Бахшҳо

АКС: Баъд аз боздошти Занҷонӣ... Автобусҳои Asian Express куҷо шуданд?

Нилуфари КАРИМ

Баъд аз боздошти Бобак Занҷонӣ, миллиардери эронӣ, ширкатҳои марбут ба ӯ дар Тоҷикистон, аз ҷумла Asian Express, зоҳиран бо мушкил рӯбарӯ шудаанд. Ахиран мусофирбарҳои ин ширкат, ки барои интиқоли сокинон аз Душанбе ба навоҳии кишвар ва ё баръакс машғул буданд, кор намекунанд.

Баъзе аз манобеъ мегӯянд, ба далели қарздор шудани ширкати Осиё Экспресс, ки моликаш миллиардер Бобак Занҷонист, аз нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ ва идораи барқу об автобусҳояш аз кор мондаанд. Вақте мо низ ба терминали Осиё Экспресс, ки дар ҷои “Автовокзал”-и кӯҳнаи Душанбе бунёд ёфтааст, рафтем, мусофирбарҳои зиёдеро, ки ҳангоми муаррифии он буданд, надидем. Дар назди хазинаи ширкат низ касе чипта ё билет намефурӯхт ва мисли рӯзҳои аввал касе ҳам ҳангоми вуруд сокинонро тафтиш намекард. Ҳатто мониторҳо низ аз кор монда буданд.

АКС: Баъд аз боздошти Занҷонӣ... Автобусҳои Asian Express куҷо шуданд?Аз чанд тоҷир ва роҳрӯбҳои ин истгоҳ пурсидем, ба кадом хотир терминал аз кор мондааст? Яке аз онҳо ба далели ифшо нашудани номаш гуфт, “ширкат гӯиё аз кадом база қарздор будаасту барои ҳамин автобусҳо ба ягон ҷо намераванд. Мегӯянд, асосан аз ҳисоби сӯзишворӣ қарздор шудаанд. То соли нав муҳлат доштанд, ки қарзашонро пардохт кунанд. Ба фикрам, пардохт накарданд, ки то ҳол ба кор оғоз нанамудаанд.” Аммо дар сӯҳбат бо мо яке аз масъулони терминали Asian Express қарздории ширкатро рад карда, гуфт, ҳамаи автобсуҳо дар “таксибаз”-и маҳаллаи Лучоби шаҳри Душанбе қарор доранд. Барои дақиқ кардани ин иттилоъ мо ба маҳаллаи навободи Лучоб рафтем ва дар он ҷо 30 автобус ва 2 таксии ширкати Asian Еxpress-ро дидем.

Рақси Бобак Занҷонӣ дар Норак дар пайи ба кор оғоз кардани Asian Express:



Далер Мерганов, котиби матбуотии гурӯҳи “Конт”, ки онро ҳам ба Бобак Занҷонӣ марбут медонанд, гуфт, автобусҳо танҳо ба хотири анҷоми корҳои муоинаи техникӣ, иваз кардани чархҳо ва мутобиқ кардан ба фасли зимистон муваққатан кор намекунанд. “Чанде пештар дар сохтори холдинги мо навгонӣ шуд. Мо як зерсохторе ташкил кардем, бо номи Asian Еxpress Transport. Мувофиқи қонунгузорӣ терминали пешина ҳуқуқи мусофиринтиқолдиҳӣ надошт. Бо назардошти ҳамин, мо як зерсохтори нав ташкил кардем. Аз ин ба баъд таксию автобусҳо бе восита дар ихтиёри Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди Осиё Экспрес Транспорт мешавад. Алакай ширкат корхонаи таксаматории №1 дар маҳаллаи ВДХ-ро ба иҷора гирифтаем ва автобусу таксиҳо ҳамаашон дар онҷоянд”,-таъкид кард ӯ.

Оқои Мерганов дар идома сару садо дар мавриди қарздор будан ва аз фаъолият пурра боз мондани ширкатро рад намуда афзуд, “ин гапҳо ҳақиқат надорад. Танҳо ба хотири анҷоми корҳои муоинаи техникӣ, барои иваз кардани чархи онҳо ва мутобиқ кардан ба фасли зимистон муваққатан кор намекунанд. Барои таъмири онҳо мутахассисони австриягӣ кор мекунанд. Ҳамчунин масъалаи фурӯхтани билет дар дохили автобус ва системаи бақайдгирӣ роҳандозӣ мешавад. Баъд аз он ки ин корҳо ба итмом расид, автобусҳо аз ҳамин терминал ба кор медароянд. Ба ғайр аз автобусҳо боз 100 таксии наве, ки ба гардиш даромадаанд, ба наздикӣ ба кори худ шуруъ мекунанд.”

Далер Мерганов дар мавриди маоши кормандони Осиё Экспресс, ки гӯиё тайи се моҳи охир дастрас накардаанд, гуфт, “мо ягон хабар надорем. Кадоме, ки ягон шикоят дошта бошад, метавонад ба маъмурият муроҷиат кунад. Чанд нафаре, ки аз кор ҷавоб додем, танҳо ба хотири дер омадан ба кор ва бо муроҷиати мизоҷон аз кор озод кардем. Ба хотири фаъолиятро хуб кардан онҳое, ки аз уҳдаи кор набаромаданд, мувофиқи қонунгузорӣ аз кор озод кардем. Дигар ягон мушкил нест.”

Ин ҳама дар ҳолест, ки ахиран мақомот аз ташкили намояндагии ширкати Осиё Экспресс дар Суғд, шимоли Тоҷикистон, хабар доданд. Ба қавли онҳо, мусофирбарҳои ин ширкат дар ҳоли ҳозир сокинонро аз Хуҷанд ва Исфара ва Бодканд мебарад. Ширкати Осиё Экспресс, ки ҳанӯз моҳи октябри соли 2012 Маҷлиси Намояндагон бахше аз тиҷорати онро аз андоз озод намуда буд, баҳори соли 2013 кори худро дар Тоҷикистон ба роҳ монд. Ин ширкат дар оғози кор 40 адад автобусу сад худрави истеҳсоли Олмонро ба Тоҷикистон ворид карда буд.


ТЕРМИНАЛИ ASIAN EXPRESS:

АКС: Баъд аз боздошти Занҷонӣ... Автобусҳои Asian Express куҷо шуданд?

АКС: Баъд аз боздошти Занҷонӣ... Автобусҳои Asian Express куҷо шуданд?

АКС: Баъд аз боздошти Занҷонӣ... Автобусҳои Asian Express куҷо шуданд?

АКС: Баъд аз боздошти Занҷонӣ... Автобусҳои Asian Express куҷо шуданд?

АКС: Баъд аз боздошти Занҷонӣ... Автобусҳои Asian Express куҷо шуданд?



АВТОБУСҲОИ ASIAN EXPRESS ДАР ЛУЧОБ:

АКС: Баъд аз боздошти Занҷонӣ... Автобусҳои Asian Express куҷо шуданд?

АКС: Баъд аз боздошти Занҷонӣ... Автобусҳои Asian Express куҷо шуданд?

АКС: Баъд аз боздошти Занҷонӣ... Автобусҳои Asian Express куҷо шуданд?

АКС: Баъд аз боздошти Занҷонӣ... Автобусҳои Asian Express куҷо шуданд?
Мӯҳр
Аслиддин
Хай кариб як сол кор кард ширкат бас аст. Мон ед мо камбагало камтар такси занем сум кор кнем .

Аслиддин,Бародари таксист!ту аввал маколаро нагз хон.гап дар бораи чи меравад.Аз баски Точикистон наметавонад хамаи моро ба чои кор таъмин намояд "норозиги баён карда истодаи Медонам ту хам мехохи,ки осуда зиндаги куни ва оилаатро таъмин куни.Лекин дар хотир дор
1) аз пушти ин ширкат хазорон нафар бе чои кор монданд.
2)Точикистон аз боварии дигар давлатхо баромад.
3)моро давлати "кидатчик"ном мебаранд акнун.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)