Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 14:37

Миллиардҳо миёни Чину Тоҷикистон боз гум шудаанд

3 январ 2014, 16:37

Рашид Олимов, сафири Тоҷикистон дар Чин, имрӯз, 3-юми январ зимни як нишасти хабарӣ бо такя ба маълумоти Вазорати савдои Чин гуфтааст, гардиши мол миёни Чину Тоҷикистон дар 11 моҳи соли равон 1 миллиарду 672 миллион доллари амрикоиро ташкил додааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 1,1 дарсад зиёд аст.

Тибқи иттилои хабаргузории “Синхуа” Олимов ба маълумоти мақомоти чинӣ ҳаҷми содирот аз Чин ба Тоҷикистонро 1 миллиарду 586 миллион доллар ва ҳаҷми воридот аз Тоҷикистон ба Чинро 85,6 миллион доллари амрикоӣ арзёбӣ кардааст.

Ин дар ҳолест, ки ба иттилои Оҷонсии омори Тоҷикистон ҳаҷми додугирифт бо Чин дар 11 моҳи соли равон ҳамагӣ 631 миллион доллари амрикоиро ташкил додааст.

Аммо суоли матраҳ ин аст, ки дар миён 1 миллиарду 31 миллион доллари амрикоӣ ё худ беш аз 5 миллиард сомонӣ куҷо шуд, ки мақомоти гумруки Тоҷикистон онро сабт накардааст? Дар ҳоле, ки сабти расмии ин миқдор мол метавонист ба буҷет садҳо миллион сомонии иловагӣ ворид намояд.

Неъматҷон Раҳматов, муовини аввали сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар нишасти матбуотиаш дар тобистони соли 2013 эътироф намуд, ки миёни омори мақомоти гумруки Чину Тоҷикистон дар мавриди ҳаҷми гардиши мол тафриқа аст. Ӯ дар шарҳи ин фарқият гуфт, мақомоти гумруки Тоҷикистону Чин аз ду усули фарқкунандаи ҳисобукитоб истифода мекунанд.

Раҳматов афзуд, ки дар ҳудуди кишварҳои собиқ Иттиҳоди шӯравӣ усули ҳисобукитоби гумрукие татбиқ мешавад, ки мувофиқи созишномаи миёни ин кишварҳо мувофиқа шудааст, аммо дар Чин усули тамоман дигарро истифода мебаранд: “Ин аст, ки ҳаҷми нишондодаи мақомоти Чин аз маълумоти гумрукии Тоҷикистон фарқ доранд.”

Аммо ҳолдонҳо мегӯянд, дар бархе аз ҳолатҳо молҳои чинӣ дар мувофиқа бо кормандони мақомоти гумрук, яъне тариқи додани пора ва бе сабти расмӣ ворид мешаванд. Дар натиҷа маълумоти омории Чин аз Тоҷикистон бамаротиб зиёд мебарояд, чун чиниҳо ҳамаи молҳои содиротияшонро сабт мекунанду аз онҳо боҷ меситонанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
маълум шуд ки хонаю мошинхои гаронбахои гумрукчихо азкучост аз ин кори онхо президент хабар дошта бошад?
Посух додан
  • тилло

  • 3 январ 2014 20:14
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
усулашро хам номбар кунед охир, гумрукчиён, то мардумам фахмад кадом усуласт. Мегуед, ки "бо усули тамоман дигар хисобу китоб мешад". О шумо хам хубтар медонед, ки хисобу китоб бо ду усул ракамхо ба хам мухолифат мекунад, пас бехтар нест, ки ба хотири нофахмихо миени омор аз як усул истифода кунед. Ё шумо бо "усул"–и худатон кор мекунед, гумрукчиён?
Посух додан
  • Фак,их,

  • 5 январ 2014 21:27
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Инх,о х,амаашон аъзои х,изби халк,ианд...
Посух додан
  • Факир

  • 6 январ 2014 10:46
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бовар кунед дуздии кормандони гумрука ман дидам.Вакте бо мошин ба ватан рафтам дар сархади точикистон бе ягон сабаб пул меситонанд.Вакте даъво мекуни бо угрожат хам мекунанд.Касе агар ба мошин Точикстон рафта бошад медонад дуздии ин гумрукчихоя....
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Неъматҷон Раҳматов фаромуш карди ки баройи ба кор гирифтан 5.000 долларо гирифти барой ба кор гирифтан як нафар

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!