Бахшҳо
03 янв 2014 10:31Тоҷикистон / Сиёсат

КМИР мегӯяд, барои интихоби депутатҳои нав дер шуд

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон мегӯяд, ба ҷои вакилони Маҷлиси намояндагон, ки ахиран ба далели гирифтани вазифаҳои нав парлумонро тарк карданд, вакилони нав интихоб нахоҳанд шуд.

Абдуманон Додоев, раиси дастгоҳи КМИР мегӯяд, аз сабаби он, ки ваколати вакилони вазифагирифта дер қатъ гардид барои баргузор намудани интихоботи миёнадаврӣ дер шуд: “Махфират Хидирова, ки раиси Кумитаи занон таъин гардид, аз рӯйхати ҳизбии ҲХДТ буд ва азбаски ин рӯйхат тамом шуд, ба ҷои ӯ вакили нав таъин нахоҳад шуд. Ба ҷои Марҳабо Ҷабборова, вакили собиқ аз ҳавзаи Исмоили Сомонӣ ва Амирбек Маҳмадалиев, вакили собиқ аз ҳавзаи Бохтар низ интихоботи миёнадаврӣ баргузор нахоҳад шуд. Зеро тибқи қонун КМИР бояд қарор дар бораи баргузории интихоботи миёнадавриро ду моҳ пеш аз баргузории он қабул кунад. Аммо аз баски ваколати вакилони феълии Маҷлиси намояндагон 28-уми феврали соли 2015 ба охир мерасад барои интихоби вакилони нав камтар аз як сол мемонад. Тибқи қонун интихоби вакил барои камтар аз як сол мумкин нест.”

Баробари ин Додоев таъкид намуд, ки ба ҷои 9 узви ваколаташон қатъшудаи Маҷлиси Миллӣ интихобот 15-уми феврал баргузор мегардад ва он дар доираи қонун аст: “Интихоботи аъзои Маҷлиси Миллӣ бавосита сурат мегирад. Онҳоро вакилони маҳаллӣ интихоб мекунанд.”

Ин дар ҳолест, ки ахиран вакилон Амирбек Маҳмадалиев, раиси ноҳияи Ёвон ва Марҳаббо Ҷабборова, ноиби сарвазир таъин гардида, курсиҳояшон дар парлумон холӣ монданд.
Мӯҳр
п
Кори хуб карданд. Лозим нест харочоти зиети. Аз хамин депутатхо чи бошанд чи набошанд ягон фоида нест.

Чупон
Ягона кори аклонае,ки КМИР ба анчом расонид... Депутатхо умуман даркор нестанд... Адади хукукшиносонро зиед намуда Дастгохи Пезидент ва дигар сохахо конун чоп кунанд мешавад...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)