Бахшҳо
30 дек 2013 17:36Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Ҳалокати "Ҷумъаҷони Намангонӣ" дар роҳ ба Шаҳритус

Зайнулобуддин Меъроҷов, сокини ноҳияи Шаҳритус ва собиқ маҳбуси Гуантанамо, ки дар он ҷо бештар бо номи "Ҷумъаҷони Намангонӣ" маъруф будааст, баъди ихроҷаш аз Русия дар роҳ ба хона ба садама дучор гардида, вафот кардааст.

Ба иттилои наздикони номбурда, оқои Меъроҷов давоми як соли охир дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия қарор дошта, чанде пеш ба далели нақзи қонунҳои будубош аз тарафи мақомоти ин кишвар ба Тоҷикистон депорт шудааст. Ба иттилои манбаъ, Меъроҷов дар ҳоле ба садама дучор шуд, ки ба самти ноҳияи Шаҳритус ба дидори наздикон ва духтари навзодаш шитоб мекард.

Зайнулобуддин Меъроҷов соли 2003 аз тарафи низомиёни НАТО боздошт ва бо ҳамроҳии 12 нафар тоҷики дигар ба Гуантанамо интиқол дода мешавад. Оқои Меъроҷовро аз маҳбаси Гуантанамо соли 2008 озод мекунанд. Гуфта мешавад, ки низомиёни НАТО оқои Меъроҷевро ҳангоми кор, яъне рондани таксӣ боздошт ва бо иттиҳоми ҳамдастӣ бо Толибон равонаи Гуантанамо мекунанд.

Ба иттилои қаблии мақомоти расмии Тоҷикистон дар ин зиндони маъруфи давраи ҳукуматдории Ҷорҷ Буш 11 тан аз атбои тоҷик нигаҳдорӣ мешуданд, ки ҳар кадоме ба сабабҳои мухталиф дар Афғонистон ба сар мебурданду дар он ҷо боздошт шудаанд. Аз ин теъдод даҳ нафари онҳо озод гардида ба Тоҷикистон омадаанд. Аммо танҳо як шаҳрванди Тоҷикистон бо номи Умар Абдуллоев, ки исми аслияш Муҳаммадӣ будааст, дар Гуантанамо боқӣ мондааст. Абдуллоев тавассути вакили мудофеаш аз бозгашт ба Тоҷикистон худдорӣ карда, интизори интиқол ба кишвари севум мебошад. Вай гуфтааст, дар сурати бозгашт ба Ватан ӯро шиканҷа ва зиндони тӯлонимуддат мунтазир аст.

Зайнулобиддин Меъроҷов, ки дар ҷамоати “Сайёд”-и ноҳияи Шаҳритус ба сар мебурд, тӯли тақрибан ҳафт сол бо исми “Ҷумъаҷони Намангонӣ” дар зиндони Гуантанмо зистааст. Вай дар сӯҳбатҳои қаблияш гуфта буда, ки се бор бо намояндагони амниятии Тоҷикистон дидор ва гуфтугӯ кардааст. Меъроҷовро моҳи октябри соли 2008, баъд аз он ки бегуноҳияш собит шуд, ба Тоҷикистон оварданд. Ӯро 35 рӯз дар Кумитаи амнияти миллӣ нигаҳдорӣ карда, пас аз бозпурсӣ раҳо намуданд.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)