Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 01:15

«Google» Самарқанду Бухороро ба узбакҳо “баргардонд”

6 январ 2014, 09:29

Корпоратсияи «Google» шаҳрҳои Самарқанду Бухороро аз рӯйхати пойтахтҳои Тоҷикистон бозпас гирифта, онҳоро дубора ба рӯйхати шаҳрҳои Узбакистон баргардондааст.

Ахиран «Google» дар шабакаи интернет иттилое паҳн карда буд, ки тибқи он Самарқанду Бухоро дар баробари шаҳри Душанбе пойтахти Тоҷикистон мебошанд. Дар шарҳи ин хабар мудирияти «Google» ба “Озодагон” гуфт, айни ҳол ин “иштибоҳ” ислоҳ шудааст ва масъулини бахши русии «Google» баъди бозгашт аз таътили “солинавӣ” онро шарҳ хоҳанд дод.

Ин дар ҳолест, ки таърихан моли тоҷикон будани шаҳрҳои қадимии Самарқанду Бухороро таърихшиносон эътироф кардаанд. Ахиран Владимир Жириновский, раҳбари Ҳизби либерал-демократи Русия низ зимни баромадаш дар парлумони ин кишвар таъкид намуд, ки узбакҳо зимни тақсимбандии марзию маъмурӣ дар солҳои аввали ташкилшавии Шӯравӣ Самарқанду Бухороро аз тоҷикон гирифтаанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Зиеи

  • 6 январ 2014 10:29
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мархамат олимону таьрихшиносон ба пеш, хело истирохат кардед Самарканду Бухороро баргардонед ба Точикистон. Ин кори шумо аст.
Посух додан
  • zet

  • 6 январ 2014 11:13
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Рафикон журналистон, вактхои охир ман хеле бисёр мушохида намудам, ки аз тарафи Шумоён ва Шумо барин "Миллатпарастон" Узбекистон ба "УзбАкистон" ва узбекхо ба "узбАкхо" табдил ёфтааст, ин тахриф ва галати чиддист.
Посух додан
  • Часур

  • 6 январ 2014 15:49
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Zet ман нафахмидам бо яке худат узбак набоши икадар тарафшона мегири узбак гуфтем шукр намегуи бо яке уз-ша напартоем танхо БАК-аш монад.

Zet ман нафахмидам бо яке худат узбак набоши икадар тарафшона мегири узбак гуфтем шукр намегуи бо яке уз-ша напартоем танхо БАК-аш монад.
Посух додан
  • тоҷик

  • 6 январ 2014 15:50
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
[b]zet[/
дар забони мо ҳаминхел талафуз мешавад агар ту тавони ба ҷойи ТОЖИК ТОҶИК гуӣ мо ҳам узбек мегуем
ин тарзи талафуз аст дар Ирон Афғонистон ва кишварҳои арабӣ ҳам узбак меган
пас мо ҳам бояд бо русҳо ҷанг кунем ки чаро таджик мегуянд
ин идаъои ту бемантиқ аст
Посух додан
  • сарваршо

  • 6 январ 2014 16:14
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
бидуни хеч гуна мухолифату хушунат ба кавми шумо мегуям ки аз рузи таваллудам ин калимаро аз бобою бибиву падару модарам УЗБАК шунидаам. бародари азиз пас Узбак ба чи далел мо бояд ба хавои хавасат забони ачдодии хеш форсиро табдил дода УЗБЕК гуем. Ин тарзи талафузи шумо ва русхост аммо вакте бо форсиву точики харф мезанем дар забони мо узбак аст.наранчед, зеро дар тамоми афгонистон ва ирон низ кавми шумо худро УЗБАК мегуянд. ва чои ранчиш нест. дар китобхои форси низ бидуни (.. ) 2 нукта навишта мешуд ва мешавад. мо туркменхоро низ ТУРКМАН мегуем аммо эътирозе намекунанд. дар кухистон масалан дар Бадахшон аз кадим русро вурус ва узбакро вузбак ё юзбак мегуянд аммо шумо ва Камолддинов моро даъват мекунед то ба хотири хушнудии касе забонамонро тагйир дихем....милатгаро касест,ки дигареро ба тагйири забонаш мачбур мекунад на касе ки содикона талаффузи модарияшро нигох медорад.. агар ин каъзияро далели илми хохед ба китоби Из А до Я-- Олчас Сулаймон мурочиат кунед.
Посух додан
  • 584

  • 7 январ 2014 15:37
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бале Дар китоби А Ҷоми дар асри 14 15 нависонда шидай Алишер Навои УЗБАК забон буд пас шумо нав худатон узбек карден....

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!