Бахшҳо

Боздошти муовини директори Театри ба номи Лоҳутӣ

Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМТ) бо иттиҳоми муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор Муртазо Нуруллоеви 69 соларо боздошт кардаанд, ки гуфта мешавад, дар вазифаи муовини директори Театри давлатии ба номи Абулқосими Лоҳутӣ кор мекардааст.

Гузоришгари КДАМТ дар гузорише, ки тариқи шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон намоиш дода шуд, гуфт, қабл аз Муртазо Нуруллоев ду шарики ӯро дастгир кардаанд: “Дар натиҷаи як амалиёти кормандони КДАМТ бо гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор дар кӯчаи Қаротегини пойтахт Рӯзимурод Рабиев, соли таваллудаш 1961, ронандаи таксӣ ва Сафаралӣ Азизов, соли таваллудаш 1964 боздошт шуданд”.

Ба иттилои манбаъ, аз онҳо бештар аз шаш кило афюн ёфтаву мусодира шуда ва зимни азназаргузарони мошини Рабиев аз дохили он боз зиёда аз 11 кило маводи нашъадори дигар пайдо гардидааст.

Дар гузориш гуфта шуд, ки “ҳамчунин дар идомаи амалиёт гумонбари сеюм Муртазо Нурулоев, соли таваллудаш 1944, муовини директори Театри давлатии ба номи Абулқосими Лоҳутӣ боздошт гардид”.

Сарчашмаи хабар афзуд, Рӯзимурод Рабиев дар соли 2002 барои 20 сол равонаи зиндон шуда ва баъди 11 сол дар асоси қонуни афв раҳо шудааст. Муртазо Нуруллоев бошад, соли 2005 бо як кило маводи мухаддир дастгир ва 8 сол аз озодӣ маҳрум гардидааст. Аммо соли 2008 дар пояи қонуни афв ба озодӣ баромадааст.

Худи Муртазо дар ин гузориши телевизионӣ гуфт, ки “дар маҳбас бо як шаҳрванди Афғонистон шинос шудам. Ӯ занг зада гуфт, ки каме афюн фиристодам рафта аз пеши бозори Саховат аз дасти як ношиносе мегирӣ. Рафта он мардро ёфта афюнро гирифтам”.

“Ин ҷо суоле посух мехоҳад, Нуруллоев Мутразо, ки соли 2005 бо қарори мақомоти судӣ ба муҳлати 8 сол маҳкум гардида, се сол дар маҳбас адои ҷазо намудааст, чӣ тавр ба симмати муовини директори яке маъруфтарин муассисаҳои фарҳангии кишвар таъин карда шуда, аснои боздошти навбатияш дар ин вазифа қарор дошт”,-афзуд шореҳи КДАМТ.
Мӯҳр
да Тчк тага боша туремчикам сохиби вазифа мешава

Додари умаров мансур муовини вазири амният фаридуни умар дар махбас барои кочоки мухаддир аст. Умаров боз бади ин ходиса генерал шуд. Так что дар мамлакати мо все возможно если ты падхалим и родственник

Умаров мансур муовини хамин кдам додараш хашт сол зиндони шудааст, лек вайро хеч кас аз вазифа озод накардааст. Савол: чаро ин муовини театр дар вазифааш мувофик нест?
Ин саволро кдам бояд на ба мо аз телевизион балки ба умаров мансур шефаш дихад, ки чи хел шумо ходо хам муовини вазир вакте ки додари шумо шиштаги аст?

толмб илм
ку фахмед аъзои кадом хизб аст

Адолатхох,
Чаро аъзои кадом хизб буданашро намегуед? Ёдовари кунед охир мо хам бифахмем!

хо ана хами рахтон кати рафтан гиред мухтарам кормандони КДАМ хар як шахси мансабдори калон аз рохи шумо меброяд, баъд бо дида шокда наафтед-дия

Озодагон! сайтата разблокиравть кардику? табрик!

Не уважаемый автор.кучоба кадом конунда навистаги ки шахс баъди чазои гирифтанаш дар корхонахои давлати фаъолият ва кор кардан маън аст? Конуншикани ё гунох кардааст соли 2005 чавобаша додаст. Баъди озод шудан аз махбас бояд озодшудагонро хичкас ба кор нагирад? Ин дафъа агар гунох дошта бошад исбот шавад чавобаша метяд. Натарсе яхелут. Ман писараш . Ягон кас гап дошта бошад натарсида гап занад.

Ман дигар гап надорам. афсус сад афсус хамин кадар ба озодагон бовар кардем ки хатогихо аз ёдамон рафт. Хохиш менамоям кормандони озодагон суханони хакро нависед на ин ки мисли занони куча гапи дуругро пахн кардан. Ягона сомонаи ки хар соату дакика медаромадем Сомонаи ОЗОДАГОН буд лекин бовари хам рафт

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)