Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 24 июл 2017, 05:45

СҲИ аз қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти волидайн» нигарон аст

8 август 2011, 10:59

Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ аз тасвиби қонуни «Масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд» дар Тоҷикистон  изҳори нигаронӣ кардааст.


Дар сомонаи расмии ин ташкилоти байнулмилалии ҷомеъаи исломӣ омадааст, ки  қонуни мазкур  "аз намозгузории навҷавонон дар масоҷиди Тоҷикистон ҷилавгирӣ мекунад". Сухангӯйи ҳайъати дабираи Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ дар Ҷидда  гуфтааст, ки ин созмон аз гузоришҳо "дар бораи ин, ки давлати Тоҷикистон рафтани ҷавонон ба масоҷидро мамнӯъ кардааст, нигарон аст." Сухангӯйи ин созмон афзудааст, ки дар ҳоли ҳозир мақомоти Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ бо мақомоти зиддахли Тоҷикистон барои "равшанӣ андохтан ба иттифоқоти ахир"  дар тамос будааст.

Ёдрас менамоем, президенти Тоҷикистон қонуни масъулияти волидайнро, ки аз сӯи ҳар ду палатаи парлумони кишвар ҷонибдорӣ ва имзо гардида буд, ахиран рӯзи дуюми август ба тасвиб расонд. Ин қонун пас аз нашраш дар газетаҳои давлатии «Ҷумҳурият» ва «Садои Мардум» ҳукми қонунро гирифта, ба иҷро даромад, ҳарчанд қабл аз имзояш ва замони баррасиҳо ин санад ихтилофи назарҳоро дар ҷомеа ба вуҷуд оварда буд.    {jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!