Бахшҳо
07 янв 2014 10:01Хабарҳои ҷаҳон

Боз як номаи қалбакии Бобак Занҷонӣ ва боздошти ёвари ӯ

Баъд аз шаш рӯзи ҳабси Бобак Занҷонӣ, миллиардери эронӣ, ёвари аввали ӯ -- Ҳусейн Шерозӣ низ дар дафтари худ дар Теҳрон боздошт гардид. Бар асоси иттилои расонаҳои эронӣ, боздошти Ҳусейн Шерозӣ, ки тайи солҳои охир ба ҳайси сухангӯи Занҷонӣ муаррифӣ мешуд, бо дастури махсуси Қуваи қазоии Эрон сурат гирифтааст.

Аз сӯи дигар, Изаттуллоҳ Юсуфиёнмуло, узви нозири парлумони Эрон дар ситоди мубориза бо фасоди иқтисодӣ, аз қалбакӣ сохтани номаи як бонки Русия ба иловаи санади Бонки миллии Тоҷикистон хабар дод: “Занҷонӣ як номаеро низ аз бонки русӣ қалбакӣ карда буд, то битавонад қарзи худро пардохтшуда нишон диҳад.” Юсуфиёнмулло мегӯяд, фасодкории Занҷонӣ ба ҳадде болост, ки ба назари ӯ ҳатто бо супоридани тамоми моликияту ширкатҳояш дар Эрон наметавонад раҳоӣ ёбад. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи ин узви парлумони Эрон, ҳоло дар қаламрави ин кишвар 30 ширкате фаъолият дорад, ки марбут ба Занҷонӣ мебошад.

ПОЙИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАҲСИ ЗАНҶОНӢ
БЕШ АЗ 2 МИЛЛИАРД ЕВРО ҚАРЗИ ЗАНҶОНӢ
АВТОБУСҲОИ ОСИЁ ЭКСПРЕСС КУҶО ШУД?

Ин мақоми эронӣ мегӯяд, Бобак Занҷонӣ дар ҳоле метавонад, аз маҳбас раҳо ёбад, ки тамоми қарзи худ аз давлати Эронро пардохт кунад. Дар ҳамин ҳол, Ғуломҳусейн Муҳсинии Эжоӣ, сухангӯи қувваи қазоии Эрон, зимни нишасти хабарии ин ниҳод гуфт, мақомоти кишвараш ба Бобак Занҷонӣ пешниҳод кардаанд, ки барои баргардонидани маблағ аз хориҷ ба дохил аз ҳар имконе метавонад, истифода кунад. Ӯ бар ин аст, ки агар Занҷонӣ тамоми маблағро ба Эрон боз гардонаду нишон диҳад, ки асноди ироакардааш қалбакӣ нест, раванди баррасиии парвандаи миллиардери эронӣ шакли дигар мегирад.

Сухангӯи қувваи қазоии Эрон илова кард, азбаски Бобак Занҷонӣ аз бархе дастгоҳҳои давлатии кишвар маблағи зиёд гирифта бо баъзеи онҳо қарордод ба имзо расонидааст, ин ниҳод маҷбур шуд, вориди ин қазия шавад. Ба қавли Муҳсинии Эжоӣ, ҳоло парвандаи Занҷонӣ аз сӯи Қувваи қазоии Эрон мавриди баррасӣ қарор дорад.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
999ъ
Ачоиб ку бо ба умеди ин тур амалиетхо бе хеч чиз намонем ачабо фалшиви хам мешудаст да бо ин кадар маблаг.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)