Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 01:15

Алмаато шомили даҳгонаи шаҳрҳои беҳтарини ҷаҳон шуд

6 январ 2014, 14:48

Алмаатои Қазоқистон дар рейтинги шаҳрҳои беҳтарини ҷаҳон-2014 зинаи ҳафтумро муаррифӣ мекунад. Ин раддабандиро нашрияи The Rough Guide тартиб додааст.

Ба иттилои The Rough Guide, Алмаато яке аз шаҳрҳои беҳтарини Қазоқистон буда, барои ҷаҳонгардон аз нигоҳи ҷуғрофӣ – роҳи таърихии абрешим ва куҳҳои пурҷозибааш бештар писанд меояд.

Дар зинаи аввали рейтинги The Rough Guide Рио-де-Жанейрои Бразилия нишастааст. Дар мақоми дуюм Сараевои Босния ва Гертсеговина ва дар ҷои сеюм Ливерпули Англия қарор доранд.

Даҳгонаи шаҳрҳои беҳтарини ҷаҳон-2014:
1. Рио-де-Жанейро, Бразилия
2. Сараево, Босния ва Гертсеговина
3. Ливерпул, Англия
4. Умео, Шветсия
5. Лвов, Украина
6. Марсел, Фаронса
7. Алмаато, Қазоқистон
8. Роттердам, Нидерландия
9. Глазго, Шотландия
10. Портленд, ИМА

The Rough Guide яке аз роҳнамоҳои фаъоли туристии ҷаҳон буда, нахустин шумораи он соли 1982 нашр шудааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!