Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 03:11

Умаров. Аз ятимӣ то муҳоҷирату марг дар сӯхтор

6 январ 2014, 11:50

Наздикони Илҳомҷон Умаров, яке аз панҷ узви хонаводаи фавтида дар сӯхтори Маскав, мегӯянд, марҳум ҳудуди 20 рӯз мешавад, ки ба хотири пайдо кардани маблағ барои бунёди сарпаноҳ барои ду фарзанду ҳамсараш ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия рафта буд.

Саидҳомид Ҷумаев, яке аз наздикони оилаи Умаровҳо рӯзи 6-уми январ дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, Илҳомҷон ҳамроҳи бародари хурдиаш Ҷамшеди 27-сола, келинаш -Иззатбӣ Ҳакимова ва ду ҷияни хурдсолаш дар шаҳри Маскав ба ҳайси муҳоҷир ба сар мебурданд.

Ба гуфтаи Ҷумаев, Умаровҳо дар оила 8 фарзанд-се писар ва 5 духтар мебошанд, ки дар синни кӯдакӣ аз падар маҳрум шуда, зери тарбияи модар, ки фаррошӣ мекард, ба воя расидаанд. Ӯ мегӯяд, Умаровҳо ҳама ба ҷуз як хоҳари маъюби 30-солаашон соҳиби оила ва фарзанд мебошанд: “Модари онҳо низ тақрибан 10 соли қабл, аз олам даргузашт.”

Мусоҳиби мо мегӯяд, Илҳомҷон ҳамроҳи бародари хурдӣ ва як хоҳари маъюбаш дар хонаи волидайн ба сар мебурданд ва хост ин манзилро ба Ҷамшед ҳамчун мероси падар диҳаду, барои худ ва ду фарзанду ҳамсари ҳомилааш паноҳгоҳе пайдо кунад: “Аз ин рӯ, 18 рӯз мешавад, кишварро ба мақсади Русия тарк карда, ба назди бародараш Ҷамшед барои муҳоҷират сафар кард.”

Аммо рӯзи 4-уми январи соли ҷорӣ дар наздикии шаҳри Маскав 5 шаҳрванди Тоҷикистон, ки ҳамагӣ узви хонаводаи Умаровҳо мебошанд, ба ҳалокат расиданд. Тибқи иттилои масъулини Сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Маскав ин муҳоҷирони фавтидаи тоҷик, Илҳомҷон Умарови 29-сола, Ҷамшед Умарови 27-сола ва ҳамсари ӯ Иззатбӣ Ҳакимова бо ду фарзандаш, ки яке чормоҳ ва дигарӣ 4-сол дошт, сокинони ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон мебошанд.

Фавти шаҳрвандони Тоҷикистон бар асари оташсӯзӣ дар қаламрави Русия бори аввал нест, шоми 4 декабри соли гузашта низ дар маҳаллаи Красногорски вилояти Маскав се муҳоҷири тоҷик ҷон бохта буданд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Усто Чура

  • 6 январ 2014 13:24
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
рухашон шоду хонаи охираташон обод бошад-худовандо ин миллати сарсахту бесарпанохро,ки ким кадом бегонагони миллат ба раксу бози даровардаанд дар панохат нигох дор-умед мебандем-ки ин миллат як умр дар мухочират намемонад ва омада ин ватанро сохиби хохад кард!
Посух додан
  • голид

  • 6 январ 2014 14:09
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Худо рахмат кунад. бечорахо кудакошон кати рафтанд
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Худо рахмат кунаду чояшона чаннат гардонад дилу чигарам сад пора мегардад аз шунидани чунин хабархои нохуш,ки бар сари миллати бечораи ман меояд
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Пайгамбари ислом хазрати Мухаммад (салаллоху алайхи вассаллам) мефармоянд: (хадис аз Салмони Форс хикоят мешавад) серфарзандиву нодори (камбагали) даъвати бало аст.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!