Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 18:55

Дастури Убайдуллоев барои таъмини гармӣ дар хонаи Ҳошим Гадо

3 январ 2014, 17:03

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе дар пайи дарёфти дархости Ҳошим Гадо дар бораи таъмири хонааш ба шаҳрдорӣ дастур додааст, ки дархости ин ҳунарманди шинохтаро иҷро кунад.

Ба иттилои хадамоти матбуоти шаҳрдорӣ Убайдуллоев ба Азам Табаров, мудири Муассисаи шабакаҳои гармидиҳии Душанбе супориш додааст, ки хатти гармидиҳии манзили Ҳошим Гадо, ҳунарманди маъруфи театр ва синамои Тоҷикистонро барқарор намуда, дар бозсозӣ ва таъмири манзилаш ба ӯ кӯмак намоянд.

Қаблан Ҳошим Гадо, ҳунарманди маъруф ва барандаи чандин ҷоизаи ҳунарӣ аз шаҳрдории Душанбе барои бозсозӣ ва таъмири манзилаш дархости кумак карда буд. Ӯ дар номаи худ ба шаҳрдорӣ иброз доштааст, ки мехоҳад дар хонаи гарм ва дорои шароити хуб зиндагӣ кунад. Ҳошим Гадо яке аз ҳунармандони шинохта ва барандаи ҷоизаи Рудакӣ буда, дар беш аз 50 филм нақш офаридааст ва муаллифи 11 китоб бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ мебошад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • муин аз екатеринбург

  • 3 январ 2014 17:45
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
албата ердам кардандаркор вале зиеиеони точик донанд ки мардум дар холати аз инхам бад карор доранд таи 22 сол
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Убайдуллоев!садкаат шавам хамин 80% Точикистон бесвету- бегарми ёрдам кунед.илтимос
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Убайдуллоев!! Худуд шери нари ба вадаи кардагиат меисти! Чои ту курсие, мебошад, ки дар он ЧО нишистааст. Он курсии баланд ба ту мезаебад.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!