Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 15:38

Мурофиаи 10 нафари муттаҳам дар қатли Сорбон ва Саъдӣ (АКС+ВИДЕО)

7 январ 2014, 14:56

Нилуфари КАРИМ

Додгоҳи шаҳри Душанбе баъд аз зӯҳри ҳафтуми январ ба баррасии парвандаи гурӯҳи даҳнафарии муттаҳамони қатли Сорбон Музаффарбекови 20-сола ва Саъдӣ Сатторови 25-сола оғоз кард. Раисикунандаи мурофиа додраси Додгоҳи шаҳри Душанбе Абдусамим Одинаев аст.

Сорбон Музаффарбеков, муштзани тоҷик, 26 августи соли 2012 дар наздикии тарабхонаи “Бешаи палангон”-и шаҳри Душанбе бо зарби корд захмӣ шуда, баъдан дар бемористон ҷон додааст. Мақомот дар марги ӯ Шералӣ Муродови 22-сола, Камолиддин Тошзодаи 21-сола ва Абдулазиз Шарифҷони 24-соларо айбдор мешуморанд.

Париноз Улфатшоева, модари Сорбон Музаффарбеков, дар назди додгоҳи шаҳри Душанбе, ки бо хабарнигорон сӯҳбат мекард, гуфт, мехоҳад, муттаҳамони қатли писараш ба бадтарин ҷазо маҳкум бишаванд: “Мехоҳам, бадтарин ҷазоро ба онҳо бидиҳанд, то бифаҳманд, зиндагӣ чист. Бачаи ман шахси кӯчагард набуд. Дар Донишгоҳи политхеникӣ мехонд. Бар илова бачаҳои мардумро таълим медод, бокс ёд медод.”



Мусоҳиби мо афзуд, “то замоне ҳастам, ин доғ аз дилам намеравад. Он ваҳшигарие, ки инҳо карданд, ягон ваҳшӣ намекунад. Аввал бехабар ба тани писарам корд заданд ва ӯро таъқиб намуда, дар таҳи купрӯк боз бо кордчаҳои гуногун ба аъзои бадани ӯ зарба заданд.” Париноз Улфатшоева дар идома гуфт, бино ба хабаре, ки дастрас кардаанд, ду тан аз муттаҳамони куштори писараш ҳанӯз боздошт нашуда, зоҳиран аз кишвар фирор намудаанд. Яке аз ин муттаҳамон, ба қавли модари Сорбон, Мубориз Муҳаббатов ном дошта, гӯиё ному насабашро ҳам иваз намудааст.

Аммо Субҳон Тошев, падари Камолиддин, яке аз муттаҳамони куштори Сорбон Музаффарбеков, дар сӯҳбат бо “Озодагон” гуфт, писараш аслан дар ин қазия айбе надорад. Ба қавли ӯ, гӯиё навори видеоӣ ҳаст, ки бегуноҳии писарашро исбот мекунад, аммо мақомот аслан ба он эътибор намедиҳанд. “Рӯзи 31 августи 2012, баъд аз ҳодисаи куштори Сорбон, ки писари ман низ дар “Бешаи палангон” буд, худам ӯро ба додситонӣ бурда супоридам. Бовар доштам, ки ӯ бе гуноҳ аст. Вале ҳоло ӯро ба курсии айбдорӣ шинондаанд”,-афзуд ӯ.

Ҳуқуқдон Бузургмеҳр Ёров дар ин мурофиаи додгоҳӣ аз Дилшод Наимов дифоъ мекунад, ки дар робита ба куштори Сорбон Музаффарбеков боздошт шуда, ҳоло ба курсии айбдорӣ нишастааст. Оқои Ёров мегӯяд, дар маҷмӯъ, дар ин мурофиа парвандаи 9 нафар баррасӣ мешавад, ки 4 нафари онҳо бо моддаи куштор, 2 нафар барои сохтакорӣ ва дигарон барои авбошӣ айбдор мегарданд. Дилшод Наимов, нафари таҳти ҳимояти Бузургмеҳр Ёров, 24-сола буда, соҳиби як фарзанд мебошад. Оқои Ёров мегӯяд, “зерҳимояи ман худро гунаҳкор намешуморад. Сорбонро хуб мешинохтааст. Падари Сорбон дар толори додгоҳ гуфт, ки Дилшодро намешиносад, аммо бародари Сорбон зерҳимояи маро хуб мештиносад. Вай гуфт, ҳамин Дилшод бегуноҳ аст.”



Қатли Саъдӣ Сатторови 25-сола моҳи апрели соли 2013 дар тарабхонаи “Шаҳрисабз”-и пойтахт сурат гирифтааст. Баъдан Вазорати умури дохилии Тоҷикистон эълон кард, ҳафт нафари муттаҳам дар куштори Саъдиро боздошт намудааст, ки дар миёнашон Ҷаҳонгир ва Шералӣ Муродовҳо низ буданд.

Дар пайи ин ҳодиса, волидони Саъдӣ Сатторов низ аз Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дархост карданд, то тафтишоти қазияро зери назорати худ бигирад. Волидони ин ҷавони марҳум аз он нигаронӣ карданд, ки гӯиё қотили эҳтимолии фарзандашон аз оилаҳои бонуфузи Тоҷикистон аст ва дар гузашта низ аз ҷавобгарӣ барои чандин ҷиноятҳои вазнин халос шудааст.


Акси Сорбон Музаффарбеков:

Мурофиаи 10 нафари муттаҳам дар қатли Сорбон ва Саъдӣ (АКС+ВИДЕО)

Мурофиаи 10 нафари муттаҳам дар қатли Сорбон ва Саъдӣ (АКС+ВИДЕО)


Акси Саъдӣ Сатторов:

Мурофиаи 10 нафари муттаҳам дар қатли Сорбон ва Саъдӣ (АКС+ВИДЕО)

Мурофиаи 10 нафари муттаҳам дар қатли Сорбон ва Саъдӣ (АКС+ВИДЕО)


Назди Додгоҳи шаҳри Душанбе, 7 январ:

Мурофиаи 10 нафари муттаҳам дар қатли Сорбон ва Саъдӣ (АКС+ВИДЕО)

Мурофиаи 10 нафари муттаҳам дар қатли Сорбон ва Саъдӣ (АКС+ВИДЕО)


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Дилшод

  • 7 январ 2014 15:37
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хмммммм, "Фарзандони бонуфуз" Истилохи шинос.
Посух додан
  • Шахрванд

  • 7 январ 2014 16:21
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Саймурод Муродов ва ду писари ӯ – Ҷаҳонгиру Шералӣ. аз дасти ин падару писарон чандин нафарон азият кашидаанд аз додситон хохиш мекунам чазои вазнин таъин кунад то эхсоси камбагалону бечорагонро дарк кунанд....
Посух додан
  • muhojir

  • 7 январ 2014 16:39
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
O in Tojikiston besohib ast va poraxuri dar joi aval. man namefahmam to ba kay in genadsidi Tojik davom meyofta boshad
Посух додан
  • Чамшед8808

  • 7 январ 2014 16:50
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Апачон Шумо бояд фарзандатона ба ин хел чойхо рафтан намемондед. Бешаи палангон як фохишахона аст ки дар он чо духтару писар маст мебошанд. Агар фарзанди Шумо маст бошад унашро Худо медонад.....
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин котилонро ба дор кашидан даркор. Бар падаратон лаънат, котилони номард.
Посух додан
  • Mija

  • 9 январ 2014 19:49
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
#2 написал: Мича
Группа: Гости
22 июл 2013 21:46
Авалалан саломи худро ба "Озодагон" мерасанам Баъдан гуфтаниям ки ба ба падару модари Саъди махрум сабру токат худованд дихад ба ин фарзанди ба дунё овардаашон ...Ва баъдан гуфтаниам, ки аз овазахои куча ва хамсоягонашон шунидаам ки дар хечкучо кор намекардаасту ва бо бародараш Сорбон рекет ва авбоши дар Точикистон ном буроварда буданд айни замон бародари Махрум Саъди Сорбон рузи 17.07.2013 ду нафар шарвандро бо мошини шахсияш коидаи харакатро вайрон карда ба халокат расон дар назди Карияи -Боло ки пеш аз он Сорбон бародар махрум Саъди доғи суди дошт..ва бо ародари аз хама хурдияш бо авбоши дар додгох рузи наздик ба мухлати 3 сол аз озоди махрум карданд..Авалло рузи 28.04.2013 дар тарабхонаи Шаҳр Сабз аз руи шунидам бародарон Муродовхо бо рафиконашон дар зодрузи рафикашон нишаста будан аммо ба он зодруз Саъди даъват карда нашуда буд вале вакте ки дар байни рафикони дар хамончо нишаста гапояшон мегурезад Икромча ном шахс ки Саъди махрум посбони у будааст уро занг зада файрод мекунад ва у дар холати масти бо тапончааш омада се тир ба тарафи бачахоеки дар хамончо хузур дошта будан мепаронад ки дар натича чанг калон шуда ва ба ҳалокат мерасад Саъди маҳрум ...ки вакте ки Икром шахсе ба у занг зада мегуяд биё ба чанг дар он вакт соат 1 :00 шаб буд ки агар тарбияи хуб медошту аз ин кирдорхои авбоши дур мебуд ба инчо намеомад ва бо тапонча хатто паронданро наметавонист валле ки ин кирдорхои Саъди махрум чандин маротибахо буд ва хама чавонон ин кирдорхои авбошонаашонро бародарони Сатторовхоро Саъди махрум ва Сорбонро медонанд....вале дар ончо шаби 28.04.2013 рафико барои зодруз нишаста буданд наин ки барои чанг зеро ки махрум Саъдиро хечкас аз хонааш бароварда накуштааст у худаш ки аз кирдорхои авбошонааш ба халокат расидааст...Хеч кас аз худованди Бузург зур нашудааст..ман фикр мекунам ки ин хама насибу такдири бади хамин чавонписар маҳрум Саъди мебошад ки дар натича аз олам чашм пушид бо кирдорхои бади худ... Нафакат бояд як падару модари ин чавонписарон балки хамаи Точикистон бигзор падару модараш аз тарбияи фарзанди худашон дур набошанд..ки дар нитича ба ин кирдорхои фарзандаашон сар хам набошанд...Вале хакикат дар Чумхурии Точикистони мо хаст ман фикр мекунам ки дар халоте ки Саъди махрум бо тапончааш тарафи чавонмардоне ки дар хамон тарабхона нишаста будан паронд хар касе ки мебуд барои химояи худашон худашонро мухофизат мекарданд..ки ин наин ки одам куши балке моддаи 107 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон мешавад ки дар он модда худхимоя карданро пешбини кардаанд.вале хама ин 7 нафари ки дастгир кардаанд бегунохан тарафи бади махрум Саъдиро хам дидан лозим аст ки хислатхои бади у ва абошонаашонро дар хамин видеоеи дар тарабхона сабт кардаанд мавчуд мебошад дидан лозим...Худо хамаи ин бандахои мусалмонро нигах дорад ва аклу тамиз дихад. ба диққататон ташакур.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Э гуш кун шахрванд номи ин оилаи Муродовхоро намедони дар хаки ин оила ин гапхоро нанавис агар ту ин кадар дилу чигар медошти ному насабатро менавишти на балки хамчун ШАХРВАНД(((( Конкретно навис кихо посдрадали??????Чахонгир Шерали Саидмурод ягон гунох надоранд)))))
ХУДО ХОХАД ИН ША АЛЛОХ АЗ ЗИНДОН БО САРИ БАЛАНД МЕБАРОЯНД!!!!!!
Посух додан
  • rah

  • 10 январ 2014 16:54
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
чаро пракратураро тухмат мекунан ин ду занак бе ягон асос боян хардуяшон барои тухматашон ба чавобгари кашида шаванд. Ба маълумоти ман Саъди ва Сорбон албош буданд чунки соати 1 ки шаб дар тарабхона дар холати масти карор доштанд Саъди дар дасташ тапонча ва дар холати масти карор дошт харом мурд дар тарабхонаи "шахри сабз" ва Сорбонашам хам чунин, чаро ин занон аз инду чавон фаришта месозанд одами ба маъне дар соти 1 ки шаб дар хонааш бошад.
Посух додан
  • чамшед

  • 13 январ 2014 21:43
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ин точикистон бесохиб шудаст ку хар чи ман зиндаги намекунам !!!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Иншаалох Чазо вазнин мегиранд ! ! !
Посух додан
  • Хайрандеш

  • 8 март 2014 17:29
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Mija, Ачоиб! Рэкэт буд, дар Точикистон ном бароварда буд,варзишгар буд, пистолет дошт, ба тарафи бачахо се тир паронду ба ягон кас нарасид,лекин аз зарбаи корди як авбош (пеш аз ин ду каси дигарро бо корд зада, яке ба халокат расида дигаре захми шуда буд ба авбоши мутахам шудааст ва дар хамин давра нисбати куштори дигараш дар кофтуков карор дошт) ба халокат мерасад.Саъди бо тахаллуси "Спортсмен" машхур буд,котили у Шерали Муродов бо тахаллуси "Шералии кордчазан"

rah, Ба фики шумо ба тарабхона факат авбошон мераванд? Дар мамлакатхои пешрафта тарабхонахо 24 соат кор мекунанд ва шахрвандон мехмонхояшонро дар тарабхона зиёфат медиханд.

rah, Ман посуххои тарафдорони оилаи Муродовхоро хонда ба онхо бахо додан метавонам.Яке мардуми ба тарабхона мерафтагиро авбош мехонад дигаре бемаъни мехонад аммо нисбати он ки Падари Муродовхо якум бор суд шуда истодааст Чахонгир сеюм бор, Шерали сеюм бор, Парвиз дар Русия дар махбас аст,касе чизе намегуяд.
Посух додан
  • Mija

  • 10 апрел 2014 19:44
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Eeee rax namedoni gap naza u Sadi 1 shav ba maksadi ba zodruzi yagonkas raftan nabud ki xichki fayrod nakada bud ura vay ba maksadi avboshi rafta bud xarom murd dar vakti pyonish
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ЭЙЙЙЙЙ МАРДУМ БОВАР НАКУНЕД ДАР ТОЧИКИСТОН КОНУН НЕСТ ВА НЕМЕШАВАД ФАКАТ БЕАДОЛАТИ ПАДАРИ ШЕРАЛИ ,ЧАХОНГИР ИНХО БЕГУНОХАНД,ПАДАРИ ШЕРАЛИ БАРОИ БЕХБУДИИ ДАВЛАТ КОР МЕКАРД...ЧИ КАДАР ХИЗМАТАШ БА ДАВЛАТ РАСИДАГИ ЧАНД АВБОШУ ТЕРАРИСТОЯ ДОШТА БА ДАВЛАТ СУПОРИДАГИ АКИДА КУНЕД ...ОДАМОНИ КАЛОНСОЛ ФАКАТ НАСИХАТ МЕКАРДАНД,КИ АГАР ОДАМ КУШТИ ТУЯМ ХАМИН ХЕЛ МЕКУШАНД ...ИН БАЧА БАЪДИ 30 КИ МЕШАВАД ...ШУМО МОДАР ДИЛИ МОДАРА ФАХМЕД ...Чаноби олии ба охи дили модар худатонро гирифтору гунахгор накунед шумоям фарзанд доред...ин судьяхо ин мутафатишхо хама фарзанд дорад агар падари шерали хатое дар инчо надорад эйй модарон аз дайдугии куча гардия фарзандхоятона тарбия кунед баъд фарзандхои мардума тухфат накунед ....ба хола Саъди гуфтаниям ки забон бе устугон харчи лакидан мегирад пеш ин занро модарро ганда ва тухмат карда камтар аз худо тарсед аз дастои хамин занхои тухматчи дуньё ба охир расида истодааст !!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!1

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!