Бахшҳо

ФФТ беҳтаринҳои футболи тоҷикро эълон мекунад

Рӯзи ҷумъаи 10 январ маросими тақдими ҷоизаҳо ба беҳтаринҳои футболи тоҷик дар мавсими 2013 баргузор мешавад.

Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, расми эълони беҳтаринҳо дар меҳмонхонаи “Ҳаят Реҷенси Душанбе” бо иштироки тимҳои ғолиби лигаҳои аввал ва олӣ, тренер, довар ва собиқадорони футболи кишвар ва меҳмонҳои фахрӣ доир мегардад.

Маҳз дар ин рӯз ба қаҳрамонҳои лигаи олӣ – “Равшан” (Кӯлоб), “Истиқлол” (Душанбе) ва “Хайр” (Ваҳдат), ғолибони лигаи аввал – “Саройкамар” (Панҷ), “Эсхата” (Хуҷанд) ва “Далерон-Уротеппа”-и Истаравшан нишонҳои тило, нуқра ва биринҷӣ тақдим хоҳад шуд.

Ба ҷуз ин, дар маросим исми “Беҳтарин дарвозабон”, “Беҳтарин ҳимоятгар”, “Беҳтарин нимҳимоятгар”, “Беҳтарин ҳамлагар”, “Беҳтарин нишонзан”, “Беҳтарин тренер”, “Беҳтарин довар”, “Беҳтарин легионер”, “Беҳтарин футболбози тоҷик, ки дар кишварҳои дигар бозӣ мекунад”, “Беҳтарин бонуи футболбоз”, “Беҳтарин бозигари футзал”, “Беҳтарин футболбози наврас” (дар се син), “Беҳтарин тренери кӯдакон” ва “Беҳтарин футболбози Тоҷикистон” эълон хоҳад шуд.

Дар гузашта ба унвони “Беҳтарин футболбози Тоҷикистон” шаш нафар даст ёфтаанд: Хуршед Маҳмудов аз ҳама бештар – чор маротиба (2005, 2006, 2008, 2011), Нуъмон Ҳакимов ду маротиба (2007, 2009), Аслиддин Хабибуллоев (2003), Анвар Норқулов (2004), Юсуф Рабиев (2010) ва Дилшод Восиев (2012) як маротибаӣ.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
78
Хамин футболи Точикистон чияй. Боз чоизаву хайхую вохима. Равед зиедтар машк кунед бозиро ед гиред.

Фан
Саройкамар табрик насиб кунад!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)