Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 16:55

"Боду ҳаво" монеи баргузории мурофиаи Мурсӣ дар Қоҳира шуд

8 январ 2014, 13:52

Муҳокимаи навбатии Муҳаммад Мурсӣ, раисиҷумҳури "барканоршуда"-и Миср дубора ба вақти дигар гузошта шуд. Шабакаҳои телевизионии ин кишвар мегӯянд, мақомот ба делели номусоидии боду ҳаво дар Қоҳира натавонистаанд, Мурсиро ба додгоҳ тавассути чархбол ҳозир кунанд.

Дар ҳамин ҳол, Шабакаи телевизионии “ал-Ҷазира” такя ба иттилои хабарнигори худ дар Қоҳира мегӯяд, ҳаво дар ин минтақа хуб ва офтобӣ мебошад. Бино ба навиштаи расонаи арабзабони “ал-Ҳаёт”, мурофиаи додгоҳии Мурсӣ ба рӯзи 1 феврали соли ҷорӣ гузошта шуд.

Мурофиаи додгоҳҳи Муҳаммад Мурсӣ, ки бори дуюм аст, ба таъхир гузошта мешавад, қарор буд, субҳи имрӯз 8 январ дар Додгоҳи ҷиноии Қоҳира аз сар гирифта шавад. Аммо ба қавли коршиносони мисрӣ, мақомоти қудратии ин кишвар ба далели ҳарос аз таҷаммуи ҷонибдорони Мурсӣ аз интиқоли ӯ ба бинои додгоҳ худдорӣ кардаанд.

Қаблан Шабакаи телевизионии “ал-Ҷазира” аз ба хиёбонҳо баромадани садҳо ҳазор ҳаводорони Муҳаммад Мурсӣ таҳти шиори “Мардум аз раиси худ дифоъ мекунанд!” хабар дода буд. Манбаъ гуфт, Вазорати умури дохилии ин кишвар беш аз 20 ҳазор маъмури амниятиро барои таъмини тартибу низом дар раванди муҳокима сафарбар намудааст. Бояд гуфт, муҳокимаи додгоҳии раисиҷумҳури "барканоршуда"-и Миср дар ҳоле бояд сурат мегирифт, ки мақомоти мисрӣ ба чаҳор вакили мудофеи байналмилалии ӯ иҷозаи иштирок дар мурофиаро надода буданд. Муҳаммад Тусун, узви ҳайати вакилони мудофеи Мурсӣ мегӯяд, мақомоти Миср то ин дам ӯро нагузошта буданд, бо зерҳимояаш мулоқот кунад, ки ба қавли ӯ, ин амалкард хилофи қонун аст.

Додгоҳи ҷиноии Қоҳира муҳокимаи Муҳаммад Мурсиро рӯзи 4 ноябри соли гузашта дар бинои Академияи пулиси Қоҳира оғоз карда буд. Вале бо сабабҳои номаълум мурофиаи навбатии ӯ то 8 январи соли 2014 ба таъхир гузошта шуд. Аммо вакилони мудофеи Мурсӣ гуфтанд, мурофиаи додгоҳии Мурсӣ ба хотири худдории ӯ аз ба бар намудани либоси маҳбусӣ ва пофишорияш барои раисиҷумҳури қонунӣ будан ба таъхир гузошта шудааст. Мурсӣ дар нахустин муҳокимаи додгоҳии худ бо либоси расмӣ ба додгоҳ ҳозир шуда буд.

Муҳаммад Мурсӣ бо шумули 14 тан аз шахсиятҳои воломақоми “Бародарони мусулмон” дар таҳрик ба қатли тазоҳургарон дар ҳодисаи Қасри раисиҷумҳур айбдор мешаванд. Ин ҳам ҳоле, ки Мурсӣ ва ҳамроҳонаш худро бегуноҳ хонда, мегӯянд, ин қазия ангезаи сиёсӣ дорад ва худи Муҳаммад Мурсӣ ҳанӯз ҳам худро раисиҷумҳури қонунии Миср дониста, ҳангоми мурофиаи қаблӣ дар хитоб ба додраси парванда гуфта буд, “ман раисиҷумҳури қонунӣ ҳастам ва ту ноҳақ мебошӣ!” Гуфта мешавад, дар сурати таъйиди ин иттиҳом аз сӯи додгоҳ, Мурсӣ ва ҳамроҳонашро ҳукми абад таҳдид мекунад.

Артиши Миср Муҳаммад Мурсиро, ки баъд аз ҳукумати 32-солаи Ҳуснӣ Муборак ба курсии раёсати ҷумҳури ин кишвар нишаста буд, аз мақомаш барканор кард. Абдуфаттоҳ Сисӣ, фармондеҳи кулли нерӯҳои мусаллаҳи Миср шом 3-юми июни соли гузашта, бо қироати баёнияе тасмими артишро ба иттилои мардум расонда буд. Мақомоти қудратии Миср баъд аз барканор кардани Мурсӣ ӯро боздошт ба ҷойи номуайян интиқол доданд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!