Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 23:26

Баҳси гузоштани намоз аз паси имоме, ки ҳақиқатро намегӯяд

8 январ 2014, 09:31

Торнамои Тurajon.org, веб-сайти хонаводагии бародарон Тӯраҷонзодаҳо гузоридани намозро бо имоматии шахсе, ки аз гуфтани сухани ҳақ худдорӣ мекунад, раво хондааст.

Ин торнамои исломии кишвар дар посух ба суоли яке аз корбаронаш овардааст, хондани намоз аз пушти касоне, ки сухани ҳақро намегӯянд ҷоиз аст: “Намоз аз пушти ҳар кас, хоҳ фосиқ бошад хоҳ накӯкор, ҷоиз аст.” Ба навиштаи Тurajon.org, ҳар шахсе дар гуфтани сухани ҳақ сарпечӣ мекунад, назди Худованд худ ҷавоб медиҳад.

Аммо веб-сайти бародарон Тӯраҷонзодаҳо дар шарҳи гуфтаҳояш ба корбарони худ намоз гузоридан аз пушти имом-хатиберо, ки аз гуфтани сухани ҳақ сарпечӣ намекунад, тавсия додааст: “Агар шумо масҷидеро донед, ки имомаш Худотарсу ҳақиқатгӯ аст, пас, дар он ҷо намоз хонед беҳтар аст.”


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • уку

  • 8 январ 2014 09:38
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ман умуман баъд аз оне ки масчидхоро давлати карданду имом-хатибонро маош додаву агент карданд дигар масчид раафтанро бас кардам. Нафрат дорам суханхои ин гуна имом-хатибонро гуш кардан. Метарсам, ки боз ягон руз токат накарда ягонтоашро хеста хакорат накунам. Намоз танхо дар хона.
Посух додан
  • hjcnue

  • 8 январ 2014 10:47
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ин Турачонзодахо фатво барои худашон
Посух додан
  • sadr

  • 8 январ 2014 18:08
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ман нафахмидам ин Озодагон хам ба таърифу тавсифи Турачонзодахо гузаштааст ку. Сомонаи Турачонзодахоро реклама кардани Озодагон чи маъни дошта бошад? Як Абдукаюми Каюмзодро дасту почаша бастан ин дарс нашуд?
Посух додан
  • Хайрхоҳ

  • 8 январ 2014 19:06
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ҳадаф аз ин корҳои ҳукумат дар мавриди масҷидҳо ва имомхатибон эҷоди ихтилоф ва парокандагӣ байни мусалмонон буд. Мо бояд иҷоза надиҳем ба ин ҳадафашон бирасанд ва намозамонро дар масҷидҳо бигзорем, фарқе надорад, имом ки бошад, иншоаллоҳ Худованд намози моро комилу дуруст ба даргоҳаш мепазирад!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: 9.01.2014
  • Мақом: Пользователь offline
  • Шарҳҳо: 20
  • Матлаб: 0
Корут набоша sadr, Озодагон чикор мекна-намекна и кориту нест. Озодагон бапеш аз паи хакикат ва Ислом бош. мо хаводорони хакикатем.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!