Бахшҳо

Вокуниши Кумитаи дин ба навори “Днюхаи Зулайхо” (ВИДЕО)

Кумитаи дини Тоҷикистон навори ”днюхаи Зулайхо”, ки ахиран дар шабакаи интернет ҳамчун таҷлили бошукуҳи рӯзи мавлуди овозхон Зулайхо Маҳмадшоева муаррифӣ гардид, мавриди таҳқиқ қарор додааст.

Тибқи иттилои ин ниҳод дар пайи хабари “Озодагон” Зулайхо Маҳмадшоева ба Кумита даъват шуда, баёнот додааст, ки дар навор на рӯзи мавлуд балки муаррифии нахустин албомаш сабт шудааст, ки 9-уми сентябри соли 2013 баргузор гардид.

Бо вуҷуд Кумитаи дин таъкид мекунад, ки дар ин навор нишонаҳои нақзи қонун дар бораи танзими расму оин ба мушоҳида мерасад, ки мавриди тахқиқ қарор хоҳанд гирифт: “Раёсати танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Кумита масъалаи мазкурро пайгирӣ намуда, дар сурати тасдиқ шудани далели қонуншиканӣ протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, ҷиҳати чораандешӣ ба суд ирсол менамояд”.

Ин дар ҳолест, ки навори Зулайхо Маҳмадшоева, овозхони ҷавони тоҷик, ки 30 декабр зери унвони “днюхаи Зулайхо” дар шабакаи Интернет пахш гардид, баҳси зиёдеро ба бор оварда буд.

Корбарони шабакаҳои иҷтимоии Тоҷикистон бо ишора ба шукуҳ ва меҳмонони зиёд дар таҷлили рӯзи мавлуди Маҳмадшоева аз он шикоят доштанд, ки зимни татбиқи қонуни танзими расму оин дар кишвар тафриқаандозӣ мешавад.

Ба навиштаи бархе аз корбарон, қонунҳо дар кишвар танҳо ба мардуми нодор тааллуқ доранд ва дар ҳоле ки мардуми одӣ барои чанд меҳмони барзиёд дар тӯйи арӯсӣ муҷозот мешаванд, афроди алоҳида тариқи оммавӣ исрофкорию худнамоӣ мекунанд. Интиқоди шадид махсус ба кори масъулини танзими расму оин нигаронда шудааст, ки монеи исрофкорию худнамоиҳои афроди алоҳида намешаванд.

Зулайхо Маҳмадшоева аз шогирдони Манижа Давлатова гуфта мешавад, ки бо тақлид ба садои Манижа вориди саҳна шуда, зуд маъруф гардид. Ҳоло шеваи хонандагии худро дорад, ки намунааш таронаҳои “Кабутар” ва “Дили девона”-анд.


Мӯҳр
Анвар
Кумитаи дин хоболуд ин ходиса баъд аз чанд рузи гузаштанаш акнун бедор шудас.

Продюсер
Озодагон аз буданат набуданат 100000000 бор бехтар. Тфу бар ту барин мусорковак.

Искандар ш Хучанд
Э войеее хамин бечораи Зулайхоро хам руз надодед... Коре кунед ки хамин хар тарки сахна кунад да.... Пешравии касе намехохем да, то ба кай .... Бо ин рафторамон асло пеш намеравем неки....

Озодагон
Озодагон шумо озодагон барин наменамоед. Як игво андозед. Монед Духтара дилшикаста накунед. Зулайхо духтари хуш симо ва овози зебо дорад. Дар мо мегуянд ки ... накоб ки буяш мебарояд. Даркор набуд ин бонуи зеборо дар назди халк шумру кардан. Тфу бар ту

опл
Конунро вайрон кардааст чавобашро дихад. Озодагон кори нагз кардааст.

абду
озодагон зинда боши! танҳо туи ки нотарсонаву холисона камбудиҳои чомеаро пайгири ва фош мекуни. қонун барои ҳама бояд баробар бошад.шахсан ман ба хотири риояи қонун агар маъракае кунам наметавонам ҳамаи хешу табору ёру дустонамро даъват кунам.ин қонунбарорҳо ки аник аст якеи онҳо кришаи ин овозхон бошад бубинед рўирост бо мо масхарабози мекунанд!
ОБИ ҚОНУН ГИЛОЛУД
АЗ ПАРЛУМОНСОЙ ОМАД!
Озодагони азиз ба пеш! Худо ёру мададгорат бошад!

Киём
Хами духта ранги духтарои Сурайё ай дин дуранд. Инора занакои Аврупои бинан хайрон мешан ба и либоспушишон.

Салим
Дар ин чо ягон навъ фитнаандози дида намешад.холо бинем кани ира хам 120 сомони чарима мекнан.

Продюсер,Тфу бар ту. Чомеъаи моро вайрон карсодаги шумобарин продюсорчахо!

вв
Продусер

Мусорковак шумоед хурусчучахо дар хамон мусоркаи "шоу-бизнес"

агар ягон аъзо хизби мухолиф мешуд хамон шаб вкд бурда то хукми суд баромадан махкамаш мекард кумитаи дин ва вао мардумро ба по мехезонданд.

Хайрон
хами ду се ки шарми Миллатанд илтимос Озодагон хама вакт ёдрасшон кунен ки шумо сазовори ин миллат нестен!! Шумо таклид ба атеистони Аруппо ки мезанед равед Авруппо ва миниюпка кати гарден ва хатто бе либос. Аммо агар хохед истед Точикистонда пас точик-мусалмон бошед!!

Сино
Бояд ҳамаи он шахсоне ки дар ин маҳфил иштирок доштанд мутобиқ ба қонуни танзими ъан ъана ва расму оинҳо чарима карда шаванд то ки бори дигар иштирок кардан дар ягон ҷаншну маросимҳои ғайри қонуниро фаромуш кунанд. вақте ки як шаҳрванди одии кишвар бар асоси ана ҳамин қонун ҷарима карда мешавад, пас ҳама дар назди қонун баробарем, кӣ будану чи будани кас аҳамияте надорад! қонун бояд ки ба монанди оина бошад ва ҳамаро як навохт ва баробар хукум кунад.

ислом.70mail.ru
Аз зани гар гар бируяд з-он ки устозаш гар аст, Эй ба ном мусалмон дар асл мунофикон шуморо хатто кофир гуфтан хайф аст.Бародар,Падар ва агар шавхар дошта бошед шавхаронатонро хидоят кунад ва кулли хамватанони азизамро аз ин мусибатхо ва мисли он модароне ки дар ин толор иштирок кардаанд Худо панох ва нигах дорад. чонам фидоят чоп кун ки бисер бо суз навиштаам

Darvesh
KUMITAI DIN.......... Baroi chi tui pisari Janobi olira mavridi taftish qaror NADODED!!!! Ki javob MEGUD?????

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)