Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 13:32

Куштори як тоҷики мевафурӯш дар рӯзи таҷлили Соли Нав

3 январ 2014, 09:05

Мақомоти пулиси Русия аз куштори як муҳоҷири тоҷик хабар доданд, ки рӯзи таҷлили Соли Нав дар дӯкони мевафурӯшияш паронда шудааст.

Тибқи иттилоияе, ки Кумитаи тафтишотии Русия паҳн кардааст, аз ин куштор мақомоти пулис соати 19:00-и рӯзи 2-юми январ огоҳ ёфта, фавран ба ҷои ҳодиса муфаттишонро равон кардааст. Ба иттилои манбаъ ин муҳоҷири 29-солаи тоҷик дар кӯчаи Токмакови Чита машғули мевафурӯшӣ будааст: “Қотилон вориди дӯкон шуда, ба бадани ин муҳоҷири тоҷик, аз ҷумла ба сараш тир холӣ кардаанд. Дар натиҷа ӯ дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Мақомоти тафтишотии Русия мегӯянд, айни ҳол аз рӯи ин ҳодисаи куштор парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишоти он идома дорад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Мухсин

  • 3 январ 2014 13:32
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
наход ки халки Точики мо инкадар бекадр шуда бошад ки хар руз яке аз онхоро кушта ба ватан бармегардонда бошанд ин чи мусибат бошад Худой бар сари ин мардуми бечора рахми худатро кун ки дигар ягон кас ба доди инхо намерасад.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
шом ба хайр

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!