Бахшҳо
08 янв 2014 10:46Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Хакери эронӣ доменҳои тоҷикии Google, Twitter ва Yahoo-ро шикастаст

Низоми сабти доменҳои Тоҷикистон - domain.tj аз ҷониби хакери эронӣ зери лақаби Mr.XHat шикаста шудааст.

Тавре “The Hacker News” иттилоъ медиҳад, дар натиҷа хакери эронӣ имкон пайдо кардааст, ки DNS-и доменҳои машҳур дар Тоҷикистон, аз ҷумла доменҳои Google , Twitter , Amazon ва Yahoo-ро вайрон кунад, ба саҳифаҳои корбарони ин доменҳо зараррасонҳо ирсол кунад.

Ба иттилои манбаъ Mr.Xhat бо истифода аз Directory Traversal, ба низоми сабт ва идораи доменҳо дар Тоҷикистон дастрасӣ пайдо карда, google.com.tj , yahoo.com.tj , twitter.com.tj ва amazon.com.tj-ро ба ихтиёр гирифтааст. Худи хакер гуфтааст, ки ӯ ҳатто ба MySQL, ки иттилоъ дар бораи муштариёнро дар бар мегирад, дастрасӣ пайдо кардааст. Гуфта мешавад, ки айни ҳол низоми мавриди ҳамлаи хакерӣ қароргирифта барқарор шудааст.

Ин дар ҳолест, ки озмоишгоҳи маъруфи “Касперский” дар раддабандии нави худ Тоҷикистонро ба даҳгонаи кишварҳои ҷаҳон ворид намудааст, ки аз ҳама зиёд ҳадафи вирусҳои компютерӣ қарор мегиранд.

Тибқи раддабандии нави Касперский дар соли 2013 ҳудуди 56,29 дарсади компютерҳо дар Озарбойҷон ҳадафи вирусҳои зараррасон қарор гирифтаанд: “Ин нишондод дар Қазоқистон 55,62%, Арманистон 54,92%, Русия-54,5%, Тоҷикистон-53,54%, Ветнам-50,34%, Молдова-47,2%, Белорус-47,08%, Украина-45,66% ва Қирғизистон 44,4 фоизро ташкил медиҳад.”

Ширкати амниятии Watch Guard Technologies ҳушдор додааст, ки дар соли нави 2014 ҳамлаҳои вирусӣ ва қаллобиҳо дар интернет афзоиш меёбанд.
Мӯҳр
Урмонбой
Бутун вохима карит дия. О хеч каса куштагиш не, хеч каса горат карагиш не. Хайр як шухи карас.

Офарин
О и Бек Сабур кучоро нигох мекунад, ки кадомеро фораша медарояд ва мебарояд. Неки у хозир рохи пул коркуниро пеша гирифтааст ва ин хел чизхо дар назараш наметобад (хозир аз паи сохтмонхо мебошад ). Хай пул барои у дар пеш меистад.

А бачаа чи гапу хаварай, гумуш куу.

Гургали,Гумуш кун мегуи,сари компюторада расад ту на комент навишта метонию на арзата навишта метони ба Озодагон

KHAKER
BEG ZUHUR!!! Navbati khidtay brat!!!

БЕГ Т ДИГАХЕЛИ БАДИ БАДИ

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)