дар пеш бошад бо ин хукми "фармоиши".

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)