Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 13:10

Маҳрумияти Юсуф Қарзовӣ аз ироаи хутбаи намози ҷумъа

7 январ 2014, 14:19

Амири Қатар Юсуф Қарзовӣ, раиси Иттиҳоди уламои олами Исломро аз ироаи хутбаи намози ҷумъа дар масҷиди Умар ибн ал-Хаттоби Доҳа маҳрум кардааст.

Расонаҳои хабарӣ ва сарчашмаҳои интернетии арабзабон менависанд, ин қарор аз сӯи Тамим ибн Ҳамад Оли Сонӣ, амири давлати Қатар, гӯиё дар пайи таниши лафзии ӯ бо Ҳамад ибн Ҷосим, собиқ нахуствазири ин кишвар дар мавриди сиёсати хориҷии давлаташон гирифта шудааст.

Дар ҳамин ҳол, манобеи хабарӣ мегӯянд, раиси Иттиҳоди уламои олами Ислом ҳафтаи гузашта барои адои намози ҷумъа ҳозир нашудааст. Аз сӯи дигар, худи Юсуф Қарзовӣ низ дар саҳифаи шахсияш дар Твиттер аз ҳаводорон ва намозгузорони масҷиди мазкур узрхоҳӣ карда, бидуни шарҳ гуфтааст, наметавонад, дар намози ҷумъаи ин ҳафта иштирок ва мавъиза кунад. Вале то ҳол хабари маҳрум шудани Юсуф Қарзовӣ аз ироаи хутбаи намози ҷумъа таъйиди расмии худро аз ҷониби мақомоти Қатар ва раиси Иттиҳоди уламои Олами Ислом наёфтааст.

Расонаи хабарии арабзабони “24” навиштааст, раиси Иттиҳоди уламои олами Ислом аз ироаи хутбаи намози ҷумъа баъд аз мавъизаи охирини худ алайҳи артиши Миср ва ҳукумати муваққати ин кишвар маҳрум гардидааст. Ба иттилои манбаъ, собиқ нахуствазири Қатар тавассути раиси Хадамоти мухобироти ин кишвар аз амир дархост намудааст, то ҷилави Юсуф Қарзовиро, ки ахиран алайҳи мақомоти қудратии бархе кишварҳои арабӣ, аз ҷумла Сурия ва Миср баромад мекунад, гирад.

Ин дар ҳолест, ки қаблан Ҳушом Баракот, додситони кулли ҳукумати муваққати Миср бо ирсоли як нома ба унвони пулиси байналмилал ё худ Интерпол хоста буд, ки Юсуф Қарзовиро боздошт ва ба ҳукумати кишвараш таслим намояд. Баракот дар ин номаи худ таъкид кардааст, раиси Иттиҳоди уламои олами Ислом яке аз дастандаркорони қазия “Ҳамла ба маҳбасҳои Миср”-и 25 январи соли 2011, ки Муҳаммад Мурсӣ низ дар он айбдор мешавад, муттаҳам аст. Вазорати умури дохилии Миср низ бо қарори як фармон номи Юсуф Қарзовиро дар рӯйхати афроди дар кофтукоб қарор дошта ворид карда, ба масъулини ин ниҳод дастур додааст, то ҳангоми вуруди Қарзовӣ ба қаламрави ин кишвар ӯро боздошт кунанд.

Юсуф Қарзовӣ 88 сол дошта, яке аз руҳониёни маъруфи мисрӣ ва раиси Иттиҳоди уламои мусулмонони ҷаҳон мебошад. Ӯ бо нашри китобу мақола ва барномаҳои телевизионии динияш миёни мардуми мусулмон мавқеи хосеро касб карда, вақтҳои охир бо мавқегириҳои шадид нисбат ба бархе ҳукком ва сарони кишварҳои арабӣ дар сархати расонаҳои хабарӣ қаро гирифтааст. Қарзовӣ тӯли чанд муддат аст, Мисрро ба қасди Қатар тарк карда, то кунун имом-хатибии масҷиди Умар ибн ал-Хаттоби шаҳри Доҳаро ба зимма дорад.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Озодагон! Лутфан дар навиштани хабар дақиқкор боше, хабарҳои дурӯғро паҳн накунед!!! Юсуф Қарзовӣ аз ироаи хутба маҳрум нашудааст!!! Рӯзи ҷумъа дар масҷиди мазкур хутба намуд!!!!!

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!