Бахшҳо

ВКД: Аз 127 мошини дуздӣ ягонтояш ба хешони президент тааллуқ надоранд

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон имрӯз, 8-уми январ бо пахши як баёния иттилоъ дар бораи дарёфти 200 мошини дуздии олмонӣ, асосан тамғаи BMW-ро дар Тоҷикистон шарҳ додааст.

Ба иттилои манбаъ дар давоми 3 соли охир аз рӯи иттилооти баъзе расонаҳо аз ҳудуди Олмон зиёда аз 50 ҳазор воситаҳои нақлиёт рабуда шудааст: “Аз соли 2011 то инҷониб, ҳангоми бақайдгирии воситаҳои нақлиётие, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда мешавад, 127 далели ворид намудани автомашинаҳои рабудашуда ба қайд гирифта шудааст, ки 57-тои он аз ҳудуди Олмон мебошад. Аммо бояд қайд намуд, ки автомашинаҳои нишондодашуда бо системаи GPS баъд аз 2-3 моҳ ва баъзан баъди ним сол ва зиёда аз ин ба қайди кофтуков дохил шуданд, яъне аз тарафи Олмон ҳангоми дар қайд гузоштани нақлиёти рабудашуда, ба кашолкорӣ роҳ додаанд.”

ВКД шарҳ медиҳад, ки бо ташаббуси роҳбарияти ин ниҳод бақайдгирии автомобилҳои зикргардида ва хариду фурӯши онҳо маҳдудият гузошта шудааст: “Бинобар ин шаҳрвандон нисбати ин маҳдудият ба суд муроҷиат намуда эътироз оварданд, ки дар вақти харид ва ба қайд гузоштан, автомашина дар кофтуков қарор надошт. Мақомоти судии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиати шаҳрвандонро баррасӣ намуда, 55 нафар соҳибони ин гуна автомобилҳоро харидорони поквиҷдон эътироф намуд, чунки онҳо ин моликиятро ба воситаи дасти сеюм ва чорум харидорӣ намуданд.”

Ин ниҳод илова намуд, ки мошинҳо аз Олмон ва кишварҳои Прибалтика ворид гашта, аз ҷониби шахсони алоҳида аз соҳибкорони маълуми ин давлатҳо харидорӣ мешаванд: “Бояд тазаккур дод, ки ҳамаи автомашинаҳои нишондодашуда руйхати алоҳида дошта, ягонтои он ба номи аъзоёни Ҳукумати ҷумҳурӣ ва хешовандони наздик ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудаанд.”

Вазорати умури дохилӣ таъкид мекунад, ки дар Тоҷикистон ҳангоми ба қайди давлатӣ гирифтан, ҳар як автомашина бо системаи ASF ва I-BATCH, ки бо портали I-Link котиботи Генералии Интерпол пайваст аст, санҷида мешавад: “Дар сурати аз ҷониби системаи мазкур ошкор шудани воситаи нақлиётии рабудашуда ва ё дуздӣ, дарҳол ба таври автоматӣ ба ташаббускори кофтуков хабар дода мешавад. Ташаббускори кофтуков, бояд дар навбати худ тамоми ҳуҷҷатҳои лозимиро тайёр намуда, бо роҳҳои дипломатӣ ба кишваре, ки автомобилҳо ёфт шудаанд, бояд фиристад.”

ВКД-и Тоҷикистон меафзояд, ки то ҳоло ягон хабари расмӣ аз ташаббускори кофтуков аз Олмон ба Бюрои миллии «Интерпол» ворид нашудааст: “Айни замон дар махзани ахбороти Интерпол 7,6 миллион воситаи нақлиёти рабудашуда, ба қайд гирифта шудааст.”

Ҷониби Тоҷикистон зикр мекунад, ки ҳамаи коргузорӣ, ҳамкориии байнидавлатӣ ва байнимақомотӣ ба воситаи ба имзо расонидани шартномаҳои дуҷониба яъне дар асоси заминаи ҳуқуқӣ амалӣ карда мешавад: "Аммо миёни Тоҷикистон ва Олмон ягон ҳуҷҷати ба имзорасида дар ин самт, вуҷуд надорад ва механизми дастгир кардан ва баргардонидани наклиёти рабудашуда пешбинӣ нашудааст."

ВКД илова намуд, ки "аз ҷониби мо лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар бораи ҳамкорӣ дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ ва амният омода шуда, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пазируфта шуд. Дар моддаи 13-и ин лоиҳа мубориза бо дуздӣ ва гардиши ғайриқонунии воситаҳои нақлиёт дар миқёси байналмилалӣ дарҷ карда шудааст. Аммо то ҳоло ҷавоби расмӣ оиди лоиҳа ба суроғаи мо аз ҷониби Олмон ворид нашудааст."

Ин дар ҳолест, ки ахиран расонаҳои Олмонӣ иттилое нашр карданд, ки тибқи он дар Тоҷикистон 200 мошини дуздии олмонӣ дарёфт шудаанд, ки бисёрашон ба наздикони президент тааллуқ доранд.
Мӯҳр
Муодилаи квадрати
Хай аку хамихелай. ХУДИ КАМБУДИИ ХУДИРА РУИ ОБ НАМЕБРОРА. (Рамазон Рахимов вазири ВКД одами наздики Чаноб) Инхо гуфтаниянд, ки як рузномаи бонуфузи олмониро бовар накунем, хамин маълумоти бардуруги ВКД-ро бовар кунем))))) ХА ХА ХА ОФТОБРО БО ДОМАН ПУШИДА НАМЕШАВАД!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!! И чиновникои мора чаноб гуяд, ки мур барои вазифа шуда мемурад......

Чоплусак
дузди зур сохиби гова бастай..... ха ха ха!

sohiboni moshin mefurushandu badi 2 moh ba rozisk metiyand.tojik bo pul xaridaast nemis pula tiyadu moshinasha girad.hukumat tojikonro himoyat kuned.

Dev
Hukumati hudmuhtori tenju linji ...Iston: Akai Olmon, 127 мошини дуздӣ ягонтояш ба хешони президент тааллуқ надоранд", hamush kori dasti hami mardumi bemadaniyati tojikaj. Moshinhoi shumora haminho duzdidagiyand , inho hele duzdand,holo besten mo mejukimashon hudshon burda metiyand shumoda...fakat mora narasen in marduma chi korush meknen knen ,mo hudmon iroya chmo kardagiem, in marduma hakush haminaj, dar rossiya ham harchi meganush mo BOLOnishinon heeeejjj mehandem, shumo ham bgen!!!"

salom
албатта - аз боло фармон шуд ки чунин нависанд!

FREEDOM
DEV - Суханои DEVonaSh гуфти....... боши

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)