Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 02:52

Баҳси буҷа ва қатли муҳоҷири тоҷик дар маҷлиси ҳукумати Тоҷикистон

30 декабр 2013, 18:26

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ба роҳбарони сохторҳои масъул дастур додааст, то ба наздикону пайвандони ду шаҳрванди кишвар, ки бар асари таркиш дар шаҳри Волгогради Русия яке ҳалок ва дигарӣ сахт маҷруҳ шудааст, дасти кумак дароз намоянд. Оқои Раҳмон дар ин бора зимни маҷлиси навбатии ҳукумати кишвар, ки 30 декабр баргузор гардид ва нишасти охирин дар соли 2013 мебошад, таъкид доштааст.

29 декабр дар пайи таркиш дар вокзали роҳи оҳани Волгоград, Тошпӯлод Назарови 54-сола фавтида ва Раҳмоналӣ Ғозиеви 42-сола ҷароҳат бардоштааст, ки ҳоло дар шӯъбаи эҳёгарӣ қарор дорад. Бино ба иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин, таъкид намудааст, ки ҷараёни тафтишоти қазияи куштори ваҳшиёнаи шаҳрванди дигари Тоҷикистон - Шоҳҷон Раҳматшоев, ки рӯзи 26 декабр дар Маскав рух дод, мавриди таваҷҷуҳи пайваста қарор дода шавад.

Раҳматшоеви 32 сола дар минтақаи ҷанубу ғарби шаҳри Маскав ба таври ваҳшиёна кушта шуд. Дар ин робита Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон унвонии сафорати Русия дар Душанбе нотаи эътирозӣ фиристод.

Дар маҷлиси рӯзи 30 декабри ҳукумати Тоҷикистон, инчунин, барномаи кори ҳукумат барои нимсолаи аввали соли 2014 ва нақшаи баргузории машваратҳои илмӣ ва илмию техникӣ, конфронсҳо, симпозиумҳо, анҷуманҳо ва семинарҳо дар ҷумҳурӣ дар соли оянда тасдиқ гардидааст. Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласа қарори ҳукумат оид ба тадбирҳои иҷрои қонун “Дар бораи буҷаи давлатии Тоҷикистон барои соли 2014” қабул шудааст.

"Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ” ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ пешниҳод гардид. Фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таҳияи лоиҳаи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2017 қабул шуд. Тибқи он Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор мешавад, ки то 20 сентябри соли 2014 лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015” ва Дурнамои нишондиҳандаҳои Буҷети давлатиро барои солҳои 2016 ва 2017 таҳия намуда, ба Ҳукумати кишвар пешниҳод намояд",-менависад сомонаи расмии президент.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Додгар

  • 30 декабр 2013 18:50
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
мақсад аз "дастгирии давлатии соҳибкорӣ" ҳамон дастгир кардан бошад чун намунаи муваффақтарини соҳибкорӣ Зайд Саидов буд "дастгир" шуд ҳоло ҳукумат лоиҳаи қонун дар бораи "дастгирии" соҳибкорӣ ё соҳибкоронро ба Маҷлис пешниҳод кардаст !!!!!!!!
аҷаб ҳукумате !!! боз ҷаласаву қарору қонун мебароранд
қонун чи даркор ҳарчи хоҳед ҳамон мешавад
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Акаи Озодагон да чаласаи хукумати нагуфта,ки ба у точике ки сарша чанд рузи пеш мисли сари гов буридан кумак мекарда бошан?!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ачиб? Э. Рахмон дастур дод! Дар ТЧ будагиера аввал кумак кнен бад фикри берунира!
Посух додан
  • Яъкуб.

  • 30 декабр 2013 23:26
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин хукуматдорон бояд шарм доранд барои номи сохибкор..Хазорхо сохибкорони худиву бегонаи ин хукумат панчох дар сади хидматхои З.Саидовро анчом дода наметавонад........наметонанд.........намекунанд.
......
Посух додан
  • лола

  • 31 декабр 2013 10:46
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
яъкуб. патхалими накун
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Буча, факат гапи холи, и кай халки Точик, як нафасша рост мекада боша.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!