Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 06:04

Тоҷикон боз мавриди тафтишу таъқиби пулиси Маскав ?

8 август 2011, 05:55

Сергей Собянин, шаҳрдори Маскав дар як ҷаласаи прокуратураи шаҳр аз кормандони умури интизомӣ тақозо кард, то бо раванди муҳоҷирати ғайриқонунӣ муборизаро боз ҳам шадидтар намоянд.


Бино ба гуфтаи Сергей Собянин, шаҳрдори Маскав беш аз 80 дарсади муҳоҷирон дар Маскав аз қайди расмии будубош нагузошта, фаъолияти ғайриқонунии корӣ анҷом медиҳанд.
Сергей Собянин аз ҷумла гуфт, ба назар чунин мерасад, ки тамоми муҳоҷирин дар шаҳр расман ба қайд гирифта шудаанд ва аммо ҳастанд теъдоде, ки ҳамчун сайёҳ дар шаҳр гаштугузор мекунанд  ва аслан онҳо муҳоҷирини корӣ мебошанд.
Ба гуфтаи Сергей Собянин чунин раванд ба буҷаи шаҳру кишвар хисороти зиёде ворид карда, вазъи ҷиноиро боз ҳам бадтар мекардааст. «Ба пиндори ман муҳоҷират яке аз самтҳои асосиест, ки прокуратура, хадамоти муҳоҷират ва масъулини шаҳрдорӣ  бояд ба он ҷиддитар муносибат намоянд»,- гуфт мири Маскав.

Дар ҳамин ҳол коршиносон ин лаҳни тунди Сергей Собянин, мири Маскавро идомаи мантиқии изҳороти Борис Гризлов, раиси порлумони Русия дар қиболи мухоҷирини тоҷик медонанд. Тоҷиддин Каримов, як муҳоҷири  точик, ки 10 соли ахир дар Маскав ба сар мебарад ва дар ин ҷо ширкати сохтмонии худро таъсис додааст, мегўяд, агарчанде Сергей Собянин махсус ин суханҳоро барои тоҷикон изҳор накарда бошад ҳам, маълум аст, ки аввалан тоҷикон мавриди таъқибу озори пулиси Маскав қарор хоҳанд гирифт. Аз ин ба баъд агар муносиботи сарони Тоҷикистону Русия некўтар нашавад, аҳволи муҳоҷирини тоҷик хеле вазнин шуданаш аз эҳтимол дур нест.{jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!