Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 01:19

БДА нархи шаҳодатномаи навро 36 сомонию 6 дирам муайян кард

8 январ 2014, 14:21

Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон нархи иваз намудани шаҳодатномаҳои куҳнаро бо шаҳодатномаҳои нави пласиткии чипдор ҳамагӣ 36 сомонию 6 дирам эълон кард.

Тибқи иттилои ин ниҳод иваз кардани шаҳодатномаи ронандагӣ аз тарафи воҳидҳои бақайдгирию имтиҳонотии Бозрасии давлатии автомобилии маҳалли зист дар асоси пешниҳоди ариза, маълумотномаи коршоямӣ барои идоракунии воситаҳои нақлиёти дорои категорияҳои дахлдор, шаҳодатномаи ронандагӣ, талони сабти қоидавайронкунӣ ва инчунин пардохти маблағи бланкаи шаҳодатномаи ронандагӣ (25 сомонӣ), талони қайди қоидавайронкунӣ (9 сомонӣ), гирифтани расм (2 сомонӣ) ва арзиши варақаи квитансия (6 дирам), дар маҷмуъ ба ивази 36 сомонию 6 дирам анҷом дода мешавад.

Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон бо пахши як иттилоия мегӯяд, Тоҷикистон чун узви созишномаи Вена ҳуҷҷатҳои нави ронандагӣ ҷорӣ мекунад, ки он имкон медиҳад шаҳрвандони мо дар қаламрави кишварҳои узви он бидуни гирифтани ҳуҷҷатҳои ронандагии байналхалқӣ мошин ронанд: “Ба ҳама кишварҳои узви созишнома муҳлат муқаррар намудааст то ҳуҷҷатҳои худро ба талаботи созишнома мувофиқ кунонанд.”

БДА мегӯяд, дар Федератсияи Русия, ки ҳамчунин узви ин созишнома аст, ҳуҷҷатҳои намунаи нав аз моҳи марти соли 2011 дода мешавад: “Ҳуҷҷатҳои намунаи нав корти пластикӣ мебошанд, ки аз поликарбонат омода шуда, аз сатҳи баланди муҳофизат аз қаллобӣ бархӯрдор аст. Дар он ғайр аз акси соҳиби ҳуҷҷат, ҳамчунин имзои рақамӣ (электронӣ) ва изи ангушти ӯ низ сабт мешаванд. Ҳамчунин ҳуҷҷатҳои нав чипи махсус доранд, ки корманди БДА метавонад бо дастгоҳи махсус онро хонда ва дар оянда маълумотро дар бораи қонунвайронкунӣ дар шакли электронӣ ба чип ворид кунад.”

Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон сабаби дигари ҷорӣ намудани ҳуҷҷати навро ба лоиҳаи “Шаҳри бехатар” ва дигар барномаҳо рабт дод, ки мақсади онҳо кам кардани нақзи қоидаҳои ҳаракат мебошад: “Ҳуҷҷатҳои ронандагии пластикӣ, дар баробари рақами қайди давлатии чипдор, қисми лоиҳаи навсозӣ мебошанд.”

БДА шарҳ дод, ки низоми инноватсионӣ аз маркази ягонаи коркарди маълумот ва 25 пойгоҳҳои маҳаллӣ иборат буда, ба раёсати БДА имкон медиҳад додани ҳуҷҷати ронандагӣ, қайди нақлиёт, супоридани имтиҳонот ва вайронкунии қоидаҳоро ба таври марказонида назорат кунад: “Ҳамчунин дар ин низом маълумот дар бораи шахсоне, ки аз ҳуқуқи ронандагӣ маҳрум шудаанд, нақлиёти лар кофтукоббуда ё дуздида ҷо мешаванд ва аз ҳама муҳимаш, ин низом бо пойгоҳи додаҳои Интерпол пайваст хоҳад буд.”

Масъулини БДА муътақиданд, ки амалисозии ин низом имкон медиҳад самараи фаъолияти БДА бештар шуда, раванди аз қайди давлатӣ баровардан ва ба қайд гузоштани нақлиёт низ осон ва зуд мешавад, чунки ҳама маълумот дар бораи мошин ва соҳибаш дар реҷаи воқеӣ дар шӯъбаҳои ноҳиявии БДА дастрас хоҳад буд


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хозир тендер нашуда ВКД аз кучно нархро муайян кардааст ва ни коррупция нест магар? Дуюмаш барои чи аломатхои хифзшавандаро канд. Намекунанд? Е ин хам мысли папоротхои точики мешавад ки авгонхо хама сохиби паспорти точики шудаанд????
Посух додан
  • Тохир

  • 2 март 2014 19:10
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Касе намедонад чихел роххои пул коркуниро, иваз кардани хар як хучати ронандаги чанд долар бошад вой бар холи камбагалон хар руз як конуни нав аст баройи камбагал.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!