Бахшҳо

Зайд Саидов -- ҷинояткор, қурбонӣ ё қаҳрамон?

Рустам ГУЛОВ, Вlogiston.tj

Новобаста аз он ки кӣ чӣ мегӯяд, касе Зайд Саидов, соҳибкор, вазири собиқи саноат ва раҳбари гуруҳи ташаббускори таъсиси Ҳизби Тоҷикистони навро, маҳз ҳамчун ҷинояткор қабул надорад. Баръакс, дар назари аксарият ӯ ҳамчун қурбонӣ аст, қурбонии мошини ҳукумат, қурбонии сиёсат.

Аз замони дастгир шудани соҳибкори муваффақ ва чанде боз сиёсатмадор, қариб як сол мегузарад. Як рӯз пеш аз Соли нав, вақте тамоми кишвар ба пешвози соли нави 2014 омодагӣ медид ва қариб ҳама шабакаҳои телевизионии ҷаҳон аз барномаҳои идонаю табрикотии солинавӣ пур буданд, Шабакаи аввали телевизиони тоҷик дар барномаи “Ахбор” ба таври худ туҳфаи солинавӣ ироа намуд. Ин пахши барномаи хабарӣ дар таърих нотакрор буд ва аз пахшҳои дигар бо он фарқ мекард, ки новобаста аз омад-омади Соли наву омодагӣ ба ид, анҷоми мурофиаи додгоҳии Зайд Саидовро пӯшиш медод ва табиист, ки оид ба 26 сол паси панҷара равон шудани ӯ хабар дод.

Агар то ин вақт на ҳама дар бораи вазири собиқ ва соҳибкори муваффақ фикр мекарданд, баъд аз ин барнома, мо дубора ба хотир овардем, ки Зайд Саидов ҳанӯз дар олам ҳаст, ӯ тӯли 26 соли оянда бояд паси панҷара нишинад, ӯро ба гунаҳҳое айбдор кардаанд ки гӯиё 8 сол қабл ҳангоми вазир буданаш содир намудааст ва ғайр аз озодӣ, давлат кулли дороии ӯро низ гирифтааст.

Бо шунидани ин хабар, ман бори дигар оид ба Саидов, воқеаи атрофи ӯ ва суолҳое, ки дар ин робита пайдо мешаванд, андеша кардам:

1. Сохтори ҳифзи ҳуқуқ, агар дар бораи ҷиноёти Саидов хабар доштанд, чаро тӯли муддати зиёд тоқат кардаву ӯро дастгир накарданд? Чиро интизор буданд? Фармонро? Аз кӣ? Кӣ ба онҳо амри охиринро барои дастгир намудани Зайд дод?

2. Чаро кушодани парвандаи ҷиноӣ нисбат ба Саидов маҳз бо эълони созмони ҳизби сиёсӣ рост омад? Кӣ тарсид, ки ҳизби “Тоҷикистони нав” рақиби бақувват хоҳад буд? Кӣ дар симои Саидов рақиби эҳтимолии худро дид? Кӣ то ҳадде тарсид, ки тасмим гирифт Зайд Саидовро – ба маънии ҳақиқӣ, на маҷозӣ – куллан нобуд кунад?

3. Чаро парвандаи ҷиноӣ барои бисёрзаниро маҳз Оҷонсии зидди фасоди молӣ боз кард? Бисёрзанӣ бо мубориза алайҳи фасоди молӣ чӣ иртибот дорад? Ё онҳо танҳо супориши касеро иҷро карданд?

4. Чаро ин парвандаи дар асл оддии ҷиноӣ махфӣ эълон шуд? Аз кай боз бисёрзанӣ ва таҷовуз то ин ҳад ҷинояти махфӣ шудаанд, ки ҳатто тафтишот аз рӯи чунин парванда муҳри махфиятро гирифт?

5. Чаро, бо вуҷуди махфӣ будани парванда, анҷоми он тавассути шабакаи телевизионии марказӣ нишон дода шуд? Мақоми ин “ҷинояткор” ба ин ҳад баланд будааст, ки ӯро дар Шабакаи аввали телевизиони давлатӣ нишон доданд. Агарчӣ парвандаи ӯ танҳо бо ҷиноят марбут буд, аммо мурофиаи шахсони барои амнияти кишвару миллат хатарнок, мисли Ёқуб Салимов ва Ғаффор Мирзоев (Седой), ки гӯиё нақшаи қатли президент ва табаддулоти давлатиро доштанд, комилан паси дарҳои пӯшида гузашт?

6. Магар инро чизи дигаре ҷуз «қатли намоишии» Зайд Саидов номидан мумкин аст? Чаро чунин шуд? Ба хотири тарсондани дигарҳо, то ба сиёсат ҳамроҳ нашаванд? Мақсади нишон додани хулосаи судӣ дар «Шабакаи аввал» ҳамин буд?

Ба атроф нигариста, сари ин суолҳо фикр мекунам ва ба аксуламали мардумро аҳамият медиҳам. Яке мегӯяд, Зайд Саидов хато кард, ки ба умеди адолат шуда, ба Тоҷикистон баргашт. Дигарӣ ӯро барои боварии аз ҳад зиёд ва бе асос ба ҳукумат ва дурбин набудан «ҷанг» мекунад. Сеюмӣ дар ин ҳама кӯшиши навбатии ҳукуматро барои тарсондани мардум мебинад, ки намоиши ҳукми додгоҳ дар телевизиони давлатӣ низ далели он аст. Дигарӣ нисбат ба ӯ дилсӯзӣ мекунад. Аммо ҳаст нафаре, ки чунин кори ҳукуматро дуруст меҳисобад?

Аксари кулли мардум мефаҳманд, ки бо зиндонӣ кардани Саидов ба чунин муддати тӯлонӣ, додгоҳ ва парлумон вобастагии худро аз ҳукумати иҷроия нишон доданд: додгоҳ – бо ҳукми баровардааш ва парлумон – бо хомӯшияш.

Худи ҳукумати иҷроия бошад, танҳо тарси худро нишон дод. Ҳатто тарафдорони сарсупурдаи ҳукумати вақт мефаҳманд, ки чунин кӯшиши нобуд кардани як одами маъюб бо чунин як ҳукми вазнин, ки маълум аст аз рӯи нишондоду далоили қалбакӣ бароварда шудааст, далели он аст, ки ҳукумат аз як нафар метарсад. Низом аз як Инсон метарсад!

Ин алакай нишони заъфи ҳукумат аст. Сустии хадамоти махсус, сустии сохтори «ҳифзи ҳуқуқ», сустии сохтори қудратист – онҳо ба нобудкунии одамони алоҳида гузаштаанд. Хулоса, ҳамин аст, ки новобаста аз ҳарчӣ нисбат ба Зайд гуфта мешавад, ӯро қариб ҳеч кас ҳамчун ҷинояткор намешиносад. Агар дар ягон ҷомеаи насронӣ мебудем, пас аз ҷанде Саидовро риёзаткашу шаҳид ном бурда, ба қатори шахсони муқаддас ворид мекарданд.

Аммо мо дар Тоҷикистонем! Дар назари мардум рӯз то рӯз обрӯю эътибори Зайд меафзояд – нисбат ба ӯ дилсӯзӣ мекунанд, эҳтиром мекунанд, аз ӯ меомӯзанд, ба ӯ мақолаю навиштаҳо мебахшанд – аз таҳти дил, барои косалесӣ не. Аммо фикр намекунам ӯро касе аз таҳти дил бад бинад.

Яқинан аз ӯ метарсанд, аммо бад намебинанд. Бахусус онҳое, ки дар мақкумияти ӯ даст доранд.

Бо вуҷуди ин ҳама, бо гузашти замон давлат мефаҳмад, ки бо раванди табиӣ муқобилат кардан ғайриимкон аст – ба Зайд тақлид хоҳанд кард!

Пас аз ин ҳама, ӯ кист? Қурбонӣ? Ҷинояткор? Фикр мекунам, нисбат ба ӯ бештар аз ҳама унвони дигар дуруст аст: Қаҳрамон!


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
тарафдор
тоҷик
ҳатман ҚАҲРАМОН болотар аз Спитамен

Фаришта
Бале Зайд кахрамон аст!

мухочирхо аз руссия
офарин бародари азиз худо шуморо нигах бошад бо ин сухани хакатон,мо сад дар сад медоним зайд саидов чи хел инсон аст,вай худро курбони милати худ кард,локин иншоллох чох кан зери чох аст худо якин худаш медонад,ойяндаи миллатидар азоб аст,бо ин фасоди ,беконуни,харомхури хешутаборбози,ноадолати махалгарои окибати миллат хору залил аст,шайтон ноумет банда ба умед,мо мухочиро пайрави дастгири вай ва партияи уйем,то ин ки ватани худро аз ин офати бало гирифтор шуда рохо созем ва иншоллох ба орзуи худ мерасем,ва аз худо озодии вайро талаб дорем,

Самарқанду Бухоро
Қахрамони миллию халқии точикону Точикистон- Зайд Саидов! Қахрамон! Қахрамон! Қахрамон! Қахрамон! Қахрамон! Қахрамон! Қахрамон! Қахрамон! Қахрамон! Қахрамон! Қахрамон!!!!!!!!!!

Бародар гапи хакро худат гуфти... бо ин хукумати тарсу ва депутатхои дарбории

Карим аз Ростов.
Масъалаи боздошт ва чазои вазнин ба Зайд Саидов зеркосаи худро дорад. Бо ин кор ба хамаи касоне, ки давои президентшави доранд хушдор доданд ва мехоханд рохро ба номзади оянда Рустами Эмомали хамвор созанд.

Часур
Кахрамон кахрамон кахрамон афсус, ки паси панчара афсус сад афсус

Кахрамон кахрамон кахрамон афсус, ки паси панчара афсус сад афсус

Метавон гуфт, ки васати тамом маколоти нигошташуда дар бораи сохибкори муваффак - Зайд Саидов маколаи фавк, маколаи бехтарин аз руи тахлилу кушодабаёни буд. Бале, бояд хатман сараввал суолот гузошта шаванд ва баъдан метавонад худи масъала равшан гардад. Бешак, кайхо моро мебоист унвони Кахрамониро ба ин абармард бидихем. Аммо чун хамешаги мо дар амалхои мухим дер мекунем. Хамонгуна, ки дар асрхои миёна яке аз уламои бузурги Исломро зиндони карданду гуфта буд: "Зиндони шудани ман маънии озод будан ва бо Худои хеш бештар такарруб чустани маро дорад" - ин суханони Шайхулислом ба холи Зайди кахрамони мо бештар дурустоянд аст! Ва дуруст аст, ки инак хамагон аз Зайд таклид хоханд кард ва фикри оне, ки бо хабс кардани у мухри хомуши бар дахону куфли бегапи бар забони точики баору номус задаанд хатост ва ба кавле "тушбераро хом шумурдаанд". Онгуна, ки яке аз олимони бузург фармуда буд, ки: "Мусалмонон ба чуз ба илми олим ба хуни олим низ ниёз дорад", мо низ ба чуз аз озоди ва дасти кушоду дили фарохи Зайди Саид ба хабсу тухмату бухтонхои нисбаташ шуда низ ниёз доштем ва имруз иншоАллох бо махрумияти озодии у, озодии тафаккуру талошро ба даст овардем! Худо ба у сабру шикебоиву шукр дар баробари зулму ситамро ато бифармоёд ва моро тавони боз кардани харчи дар банду манъиятхоро!

Тарафдори Хак
Ташакур биродари муаллиф барои чунин суханхои ба маврид, Худо ачрат дихад!!! Сад афсус... эй Зайде,ки дар ёдхои, эй Зайде ки дар сахифаи таърих номат сабт хохад шуд. ИншоАллох! Хар вакте ба назди бинохое,ки Зайд сахм дорад мегузарам охе диламро фаро мегуям Зайд...эй Кахрамон!

ффф
Ба фикри ман ҳар манфиатҷуро қаҳрамон гуфтан хуб нест! Аввал андеша баъд гуфтор, Зайд Шерович дар ҳақиқат ҷинояткор аст. Бародари мақоланависро косалеси иғвоангез мегуянд. Чаро фақад шумо ҳуқуқи Зайдро ҳимоя мекунед ва инҳам маълум аст.


Яъкуб.
Халки Точик дар чил соли охир ду Кахрамони милли дорад.Яке шодравон Т.Абдучаббор ва дигар З.Саидов.Ва сад дар сад бо бавари метавон гуфт инхо дар таърихи хамчун озодихох мемонанд

парвиз
Шахсан барои ман хамчун шахрванди Чумхурии Точикистон Зайд Саидов на хубиаш расидааст на бадиаш,вале ман ,ки худ сокини шахри душанбе мебошам як чизро фахмида наметавонам,Чаро хамаи шумо З.Саидовро кахрамон меномед?барои кадом амалаш?ман намегуям ки у аз дигар дуздон бад аст ё нек,у хам ба мисли дигархо медуздид,мехурд,мегашт.Ягон хубии у ба ягон камбагал нарасидааст.мумкин ба ягон хешутабораш ё хамшахриаш ёри расонида бошад.Лекин чи даркор уро кахрамон номидан.Хизби сиёсиашро у махз барои он кушод ки ба делои чиноии у тобиши сиёси дода шавад.ин амалро ба у касе аз хоричи маслихат додагиаст.барои хамин илтимос уро кахрамон наномед

корвон дарвоз
ахрамонони точикро халку давлат эътироф кардааст. ному ъхидмату сураташон дар хама чо дастрас аст. аз ин ру хар кас касеро аз пещи худ кахрамон гуяд кахрамони шахси ё махаливу хизбию гурухию мазхабии уст аммо НА КАХРАМОНИ МИЛЛИ..Бо Зайд сару коре надорам аммо ин кадар пулу молу хонау зану духтар чамъ кардааш дар ин шароити танг , ки мохонаи мо ду чавол орд аст, албатта покияшро тахти суол карор медихад. БОКИ казоват дар дасти ХУДОСТ...

Сабур Достон
Зайд Шерович Саидов дар хакикат КАХРАМОН аст. Офарин ба муаллиф, агар ба банди якуми макола ахамият дихед, хама чиз маълум, ки боздошти ин фарди ватанхох сирф сиёси ва супориши.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)