Бахшҳо

Раҳмон дар паёми солинавӣ аз интихобот, соҳибкорон ва таътили хонандаҳо гуфт

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар як паёми телевизионӣ тамоми ҳамватанонро бо соли нави мелодӣ табрик кард.

Ин паём чанд лаҳза пештар аз расидани соли 2014 намоиш дода шуд ва Эмомалӣ Раҳмон аз соли сипаришуда ба унвони соли “вусъати бесобиқаи корҳои ободониву созанда ва иқдому ташаббусҳои ватандӯстона” ёд кард. Ӯ ҳамчунин гуфт, “соли сипаришаванда дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии кишварамон бо баргузории интихоботи президенти мамлакат хотирмон аст”, зеро ба қавли раҳбари давлат “ин чорабинии муҳим боз як нишонаи фарҳанги баланди сиёсии мардуми Тоҷикистон, рамзи таҳкими суботу оромӣ, ваҳдати миллӣ ва болоравии эҳсоси ватандӯстиву худшиносии сокинони мамлакат гардид”.

Дар идомаи паём Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки дар марҳалаи кунунии рушди миллӣ фароҳам овардани шароит барои таъмини зиндагии шоиста ба ҳар як шаҳрванди кишвар ҳадафи асосии давлат ва ҳукумати кишвар мебошад ва “барои расидан ба ин ҳадаф мо тамоми захираву имкониятҳои мавҷударо сафарбар кардаем”.

“Мо ҳамаи саъю талоши худро ба он равона месозем, ки дар соли 2014 низ тамоюли рушди иқтисоди миллӣ таъмин карда шуда, масъалаи таъмини уҳдадориҳои давлат оид ба ҳифзи иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ҳамчун вазифаи аввалиндараҷа иҷро карда шавад. Илова бар ин, дастгирии соҳибкории хурду миёна, дар навбати аввал соҳибкории истеҳсолӣ ва ташаббусҳои созандаи соҳибкорон ҳамчун самти муҳими ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ идома дода мешавад. Итминон дорам, ки дар ин раванд соҳибкорони бонангу номуси мо дар самти ташкили корхонаҳои нав, таъсиси ҷойҳои кории иловагӣ ва таҳкими имкониятҳои иқтисодии мамлакат иқдомоти ватандӯстона хоҳанд кард”,-афзуд раисиҷумҳур.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба он ишора кард, ки аз оғози соли нави мелодӣ хонандаҳои муассисаҳои таҳсилоти умумии миёна ба таътили якмоҳа мебароянд: “Ман ба кулли падару модарони арҷманд муроҷиат менамоям, ки дар ин давра ба масъалаи истироҳату фароғат, инчунин тарбияву худомӯзии фарзандони худ эътибори ҷиддӣ зоҳир намоянд. Шогирдони синфҳои болоӣ - хатмкунандагон ин фурсатро бояд барои омодагӣ ба имтиҳоноти дохилшавӣ ба мактабҳои олӣ, ки имсол бо тартиби нав доир мегардад, истифода кунанд”.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Душанбе
Сохибкорони бонангу номус, биёед, миллионхоятонро биёред ба Точикистон! Ба хусус сохибкорони кухистони аз Россия сармояхоятонро ба Ватан биёред ва Ватанро обод кунед. Мисли Зайд Саидов муваффак мешавед.

ВАЛИ.
Баромади Леонид Ильич БРЕЖНЕВ ШУД.

Чигуна соҳибкорон бади зиндони шyдани Зайд Саидов ки сармояашро барои ободкории шаҳри Душанбе масраф кард ва марказро зеботар гардонд вале дар бадал зиндони шyд дигар сармоядорон бовар кунанк ки бади сармоягузори дар кишвар маҳфyз мебошад? Булхyсyс он сармоягузорон ки падарy модараш Тоҷики асил бошанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)