Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 07:03

Хоманаӣ, Эрдуғон ва Фалк дар феҳрасти 10 чеҳраи антиисроилӣ

7 январ 2014, 16:53

Маркази Симона Визенталия 10 чеҳраи яҳудситез ё “анти-исроилӣ”-ро тартиб додааст.

Дар садри ин рӯйхат, оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари рӯҳонии Эрон қарор дорад. Раҷаб Таййиб Эрдуғон, нахуствазири Туркия шахси дуюм аст, навиштааст Worldbulletin. Марказ гуфта, ки Эрдуғон ба далели барҳам задани “стратегияи дӯстӣ”-и Исроил бо Туркия ба ин феҳраст шомил шудааст.

Исми Ричард Фалк, гузоришгари вижаи Созмони Милал оид ба вазъи сарзаминҳои ишғолии Фаластин, ки амали Исроилро нисбат ба фаластиниҳо генотсид номид, дар мақоми сеюм аст.

Маркази Симона Визенталия, созмони ғайриҳукуматӣ буда, ҳадафаш ҳифзи ҳуқуқи инсон, мубориза бо терроризм, антисемитизм ва омӯзиши Ҳолокост гуфта мешавад. Ин марказ соли 1977 дар Лос-Анҷелес таъсис ёфтааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • aziz

  • 8 январ 2014 07:03
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
чехрахои анти ислом чанд нафар бошад а ?
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Рачаб Тайиб Эрдегон душмани Исроил аст аммо Саид Алии Хоманаи дусти асосии Исроил мебошад. Ин сиёсати дуругии Эрон аст ки худро душмани Исроил нишон медихад аммо дар асл ин ду Эрон ва Исроил дусти вокеъи хастанд. Хоманаи ин сиёсатро барои чалби мусалмонон сохтааст. Исроил аз берун яъне ошкоро Эрон бошад аз дохил яъне пинхони мубориза барандагон бар зидди дини ислом ва муслимин мебошанд.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ин назария,назария ваххобист.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
коршинос,
Дусти Изроил арабистону туркия мебошанд на Эрон

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!