Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 03:22

Беш аз 2 миллиард евро пули нафт – иттиҳоми аслии Бобак Занҷонӣ (ВИДЕО)

31 декабр 2013, 11:06

Сухангӯи Кумисюни асли навади маҷлиси Эрон иттиҳоми асосии Бобак Занҷонӣ, тоҷири маъруфи ин кишварро, баргардондани 2 миллиарду 60 миллион евро пули фурӯши нафт донистааст.

Мустафо Афзалифард дар сӯҳбат бо хабаргузории “Форс” гуфтааст, дар ин робита шанбеи оянда ҷаласаи якҷояи масъулони Бонки марказӣ ва Додситонии кулли Эрон баргузор хоҳад шуд. Ба қавли ӯ, дар ин ҷаласа таъкид хоҳад шуд, иттилоърасонӣ ба мардум шаффофу дақиқ сурат бигирад, то мардум гумон накунанд, ки афроде пушти ин парванда ҳастанд.

Мустафо Афзалифард дар идома гуфтааст, баҳси беш аз ду миллиард евро пул, ки ҳоло боиси боздошти Занҷонӣ шуд, марбут ба Вазорати нафт ва миллати Эрон аст ва шахси ҳақиқӣ набояд онро дар ҳисоби худ дошта бошад ва аз он барои сармоягузорӣ истифода кунад. Сухангӯи Кумисюни асли навади маҷлиси Эрон дар посух ба ин суол ки гуфта мешавад Бобак Занҷонӣ дар давр задани таҳримҳо ва интиқоли пули нафт таъсиргузор будааст, гуфт, “ба ин ки эшон то чи андоза тавонистааст таҳримҳоро давр бизанад, коре надорам ва то ин ҳадде ки мегӯяндро қабул ҳам надорам. Намегӯям, ки дар ин хусус нақше надоштааст, аммо агар таҳримҳоро давр зада буд, асароти он маҳсус аст.”

Вай илова кардааст, “далел намешавад фарде муддати зиёд байтулмоли кишварро дар ихтиёр дошта бошад ва бар асоси мустанадоте, ки эълом мекунанд, аз он барои сармоягузорӣ ва ё эҷоди ронт истифода кунад.” “Агар Бобак Занҷонӣ дар хусуси давр задани таҳримҳо ҳам коре анҷом додааст, ҳатман дар парвандаи эшон таъсиргузор хоҳад буд, аммо хадамоти эшон далел бар ин намешавад аз амволи умумӣ истифода кунад”,-таъкид доштааст Мустафо Афзалифард.

Боздошти Бобак Занҷонӣ ва интиқолаш ба зиндони Эвин

Бобак Занҷонӣ, миллиардери эронӣ, ки “дӯст”-и бархе аз мақомдорони тоҷик низ дониста мешавад, асри 30 декабр дар Эрон боздошт ва баъдан ба зиндони Эвини ин кишвар интиқол ёфтааст. Дар ин бора масъулони Додситонии кулли Эрон хабар дода буданд. Занҷонӣ миллардери эронист, ки ба қавли худаш дорои беш аз 70 ширкат, аз ҷумла “Аввалин бонки сармоягузори исломӣ” дар Малайзия, саҳмдори ширкати ҳавопаймоии “Анур” дар Туркия ва “КонтБонк” дар Тоҷикистон, мебошад.

Бобак Занҷонӣ қаблан дар як сӯҳбаташ гуфта буд, “ҳамакнун дар Эрон ва дигар кишварҳои дунё бо 17 ҳазор нафар машғули ироаи тиҷорат ва хадамот ҳастем”. Аммо ахиран як гуруҳ аз намонядагони парлумони Эрон дар номае хостори баррасии парвандаи иттиҳом ба фасоди молии Занҷонӣ шуданд. Саид Ҳайдарӣ, як вакили парлумони Эрон, миллиардери кишварашро ба сохтакорӣ муттаҳам карда, гуфта буд, иддаои ӯ дар мавриди пардохти қарзаш аз Теҳрон тавассути Бонки миллии Тоҷикистон дурӯғ мебошад.

Ҳайдарӣ гуфт, санаде, ки Бобак Занҷонӣ дар мавриди пардохти қарзи худ аз Вазорати нафт ба Кумиссиюн ироа кардааст, ҷаълӣ ё қалбакист. Ба қавли ӯ, баъд аз пайгирии парлумон ва мақомоти зирабти эронӣ, ин гувоҳномае, ки гӯиё аз Бонки миллии Тоҷикистон содир шудааст, сохта мебошад. Ин намояндаи мардумии Эрон гуфт, парвандаи Занҷонӣ ҳатман аз сӯи парлумони ин кишвар ба баррасӣ гирифта мешавад.



Ин дар ҳолест, ки моҳи апрели соли равон Вазорати молияи Амрико Бобак Занҷониро дар «пулшӯӣ» ё қонунӣ гардондани маблағҳое ки аз фурӯши нафти Эрон ба даст меоянд, муттаҳам карда, нисбат ба ширкатҳои ӯ таҳримҳои иқтисодӣ ҷорӣ карда буд. Номи Бобак Занҷонӣ, миллиардери эронӣ замоне дар Тоҷикистон маъруф ва сархати расонаҳои хабарии кишвар қарор гирифт, ки сармояҳои ӯ вориди Душанбе шуд. Дар Тоҷикистон ҳоло ду тарҳ, ширкати “Осиё Экспресс”, соҳиби нави автовокзали пойтахт ва бонки «Kont Investment Bank», ки қароргоҳаш дар Душанбе мебошад, ба Занҷонӣ марбут дониста мешаванд.

Ахиран, парлумони Тоҷикистон низ бо ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни буҷа барои соли 2013 ширкати “Контгруп Тоҷикистон”-ро, ки зери тамғаи “Осиё Экспресс” фаъолият мекунад, аз пардохти 7 миллион сомонӣ озод кард. Қаблан низ парлумон ба ин ширкат сабукиҳоро ироа намуда буд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Студент

  • 31 декабр 2013 11:52
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин чи хел давлатдорист, ки факат бо дузду хилагарон хамкори мекунад?
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дар Эрон, бисьер мушкил, ба нисбати порагириву ва порадихи.
Посух додан
  • сохиб

  • 31 декабр 2013 14:04
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин давлатдорони мо худашон хаминхел одам мебошанд. < Кабутар бо кабутар, Зог бо зог> мешинад гуфтаанд дар урфият.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Студент ва Сохиб,

Давлатдорони мо мардуми хом нестанд. Аввал ин дузду хиллагарора хуб пешбиё карда, ба сармоягузори чалб мекунанду ба вакти фаро расидани хиёнаташон онхоро зуд дастгир ва хасб мекунанд. Дигар Шумо ва дустонатон сохибкори муваффак гуфта, уф гуфта, сомона ба сомона мегардед.
Посух додан
  • Ватандор

  • 1 январ 2014 12:21
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
як пурсиши снфи яки!
чаро бобак зиндони шава хуб аст?
чаро зайд зиндони шавад бад аст?
ФАРКАШОН БО ҲАМДИГАР ДАР ЧИ БОШАД? онтавре, ки медонам ҳардуи инҳо тоҷироне ҳастанд ки барои мардуми кишварашон хадамоте доранд, ҳоло якҷо ҳоким ва ҳамроҳи пешинаш кидал! ва яке ҳоким ва ҳамроҳи пешинашро кидал!
Гуфта мешавад занчони худ ба фармони ҳукумати эрон вориди бозии таҳрим шуда буд ва таҳримҳоро давр мезад(бо хариди нефти ирон ҳамчун як ширкати озоди байналмилалӣ, онро ба гарбиҳо фурухта пули эронро медодааст, вале дар як даврааш, вакте сирри у ба дасти мухолифони давлати аҳмадинажод ошкор мешавад, аз тарафи гарб таҳримҳо болои у чори шуд ва хисоби бонкие, ки пули нефт ончо(дар хорича) будааст, баста шуд ва иншуд ки баъди чанде давлати эрон дигар шуд ва ин давлат ки равиши дигаре дар бораи робита бо гарб дорад, аз суди оли хост то бобак ва онки дар ингуна корҳо даст доштаастро дасгир намояд. Ҳакикатан агар нигоҳи беруни кунем, бобак дар роҳи фуруши нефти эрон милёрдҳо даромад касб кард, вале хубиаш ин буд, ки нефтро фурухт ва фоида ба давлати эрон овард, ҳамчун даҳҳо соҳибкоре, ки зайдҳам яке аз онҳост, кор мекунад ва сохут соз мекунад худашҳам мехурад, мгар ин чурм аст?! БАЛЕ ДАР ТОЧИКИСТОН АЗ НАЗАРИ ДАВЛАТ ЧУРМ АЗ НАЗАРИ ВАОи Тоҷикистон ЧУРМ НЕСТ вале дар эрон аз назари ВАО чурм ва аз назари давлати собикашон чурм набуд, ҳоло аз назари ВАО ва Давлат ҳам ҷумр шудааст!
Посух додан
  • фард

  • 2 январ 2014 15:11
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Албатта дар Эрон адолати суди хеле зиёд аст. Дар Эрон говсуд наметавонанд касеро кунанд, зеро хам аз ин дунё аз миллати худ ва хам аз он дунё метарсанд. Бовар кунед Занчони агар бегунох бошад бегунош мебуроранд агар хар гунохе карда юошад онро бо чандин санаду шохид ба хамаи мардум мерасонанд. Бовар кунед ба ин милиардери эрони хеч гох айби тачовуз ба номусро бор намекунанд онро нарг барои милати худ медонанд.
Додрас ва довари кардан кори осон нест. Агар осон буд Имоми Аъзам хатто аз хулафои даври худ кори казоват ва довариро напазируфт.
Марде ба ин бузурги аз кори додраси ва довари метарсид.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!