Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 10:43

Дастури вазири нав ва оғози корҳои барқарорсозӣ дар “Истиқлол”

7 январ 2014, 10:55

Дар пайи дастури Хайрулло Асоев, вазири навтаъини нақлиёти Тоҷикистон ҳамворкунӣ дар нақби «Истиқлол» оғоз шуда, то имрӯз, 7-уми январ беш аз 60% иҷро шудааст.

Вазорати нақлиёт иттилоъ медиҳад, ки Хайрулло Асоев дар ҷараёни сафараш ба ноҳияҳои Айниву Панҷакент, ки рӯзҳои 28-29 декабри соли 2013 сурат гирифтааст, ба роҳсозону нақбкорон супоришҳои мушаххас, аз ҷумла дар мавриди таъмири чуқуриҳои фарши нақб супориш дода буд.

Манбаъ мегӯяд, дар пайи супоришҳои вазир, ҳудуди 700 метри мураббаи фарши нақб таҷдид шудааст ва ҳамчунин 40 метри мукааб пасмондаҳо ва партовҳоро аз даруни нақб бароварданд: “ Дар ҷойҳое, ки об ҷорӣ мешавад, ҳамчунин шағал рехта шуд. Ҳарчанд об то ҳол ҷорист, вале сатҳи чуқуриҳои мавҷуда алҳол ҳамвор гаштанд. Ба ҷуз аз ин 10 адад чароғакҳои нақб иваз шуданд”.

Вазорати нақлиёт мегӯяд, корҳои ҳамворкунии фарши нақби «Истиқлол» босуръат идома дошта, барои корҳои таҷдид 2 тона маводи сӯхт бо супориши вазир дастрас гардида, 10 тонаи дигар аз ҳисоби захираҳои давлатӣ таъмин карда хоҳад шуд.

Бояд гуфт, бунёди нақби “Истиқлол”, ки дар гарданаи Анзоб воқеъ асту шаҳри Душанберо бо шимоли кишвар пайваст мекунад, аз соли 1998 бо кӯмаки молии Эрон аз ҷониби ширкати “Собир Интернешнл” оғоз шуда буд. Моҳи майи соли 2003 Душанбе ва Теҳрон барои анҷом корҳои сохтмонӣ Ёддошти тафоҳумро тасвиб карданд. Барои иҷрои ин тарҳ 39 миллион доллар ихтисос шуда, аз ин миён 21 миллион доллар кумаки билоивази Эрон мебошад. Айни ҳол бо вуҷуди ифтитоҳи расмии нақб вазъи он ногувор буда, мусофирон зимни убури он ба мушкилиҳо дучор мешаванд.

Дар ҳамин ҳол 4-уми январи соли равон Хайрулло Асоев, вазири нақлиёти Тоҷикистон зимни як мулоқоташ бо намояндагони Эрон аз вазъи кунунии нақби “Истиқлол” изҳори нигаронӣ намуда, иброз дошт, ки агар корҳои боқимондаи нақб дар зимистон анҷом дода нашаванд, иҷрои ин корҳо дар тобистон мушкил хоҳад шуд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • пп

  • 7 январ 2014 11:09
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Барвакттар хамин вазирро наовардит ми? Мушудаст ку?
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Э- ВОХИМА КАРДИ ДА,ОЗОДАГОН- 10 ЧАРОГАКИ НАКБ ИВАЗ ШУДАНД- ГУФТА.
Посух додан
  • Махди

  • 7 январ 2014 12:12
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дар дигар давлатхо дар даруни об мехмонхона сохтаанд, дар мо як тюнелро дар давоми чандсол дуруст карда натавонистанд. Хайфи хаминкадар пул, мехнати одамон, интизорихои мардум. Ман 2 дафъа аз он гузаштам, хеле хавфнок буд. Дилам аз сохтмончихои эрони монд. Наметонистед ба гардан намегирифтед. Бо ин 2 тона сузишвори ва шагалпартои кор буд намешавад. Бояд ба таври профессионали проблемахоро халл кард. Барои мо худнамои ва шоу кариб ки даркор нест.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!