Бахшҳо
06 янв 2014 17:43Тоҷикистон / Тема дня

Занги Убайдуллоев ба сокини бебарқи Душанбе

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе шахсан ба Шаҳодат Соҳибназарова, сокини кӯчаи Мирзо Турсунзода 83 занг зада аз таъминот бо барқ дар маҳаллаашон пурсон шудааст.

Соҳибназарова дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, ки таърихи 27-уми декабри соли 2013 баъди чор рӯзи бебарқӣ ва муроҷиатҳои бенатиҷааш ба масъулини шабакаҳои барқии Душанбе ниҳоят ба Маҳмадсаид Убайдуллоев ва сомонаи www.mometavonem.tj муроҷиати хаттӣ кардааст: “Мактуби худро 27-уми декабр фиристодам. Рӯзи дигар, 28-уми декабр масъалаи таъмини барқ дар маҳаллаамон ҳал шуд. Тақрибан соатҳои 17:30 ба телефони ҳамроҳам занг заданд. Зангзананда аз ҳалли мушкили барқ пурсида, суол кард, ки шиддати барқ чӣ хел аст? Баъди ин худро муаррифӣ карда, гуфт, ки Убайдуллоев раиси Душанбе аст.”

Ин сокини Душанбе афзуд, он, ки шахсан Убайдуллоев иҷрои муроҷиатҳои шаҳрвандонро назорат мекунад, барояш ғайриинтизор буд: “Ман ба Убайдуллоев барои расидагӣ ба муроҷиатамон изҳори миннатдорӣ карда гуфтам, барқ омад, вале бо шиддати паст.”

Дар посух раиси Душанбе таъкид кардааст, ки “ба Атоев, масъули шабакаҳои барқи Душанбе супориш медиҳам, то ин мушкилатон комилан бартараф шавад.”

Ба гуфтаи Шаҳодат Соҳибназарова Маҳмадсаид Убайдуллоев рӯзи 4-уми январ низ тариқи як тамоси телефонӣ аз вазъи шиддати барқ дар ин маҳалла пурсон шудааст.

Соҳибназарова аз иртиботи бевоситаи раиси шаҳр бо сокинон истиқбол намуда, ҳамзамон инро шаҳодати он гуфт, масъулини поёнӣ саривақт вазифаҳояшонро иҷро намекунанд: “Беҳтар аст, ки чунин мушкилот аз тарафи масъулини бахш саривақт ҳалли худро ёбанд, на бо дахолати раиси шаҳри Душанбе.”

Ин дар ҳолест, ки шаҳрдори Душанбе бо истифода аз воситаҳои коммуникатсионӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ бо сокинон робита барқарор намуда, аз дастовардҳои технологияи коммуникатсионӣ барои ҳалли масоили хоҷагидории пойтахт нисбатан зиёд кор мебарад.
Мӯҳр
ваа
Гап нест Раиси шахр!

Ташаккур ба мухтарам М. Убайдуллоев барои гамхориашон нисбати сокинони шахри Душанбе. Мухтарам чаноби Убайдуллоев мо сокинони пойтах боварии комил дорем, ки чихати харчи зудтар бо барки шиддаташ баланд таъмин намудани истикоматкунандагони махаллаи Хайробод, ки дар заминхои сесотика (9 километр) зиндаги мекунанд, ба масъулин дастур медихед. Хамчунин, хохиш менамоем, ки нисбати фирмахоеки аз хисоби маблагхои бучети шахри Душанбе роххои кучахои дар сурогаи боло зикргардидаро асфалтпуш мекунанд дидан менамудед. Ин фирмахо ба чои 6 сантиметр асфалт хамаги 2 ё 3 сантметр дар рохи норуфта, пур аз алаф ва бе истифода аз мазут асфалпуш мекунанд. дар давоми як соат кариб як километра асвалт мерезан. бисёри вакт шабона кор мекунан сахар мебини асфалтшона агар пеши пота нигох накуни дар баъзе чукрихош пешпо мегалти. Баъзе вакт асфалтро мерезан баъди 10 - 15 руз бад хамворуш мекунан. Илтимос озодагон чопуш кун бовари дорам,ки Мухтарам раиси шахр нисбати масъалаи мазкур гамхори менамояд

шахрванд
Бар падарат рахмат Махмадсаид Убайдуллоев. Агар хар як сохибмансаб хамин кадар кор мекарданд, Точикистон Чопон мешуд.

Агар дар шахри Душанбе, Убайдуллоев барин инсон, набоша, ба фикрум, Душанбе-Корвон мегарда. Рахмат, аз яке сокинони Пойтахт.

Маъруф
Офарин, кош ки хама рохбарн хаминхул рафтор мекарданд!

Дилшод
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)