Бахшҳо

Ҳушдори мақомот аз харидории симкортҳои “беном”

Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия аз муҳоҷирони меҳнатии тоҷик хостааст, аз фурӯш ва харидории сим-кортҳои «беном» дар кӯчаву хиёбонҳои ин кишвар худдорӣ намоянд.

Тавре аз хадамоти муҳоҷират ба “Озодагон” иттилоъ доданд, аз 1 январи соли равон мувофиқи меъёрҳои нави қонунгузории федералӣ дар қаламравӣ Русия фурӯши сим-кортҳо барои алоқаи мобилӣ дар кӯчаҳо, бидуни сабти ном ва дигар нишондодҳои муайянкунандаи шахсияти харидор манъ шудааст.

Манбаъ мегӯяд, ҳадаф аз татбиқи ин чораҳо пешгирии амалҳои қаллобӣ, ки бо истифодаи симкортҳои, ба истилоҳ «бесоҳиб» анҷом дода мешуд: “Минбаъд тибқи талаботи нав фурӯши сим-кортҳо танҳо бо таври стансионарӣ, дар дӯкону толорҳои фурӯшгоҳҳо иҷозат дода мешавад. Дар қонуни нав танҳо воситаҳои нақлиёте, ки маҳз барои хизматрасонии муштариён муҷаҳхаз гардонида шудааст, аз ин истисноянд”.

Намояндагии хадамот иброз медорад, ки барои иҷро нагардидани талаботи мазкур қонунгузорӣ ҷавобгарии маъмурӣ дар шакли ҷарима пешбинӣ намудаст. Ҳамчунин бастани шартнома аз номи оператори мобилӣ ба шахсоне, ки чунин ваколатро надоранд, ба шахсони воқеӣ- аз 2 то 5 ҳазор, ба шахсони масъул- аз 10 то 50 ҳазор, ба шахсони ҳуқуқӣ-аз 100 то 200 ҳазор рубл ҷарима муқаррар гардидааст.

Ба ақидаи ташаббускорони ин меъёри қонунгузорӣ 70 фисади зангҳои телефонии бардурӯғ оид ба бомбгузорӣ ва дигар намуди авбошии телефонӣ тавассути чунин муштариёни ноайён содир мешаванд.

Тибқи иттилои расонаҳои хабарӣ дар шаҳрҳои калони Русия то ҳанӯз фурӯши сим-кортҳо бо усули пешина идома дорад. Дар бархе аз сомонаҳои интернетӣ аз номи операторҳои маъмули мобилӣ эълонҳо оид ба ҷалби фурӯшандаҳо аз ҳисоби донишҷӯён ва муҳоҷирон бо ваъдаи дастмузди аз 17 то 25 ҳазор рубли русӣ интишор мешаванд.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Ихел ки боша дар фурудгохи Душанбе симкортхои Россияра бепул таксим мекнан барои Россия раво ира пешгири кунан.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)