Бахшҳо
08 янв 2014 17:08Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Қонуни суғуртаи тиббӣ ё “пои дарозтар аз кӯрпа”

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон имрӯз, 8-уми январ, бори дуввум ба далели норасоии маблағ муҳлати мавриди иҷро қарор гирифтани қонун “Дар бораи суғуртаи тиббӣ”-ро то соли 2017-ум тамдид кард.

Нусратулло Салимов, вазири тандурустии Тоҷикистон зимни муаррифии ин лоиҳа гуфт, ки барои амалисозиии ин санад маблағи кофӣ нест: “Буҷаи тандурустии Тоҷикистон 2,2 дарсади ММД буда, аз ин миён 80 ва ҳатто дар баъзе минтақаҳо то 90 фисади он барои музди меҳнати кормандони соҳа равона карда мешавад. Барои доруворӣ бошад умуман як маблағи ночиз мемонад”.

Нусратулло Салимов дар идома гуфт, ки ба далели камбуди молӣ, то имрӯз 85 дарсади бемориҳои СПИД, сил, вараҷа ва эмгузаронӣ дар Тоҷикистон аз ҳисоби созмонҳои байналмилалӣ маблағгузорӣ мешавад.

Вазири тандурустии кишвар афзуд, ки аз соли 2005 то имрӯз бо Вазорати молия оид ба татбиқи амалии қонуни суғуртаи тиббӣ ба мувофиқа нарасида, шакли нави пардохти хидмати тиббӣ ҳалли худро наёфтааст.

Дар ҳамин маврид Муҳиддин Кабирӣ, вакили парлумони Тоҷикистон гуфт, ки бори нахуст қонун “Дар бораи суғуртаи тиббӣ” соле қабл тамдид ёфта буд: “Ин бори дуввум аст. Саволе ба миён меояд, ки чаро, вақте лоиҳаи қонун аз тарафи субъекти қонунгузорӣ ба парлумон пешниҳод шудааст, заминаи ичтимоӣ ва иқтисодии амалӣ кардани он ба эътибор гирифта нашудааст? Кӣ кафолат медиҳад, ки қонун бори саввум тамдид нашавад ва оё воқеан дар соли 2017 амалӣ мешавад?, суол кард Муҳиддин Кабирӣ.

Дар ҷавоб ба ин Нусратулло Салимов гуфт, ки қонуни мазкур дар соли 2008 қабул шуда, то соли 2017 масъулин барои роҳандозии ин санад омода хоҳанд буд.
Мӯҳр
Начот.
Харкасе мехохад,ки сугуртаи ихтиерии тибби намояд ба Сугуртаи Начот мурочиат намояд.
907 84 19 84.
918 59 59 89
занг занед.
Озодагон илтимос чоп намоед.

Фаридун
Чаноби вазир суол чунин: Милионхо долар созмонхо чудо мекунанд ба сохаи тандурустии ЧТ кани ин пулхо ( хамаш дар чайби шумоанд бо мегуи ки маблаг нест )

Вазири мухтарам барои чи дар клиникаи чумхуриявии касалихои чашм дар полетехникуми ш.Душанбе тачхизоти (барои сохтани жесткий контактный линзи) гаронкиммати олмониро ба кисм кисм чудо карда ба тошканд фурухтаанд бо ичозаи шумо ва мирзоеву дигарон

56
Ё хамара пулаки карда тарифи ба мохона баробарро чори карда ин сохаро ба низом дарорен е эълон кунен ки медесина бепул рафикон чи хохен проблемаатонро хал кунен намедони пеши духтур рафта чанд сум бити агар нати нигох намекунад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)