Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 13:45

Номае бидуни таҳрир: “Ин азобу машаққат то ба кай?”

7 январ 2014, 11:43

Наврӯзи Хайрулбашар, яке аз хонандагони торнамои “Озодагон”, дар бораи вазъи муҳоҷирони тоҷик дар Русия ба мо номае ирсол кардааст, ки онро бидуни таҳрир нашр мекунем.


“Имрӯзҳо рӯзгори мардуми муҳоҷири тоҷик дар гӯшаи ғурбат рӯбарӯ бо мушкилоти нав ба нав мебошад. Ҳама қарору қонунҳое, ки аз сӯи ҳукумати Русия қабул мешаванд, ба нафъи мардикори тоҷик набуда, баръакс, бар зарари онҳост. Ҳоло аз ҳама дида, миллати хору зор бо азобу шиканҷа рӯбарӯ ин миллати тоҷик аст. Рӯзе нест, ки хонаводаи он бе мотам бошад.

Соату лаҳзае нест, ки оби чашми модари тоҷик нарезад. Ҳоло дар ин сардии зимистон дар кишвари Русия тоҷикро бо сад баҳона бо азоби ҷисмониву рӯҳӣ хориҷ карда, ба Ватанаш мефиристанд. Намедонам, ин хислати шарқиёна ё табиати модарзоди ин миллати сарсахт бошад, ки ҳама неку бад ва сахтиву шиканҷаи ба сараш омадаро аз Худову сарнавишту қисмати хеш медонад. Касе, ки ба Русия боре омада бошад, хуб медонад, ки ҳама ҳуҷҷатҳои лозимиро кормандони Хадамоти муҳоҷират ва “корчалонҳояшон” ба маблағи гарон ба тартибу низом меоранд.

Садҳо нафари дигар чӣ тоҷику чӣ узбаку озарӣ барои даромади бе дарди миён миёнарав мебошанд. Ҳамин гуна ҳолатҳо мешавад, ки даҳҳо ва садҳо нафарро дар як хона ва як ҳуҷра ба қайд мегиранду тоҷики бечора ин нишонаро дар хобаш ҳам надидааст. Дар вокзалу бозорҳо низ гуруҳҳои махсусе ҳастанд, ки ҳама ҳуҷҷатҳои лозимиро ба ивази маблағи муайян қалбакӣ сохта медиҳанду кафолаташро касе намедиҳад.

Биёед, азизон, боадолатона қазоват кунед, тоҷике, ки як ароба сохта наметавонад, ӯ аз куҷо қудрату тавони сохтани муҳру сикка ё коғазҳои қимматбаҳоро дорад?! Ҳамаи ин найрангҳоро пулис ва Хадамоти муҳоҷират хубу аъло медонанд. Ҳуҷҷатҳояшро дар як нафас санҷида, қалбакӣ будани онҳоро фош мекунанду бечораро гунаҳкор карда, ҷарима, ҳабс ва ё хориҷаш менамоянд.

Сад афсӯс, ки надонистани забону бе хабар будан аз қонуну қоида ба ҷуз сархамиву тан додан ба тақдир дигар чора надорад. Тоҷик барои русҳо як воситаи дилхушкунӣ буда, хуб масхараву мазҳака мекунанду лаззат мебаранд. Дар шароити ғурбат надоштани ҷои хобу муҳайё набудани ҳама шароитҳои зиндагӣ бештари ҷавонон ба бемориҳои сироятии гузаранда гирифтор мешаванд. Дар ҷое хонда будам, ки сафи ихроҷшавандагон аз 90 ҳазор гузаштааст. Имрӯзҳо дар вокзалу фурудгоҳ бештари ҷавонони рондашударо дидан мумкин аст, ки бо табъи хираву оби чашмаш равон ба Ватан мераванд. Дар Ватан онҳоро, чӣ интизор аст? Ғаму ғусса ва хӯрдани азоби рӯзгор?! Таваҷҷуҳ намоед, агар ба чунин суръати тез ҷавонони зиёде бар ватан раванду ҷои кору машғулияте набошад, оё онҳо даст ба дуздиву авбошӣ ва ғоратгариву роҳзанӣ намезананд ё сафи нашъаманду майхора намеафзояд?

Тоҷикро дар Русия намекушанд, даҳҳо корд зада сарашро аз тан ҷудо менамоянд. Магар аз ин дида даҳшате ҳаст? Садҳо тоҷики бе ному нишон аст, ки кушта дар ҷангалу дарёҳо партофтаанд, ҳазор афсӯс касеро ғам нест. Ҳама ғами хешро мехӯранд, на аз ҳукумату на аз мухолифин, на сафорату на консулгариҳо оид ба ин масъала пойфишорӣ ва садояшонро баланд намекунанд! Ҳама дил бохта дар интизори мансабу курсианд, канӣ пешвое, ки миллатро аз вартаи нобудӣ наҷот диҳад. Ин азобу шиканҷа чанд соли дигар давом мекарда бошад? Ё ҳамаашро аз қисмату тақдир бинем?!

Наврӯзи ХАЙРУЛБАШАР”


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • 111

  • 7 январ 2014 11:49
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Офарин бародар!!!!!!
Посух додан
  • апоао

  • 7 январ 2014 12:00
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Шахси бесавод дар хар кучо азоб мекашад, хох дар Точикистон бошад, хох дар Русия. Хонед бачахо, хонед. Аккалан фарзандонатонро мачбур кунед хонанд, то ба ин рузи шумо гирифтор нашаванд.
Посух додан
  • Самарқанду Бухоро

  • 7 январ 2014 12:00
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дуруст қайд кардед бародар, офарин!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Салом бародари гиромӣ Наврӯзҷон дар ҳақиқат нуктаеро ишора кардаи, ки садҳо нафар ё балки ҳазорон тоҷик хоҳ ошкорову хоҳ пинҳон ҳамин нуктаро аз худаш савол мекунад, ки МО бо ин таърихи чандинсола чаро на дар РУСИЯ балки дар ватани худамон арзише надорем тоҷик зери корфармоии бегонагон қарор дорад ва тоҷики дигар,ки худро ҳамватан меномад ба ҳолаш механдад, ки ту аробакиши магазини афғонҳо шудаӣ. Дар ҳамин ватан касоне аз бемории рӯҳи ва сахтии зиндаги (бо сабабҳо) мемиранд, ки касе аз ҳолашон хабар надораду мегуянд бемор буд.Ҳайронам чаро дигарон дар ватани мо қадрдонӣ мешаванду тоҷик масхара мешавад? Чаро барои хитоӣ, афғон, негр, узбак, ва ғайраҳо, ки шаҳрвандӣ ҳам баъзешон надоранд беҳтарин имконот дар Тоҷикистон муҳайё мешаваду тоҷик куштаи гумном мешавад? Чаро дар кучаҳои шаҳрҳои Тоҷикистон мисли кишварҳои дигар хориҷиёнро пурсида намешавад (агар ҳам шавад кам мепурсанд)? (тоҷике, ки як ароба сохта наметавонад-- ин суханат нодуруст) Бародари азиз тоҷик агар имконияташ диҳанд баъзеаш чизҳои лозимро сохта метавонад, ки ақалан аз ҳамин замин нон ёфта метонад ку. Хеле хурсанд шудам, ки бародарон бо ин синну соли ҷавонӣ ба фикри миллат фуру рафтаанд...ЭЙ КОШ МО ҲАМ МИСЛИ ТУ БАРОДАР НЕКБИН МЕШУДЕМ....
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
АГАР НИМИ ТОҶИКИСТОН ҚИР КУНАНД, РАҲМОНДА БАРУ БИР. АФСОНА НАХОНЕД ҲЕҶ КАС ШУМОРО ГУШ НАМЕКУНАД
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хакикатро гуфтед! Шери нар зинда бошед.

Хакикатро гуфтед! Шери нар зинда бошед.
Посух додан
  • Дилшод

  • 7 январ 2014 12:58
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Вахшати зиндагии мухочирон дар Русия вахшати чанги шахрвандиро мемонад, ки тарсону ларзон дар хона менишиниву чурьати то ба чойи кор рафтан намекуни. 100% дуруст кайд карди, бародар! Ба Худо, ки рост аст. Як нафар навиштаст, ки "хондан даркор" Руят сиех
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ахсан бародари гироми, зинда бошед! Худованд хамаи мухочирони сарсахти точикро дар панохаш нигахдорад
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бародар зимни шунидани ин дарднома санг ба нола меояд, аммо мутаассифона ин мардуми бепарво не. Зеро ҳамарӯза дар як кунҷ ё канори Тоҷикистон садои нолаи зори модар, додар, бародар ва ахиран тифли кӯчаке ки аз пушти тобути падар мегиряд, ба гӯши ҳама мерасад. Аммо кӣ дар ин робита чӣ кор кард. Ба ҷуз ҳамдардӣ боқи чизе.......
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Сухани ҳақро гуфтед бародарам Наврӯзҷон Худованд донишатро аз ин болотар бигардонад, ки аз синни ҷавонии худ барои миллат ғамхори доред.
Посух додан
  • Восеъ

  • 7 январ 2014 13:47
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бехтарин коре ки шумо мекунед ин пурра баргаштани шумо ба втан хаст вагарна бо он 4 миллиард долларе ки бо азоб мефиристед касе дар фикри шумо нахохад шуд!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Аз пайи рузи парешон аст Точик дар чахон,
Ин парешони ба чашми гушначашмон ид шуд.
(Лоик)
Вок,еан ин дарди сахт аст,вакте аз Ватан, аз дустдоштаат, аз ёру бародаронат чудо мегарди.
Хонандаи азиз, ман аз соли 2003 тарки Ватанро шуруъ намудаам. То инчониб дарди хичрат мекашам.Хар сол меравам як ё ду мох, дар Ватан <<дами-лах,ад>> мегирам. Лах,заи аз х,ама дардноки умрам,ки х,ар лах,за, х,ар сония аз сари ман дур намеравад,ин вак,ти хайрбод бо дуструяконам,ки якеро Нозанин ном гузори кардаам ва дигареро Абдулло(номи мероси аз падарам).
Вале як "хайёли ширин",ки хамеша дар гирди сарам давр мезанад,маро ба шах,ри орзух,о мебарад:
<< Агар ман мисли -Криштиану Роналдо ё Месси-и шинохташуда обуруй медоштам, х,атман вориди шах,рх,ои Руссия мешудам,ва аз ин чо сухбатро аз х,амдиёронам огоз менамудам. Ва аз х,ар яко-яки онх,о хох,иш мекардам,ки баргарданд ба Ватани худ.Ва пешних,од мекардам,ки то<<20 05 2014>> кору борашонро як тарафа кунанд,ва ба хонах,ои худ баргарданд.Охир ин худфириби нест магар?,охир ин ах,мак,и нест магар?,ки дар ба дари бегона барои пул шуда,сар хам мекунем дар назди номусулмон.То кай мо худамон худамонро фиреб медих,ем?
"Ин хона к,ашанг аст вале хонаи ман нест"->>
Афсус сад афсус, ки ман на Месси х,астаму на Роналдо,ва ман як хонандаи кучаке х,астам,ки х,атто ба як "гадои"-куча х,ам сухани ман намегузарад.Хонаободу Ватандустдору сарбаланд бошед.
Озодагони мух,тарам агар малол нарасад ба шумои азиз! ин навиштах,ои маро, ки бо сузи дил навиштаам,як мак,олаи пурра мекардед. Ташаккур, бо эх,тиром Парвиз як хонандаи фаъоли "Озодагон".
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Самарқанду Бухоро,

Мардум хонад, нек домоди Ҷаноби Оли ё ягон хешаш набошад ак куҷо ҷои кор миёбад, бисёран шахсоне ки ҳатто дипломи сурх доранд1 аммо дар Руссия кор мекунанд((
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин бародар суханони дуруст навиштааст, ва кам тамоми амалдорони рус суи точикон хамчун як душмани катол нигох мекунанд ва кадом одамони одди агар точикро пуштибони кунад уро ситоиш мекунанд.Азон чумла ман хучатхоям дуруст буд аммо маро полиц дасгир карда ба суд бурд аммо сохиби хона, ки ман дар хонаи вай худро ба кайд гирифта будам иштирок кард ва ман хучатхоро нишон додам аммо инро баназар нагирифта маро депорт кард ва вайро бенихоят сарзаниш кард...
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
а бача то кая занак бори менолен..... wink
Ба қафо | Ба пеш

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!