Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 12:53

Google Самарқанду Бухороро “пойтахт”-и Тоҷикистон мегӯяд

3 январ 2014, 12:55

Корпоратсияи «Google» дар шабакаи интернет иттилое паҳн кардааст, ки тибқи он Самарқанду Бухоро дар баробари шаҳри Душанбе пойтахти Тоҷикистон мебошанд.

Тибқи иттилои «Google», калонтарин ҷустуҷӯгар дар интернет, шаҳрҳои Самарқанду Бухоро низ ба қаламрави Тоҷикистон ворид мешавад. Дар иттилоияи «Google» дар бораи Тоҷикистон дар сархати пойтахтҳо Самарқанд, Бухоро ва Душанбе зикр шудаанд.

Ин дар ҳолест, ки таърихан моли тоҷикон будани шаҳрҳои қадимии Самарқанду Бухороро таърихшиносон эътироф кардаанд. Ахиран Владимир Жириновский, раҳбари Ҳизби либерал-демократи Русия низ зимни баромадаш дар парлумони ин кишвар таъкид намуд, ки узбакҳо зимни тақсимбандии марзию маъмурӣ дар солҳои аввали ташкилшавии Шӯравӣ Самарқанду Бухороро аз тоҷикон гирифтаанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • шгшш

  • 3 январ 2014 13:05
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хамин Точикистону Душанберо ба як харобазор табдил дода талаву тороч кардед.. Монед Самарканду Бухороро ба холи худашон.
Посух додан
  • Ман

  • 3 январ 2014 13:17
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чи сире дорад хамин мочаро Дар Уз мегуянд, ки И.К точик асту ба Точикон шояд дар охири Умраш Як неки мекунад )))))
Посух додан
  • Яъкуб.

  • 3 январ 2014 13:27
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Самарканду Бухоро аз мо хаст, барои ин хеч шакку шубха нест.Аммо мо хамин шахрхои будаи худро обод кунем баъд даъвои ин шахрхо кунем.Ин шахрхо бо мадрасаву макбарахои кадими машхур хаст, аммо ин хукумати мо мебинем мадрасахоро хароб кадаистодаанду.........
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Таърихан шахрхои точикон будани Самарканду Бухороро мо худ медонем ва аслан лозим нест, дар ин хусус Жириновский - ин шайтони дасисакорро иктибос оваред. Касоне, ки ба худ эхтиром коиланд, барои хак будани назари худ ба Жириновский истинод намекунанд.
Посух додан
  • Часур

  • 3 январ 2014 13:33
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Иншоолох он чойхо моли точикон буданд ва мемонанд. Агар мо гирифта натавонем фарзандони мо мегиранд. Иншоолох!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Эй кавми ба навм рафта, кучоед? кучоед? Бури хаминчост, биёед, биёед.
Буриёю ту хамсояи девор ба девор, Дар фикри Самарканду Бухоро ба чи рохед??
Посух додан
  • Хакикатчу

  • 3 январ 2014 13:52
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ИншоАллох моли Точикистон буд, мешавад!!!
Посух додан
  • шахид

  • 3 январ 2014 14:18
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бигузоред Самарканду бухороро ба холи худашон истан феълан, агар дар ин хукуматдорони хозира бошан холи барвахт мадрасаву масчидоша вайрон када бо хитой кати овулойш када бдан....
Посух додан
  • ооооо

  • 3 январ 2014 14:36
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хайрият ки Самарканду Бухоро дар дасти мо нест вагарна талаю тороч мешуданд Он дар дасти точикони бофархангу бофаросат мондааст. Ин точикон моро точикони дар кухистон байни хайвонхои вахши тарбия ефта медонанд ва бо мо якчоя шудан намехоханд. Вахшигарии худро мо солхои 90- ум ба дунье нишон додем ки точик ба сари точика зур аст дар пеши дигархо гулом аст.
Посух додан
  • h.98

  • 3 январ 2014 14:47
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
xaxa :D nagz kuu
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хамаро обод карден, акнун ба Самарканду Бухоро часпен.Маданияту, муомилаю, ба рохи рост гаштанро ед гирифтан даркор.Душанберо ба чи табдил доден,
Посух додан
  • АВАТАР

  • 3 январ 2014 16:11
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
МАН ДАР СОЛИ 2001-ЯК ГАЗЕ ТАИ -КРИМИНАЛ САНКТ-ПЕТЕРБУРГ-РО ХОНДАМ ДАР ОН ВАКТИ ЗАМИН ТАКСИМ КУНИ ДЕЛЕГАТ СИ ЯХОИ ТОЧИКИСТОН НАБУДАСТ 4-УЗБЕКРО ДЕЛЕГАТСИЯИ ТОЧИК НОМГУЗОРИ КАРДАНД ОНХО ГУФТАНД КИ САМАРКАНДУ БУХОРО АЗ УЗБЕКО АСТ БАД СТАЛИН ТАРИХРО МЕХОНАД ФАРМОН МЕДИХАД КИ 4-ОДАМИ ДАР ДЕЛЕГАТСИЯ ИШТИРОК КАРДАРО ХУКМИ ПАРОН ДИХЕН ГУФТА ПЕШ АЗ ИМЗА СТАЛИН МЕМУРАД ТО ХОЛ ХАМИНХЕЛ МЕСТАД ХАПУ ХОМУШ !СТАЛИН МЕХОСТ БАР ГАРДОНАД САМАРКАНДУ БУХОРОРО БА ТОЧИКИСТОН !
Посух додан
  • Чамшед 8808 н.Восеъ

  • 3 январ 2014 16:16
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Рости назари баъзе аз хамватанонро хондам дилам бехад зик шуд. Ин миллати Точикро чи дард зада бощад ки инкадар нисбати якдигар бадбину тангназар шудаистодаанд. Дигар чои гап нест. Ба чои дастгири кунанд ки Самарканду Бухороро гирем. Ин гапхоро бинед ё ки инхо гайри точиканд дар никоби Точик даромада байни мо тафрикаандози кардаистодаанд. Точикистонро дар харита бо Самарканду Бухоро дидан мехохам. Мо аз аввали таърих бо хамин феъли бадамон ки якдигарро дастгири намекунему бадбинем нисбати якдигар чанд бор шикаст хурдем. Бас аст бародарон БАССС!!!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Гирифтани Самарканду Бухоро ормони миллии хар як точики замон аст. зеро он грифтан нашояд.
Посух додан
  • Самарқанду Бухоро

  • 3 январ 2014 17:18
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Иншоаллох, мегиремшон! Ба шарте, ки муттахид шавем.
Ба қафо | Ба пеш

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!