Бахшҳо
03 янв 2014 10:33Тоҷикистон / Тема дня

Боздошти як миссионери Сонмин Сунбогим дар Тоҷикистон

Раёсати Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар вилояти Суғд як шаҳрванди 69-солаи Куриёи Ҷанубиро ба иттиҳоми қаллобӣ ва даст доштан дар амалҳои коррупсионӣ боздошт кардааст. Ин шаҳрванди Куриёи Ҷанубӣ, ки аз ӯ Лӣ Ҷон Бун ном гирифта мешавад, пастори генералии Маркази тиббии миссионерии “Сонмин Сунбогим” ба шумор рафта, аз соли 1992 ба ин сӯ дар қаламрави Тоҷикистон зиндагӣ ва бо фаъолиятҳои тиҷорию тиббӣ машғул будааст.

Бар асоси иттилои ин ниҳод, ин шаҳрванди Куриёи Ҷанубӣ бо ташкили як маркази тиббии хусусӣ дар шаҳри Чкалов ба таври ғайриқонунӣ ба табобати беморон машғул будааст. Раёсати Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар вилояти Суғд мегӯяд, дар маркази тиббии марбут ба Лӣ Ҷон Бун дар шаҳри Хуҷанд 5 ҷарроҳии гуногун бо истифода аз таҷҳизоти фарсуда бидуни иҷозаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии кишвар гузаронида шудааст.

Ба қавли манбаъ, ҳангоми бозҷӯии маркази саломатии ин зан, 25 таҷҳизоти тиббии фарсуда барои гузаронидани ҷарроҳиҳои гуногун ва беш аз 500 навъи доруи муҳлаташ сипаригашта ифшо ва мусодира шудааст. Инчунин, Раёсати Кумитаи амният дар вилояти Суғд бар ин аст, ки Лӣ Ҷон Бун дар нақзи қавонини андози кишвар низ муттаҳам мешавад. Ин ниҳод илова менамояд, ки хонум Ҷон Бун дар супоридани андози фаъолияти Мактаби хусусии “Файз” ва Маҷмааи савдо ва меҳмонсарои “Хесон”, воқеъ дар ҳудуди вилояти Суғд, ки ба моликияти ӯ рабт доранд, ба қонуншиканиҳо роҳ додааст.

Ин ниҳод мегӯяд, Лӣ Ҷон Бун ба хотири рупӯш кардани фаъолиятҳои қонуншикании худ, ба корманди Раёсати Кумитаи амният ба маблағи 20 ҳазор доллар ришва низ пешниҳод кардааст. Ҳангоми бозҷуии манзили зисти шаҳрванди Куриёи Ҷанубӣ дар шаҳри Чкалов як таппончаи травматикии олмонӣ бо 12 дона тир, як адад садопасткунак ва ҳудуди 150 ҳазор сомонӣ бо арзи хориҷӣ ошкор ва мусодира шудааст.

Бар асоси гуфтаҳои масъулини Додситонии вилояти Суғд алайҳи хонум Ҷон Бун тибқи моддаи 320 қисми 2-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда боз шуда, тафтишот идома дорад. Лӣ Ҷон Бун соли 1992 ба Тоҷикистон омада, нахустин фаъолияти худро дар маркази тиббии Грейс Сонмин дар шаҳри Душанбе оғоз ва то соли 2009 идома медиҳад ва худи ин сол фаъолияти ин марказ бо дастури Вазорати фарҳанг мамнуъ эълон мешавад. Баъд аз мамнуъ хондани фаъолияти ин марказ парванда алайҳи ин шаҳрванди Куриёи Ҷанубӣ боз шуда, дар нақзи чандинбораи қонунҳои амалкунандаи кишвар, аз ҷумла қочоқи доруҳои муҳлаташон сипаришуда муттаҳам ва тибқи моддаи 314 қисми 1 ва 340 қисми 2-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон ба муҳлати 2 солу шаш моҳ равонаи зиндон мешавад. Вале каме баъд бо татбиқи моддаи 71 Кодекси ҷиноии кишвар ба муҳлати 1 сол шартан ҷазо муқаррар мегардад.
Мӯҳр
а
20 сол мунтазир шуданд то ин зани кореяги маблаги калон чамъ намояд. Ана акнун уро талаву тороч мекунанд. Тактикаи маълум. Гунох ефтан чандон душвор нест. Хеч ки нашуд мегуянд, ки думи сагат кадж аст.

мусалмон
Агар ин зан як мусалмони хичобдор мебуд ба у чандин чинояти дигар хам бор мекарданд. Махсусан агар як тапончаи пневматики меёфтанд чанд чизи дигар хам изофа мекарданд. Холо бинем бо ин хонуми дунявии чинояткор, ки бо чони мардум бози кардааст чигуна рафтор мекунанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)