Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 10:48

Як моҳи боздошту шиканҷа ба ҷои писараммаи Рустами “Хаммер”

8 январ 2014, 10:17

Баҳодур Шарифов, як сокини ноҳияи Фархори вилояти Хатлон танҳо барои он ки ҳамному насаб ва ҳамсоли писараммаи Рустам Ҳайитов, мулаққаб ба “Хаммер”, раҳбари як гурӯҳи ҷиноӣ будааст, як моҳи худро дар боздошт сипарӣ кардааст. Ин ҳодиса ду соли қабл иттифоқ уфтода, вале баъд аз боздошти Баҳодур Шарифови гумонбар, писараммаи Рустами “Хаммер” рӯи об баромад.

Абдураҳмон Шарифов, падари Баҳодур, дар сӯҳбат ба “Озодагон” гуфт, ҳанӯз моҳи октябри соли 2012 писари ӯро ҳангоми аз Русия омадан дар марзи Қазоқистон боздошт кардаанд. “Вақте бо қатор аз Русия меомадем, писари маро дар Қазоқистон аз қатор фароварданду гуфтанд, ки дар ҷустуҷӯи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ҳаст. Писарамро аз қатор берун карданд, ҳарчанд хостам бо онҳо равам, аммо иҷозат надоданд. Ба Ватан баргаштаму тӯли як моҳ даводав кардам, бароямон маълум гашт, ки як нафар бо гумони содир намудани ҷиноят дар ҷустуҷӯ буда, ҳамному насаб, аз як ноҳия ва ҳамсоли писари ман будааст”,-нақл кард Абдураҳмон Шарифов.

Ба гуфтаи ӯ, “Баҳодур Шарифови гумонбар ва писари ман, ки ӯ ҳам Баҳодур Шарифов асту ҳарду аз ноҳияи Фархори вилояти Хатлон мебошанд, дар як сол таваллуд шудаанд. Танҳо номи падар ва зодрӯзашон мувофиқат намекунаду бас.” Баҳодур Шарифови ҷабрдида аз 12 октябр то 9 ноябри соли 2012 дар боздоштгоҳи муваққатии Қазоқистон нигоҳ дошта шудааст. Падари Баҳодур мегӯяд, “писарамро дар боздоштгоҳ латту кӯб кардаанд, то қоил шавад, ки ҷинояткор худи ӯст. Барои озод намудани писарам беш аз 3 ҳазор доллар сарф кардам. Он маблағе, ки дар муҳоҷират ҳамроҳ ҷамъ карда будем, барои озод намудани ӯ харҷ намудем.”

Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон 20 декабри соли 2013 Баҳодур Шарифови 27-соларо, ки писараммаи Рустам Ҳайитов ё Рустами “Хаммер” буда, ҳангоми боздошти дувумӣ гӯиё фирор кардааст, дастгир намуданд. Ҳайитов, ки ба ҳайси раҳбари як гурӯҳи ҷиноӣ муаррифӣ мешавад, ҳанӯз моҳи августи соли 2012 ба 24 соли зиндон маҳкум шуда буд.

Мақомот гуфтанд, Баҳодур Шарифов барои ҳамдастӣ бо Рустам Ҳайитов муттаҳам мешавад. Аммо Мавлудҷон Салихов, вакили мудофеи Баҳодур Шарифов, ба “Озодагон” гуфта буд, нафари таҳти ҳимояташ дар ҷиноятҳои Ҳайитов шарик набуда, худро бегуноҳ донистааст. “Айни ҳол Баҳодур Шарифови гумонбар дар боздоштгоҳи муваққат қарор дошта, тафтишот алайҳи ӯ оғоз гардидааст”-афзуд Мавлудҷон Салихов.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Оё ҷуброн баро азобу шиканҷа ба Баҳодур Шарифов бегуноҳ баргардонида мешавад ё не. Агар тоҷикиӣ кунанд бечора 1 тинизардакҳам намедиҳанд. Кани Қонун кани ҳукумат ва кани ҳокимияти судӣ. Дар тоҷикистон Қонун фақат барои камбағалҳост. Агар мекушанд ҳам ҳеҷ кас парво надошт. Шукр куну бачатона гирифта баред як дуову чилёсин кунед ки аз ваҳшиҳое ки дар мақомотҳои кудратии Тоҷикистон кор мекунанд натарсида боашд
Посух додан
  • Хонанда

  • 8 январ 2014 13:50
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Озодагон,
Чизе ки менависед, худатон як бор хонед.
Вай бечораи бегуноҳ озод шуд ё не? Аз куҷо озод шуд? 3 ҳазор долларро ин бечораҳо ба киҳо додаанд?
Барои ҷуброни зарари маънавиву ҷисмонӣ ба прокуратура муроҷиат карданд ё не?
О як картинаи мукаммал сохта, баъд ягон чиз нависед.
Ҳамчун журналист хабарпайдокуниатон хело хуб аст, вале таҳия ва додани мавод ба публика суст, бародаро.
Умедворам аз ин суханони ман наранҷида бошед.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!