Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 16:37

Муфаттиши Оҷонсии фасод ифтитоҳи парванда алайҳи Миниқуловро рад кард

6 январ 2014, 14:47

Одинаев Амрияздон, муфаттиши раёсати Оҷонсии зидди фасод дар Душанбе иттилои қаблан паҳнкардаи ин ниҳодро дар мавриди ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ алайҳи масъули Академияи улуми Тоҷикистон, Миниқулов Насриддин Худойбердиевич, беасос хонд.

Одинаев, имрӯз, 6-уми январ бо “Озодагон” дар тамос шуда, изҳор дошт, ки баъди тафтиши маводи санҷишӣ алайҳи Миниқулов барои оғози парванда алайҳи ӯ асос пайдо нашуд.

Худи Миниқулов Насриддин низ ба “Озодагон” номаи расмии раёсати Агентӣ дар шаҳри Душанберо пешниҳод кард, ки дар он ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ алайҳи ӯ ба далели набудани ҳаракатҳои ҷиноӣ дар фаъолияташ рад шудааст.

Ин дар ҳолест, ки қаблан Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон дар сомонаи расмияш хабар дод, ки алайҳи мудири гурӯҳи ситораҳои тағйирёбандаи Пажуҳишгоҳи астрофизикаи Академияи улуми Тоҷикистон, Миниқулов Насриддин Худойбердиевич парвандаи ҷиноӣ оғоз кардааст. Ин ниҳод иттилоъ дода буд, ки дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ ва санҷиши кор дар Пажуҳишгоҳи астрофизикаи Академияи илмҳои Тоҷикистон муайян карда шуд, ки дар давраи солҳои 2011-2013 Миниқулов Насриддин Худойбердиевич аз ваколатҳои мансабии худ суистифода намуда, маблағҳои барои таъмири Расадхонаҳои ноҳияҳои Данғара ва Ҳисор вобасташударо, ки 108 ҳазору 432,8 сомониро ташкил медиҳад, азонихуд намуда, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст. Оҷонсии фасод дар сомонааш таъкид карда буд, ки парванда алайҳи Миниқулов моҳи ноябри соли 2013 оғоз гардида, айни ҳол мавриди тафтиш қарор дорад.


Дар акс: Миниқулов Насриддин


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мутаасифона баъзан дар расонахои хабари пахши маводе ба назар мерасад, ки хизматхои ин ва ё он корманд ва ё шахрвандро дар рушду нумуи ин ва ё он соха сарфи назар намуда, баъзан ин ахборҳо боиси паст намудани нуфузу эътибор шахс сабаб мегардад. Чунин ахбори носахех аз ноябри соли равон ин чониб дар баъзе аз расонахои хабари алайҳи мудири гурӯҳи ситораҳои тағйирёбандаи Пажуҳишгоҳи астрофизикаи Академияи улуми Тоҷикистон - Миниқулов Насриддин Худойбердиевич метавон мушохида намуд, ки ин амалро метавон тахкири шахсият маънидод намуд. Хотирнишон менамоям, ки мухтарам Насриддин Худойбердиев дар тахкики ситорахои тагирёбанда сахми босазо дошта, махз бо фидокорихои ин шахс ва кормандони шуъбае, ки ба он номбурда рохбари менамояд, дар панчсолаи охир имконпазир шуд, ки барои расадхонаи байналмилалии Санглох аз хоричи кишвар (на аз хисоби буччаи мамлакат!!!) маблаг дасрас намуда, бинои телескопи навро бунёд намуда, телескопро ба кор омода ва мушохидахои илмиро дар ин чо рахандози намоянд. Ин корро ягон нафари дигар дар Институт ба анчом расонида натавонист. Зикр намудан ба маврид аст, ки соли равон замоне, ки ба кори Конференсияи байналмилали мехмонон аз хоричи кишвар омада буданду аз наздик ба корхои ба анчом расонидаи Насриддин Худойбердиевич ва хоса ба натичахои бо телескопи нав мушохида шуда ошно шуданд, нихояд қаноатманд шуда, хатто ваъда доданд, ки барои расадхонаи Санглох боз як чанд телескопи нав кумак хоханд намуд. Магар ин амали Насриддин Худойбердиев шоистаи тахсин нест. Чаро баъзан масъулин ва ё намояндагони ВАО аз пахлуи дигари фаъолияти шахрвандон канорачуи менамоянд?

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!