Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 13:05

“Интихоботи шаҳрдори Бишкек бояд интихобот бошад, на таъинот”

8 январ 2014, 20:41

Намояндаҳои се ҳизби сиёсии Қирғизистон бо баргузории як нишасти хабарӣ таъкид кардаанд, ки интихоботи мири шаҳри Бишкек бояд интихобот бошад, на таъинот.

Дар ин нишаст, ки дар хабаргузории АКИpress баргузор шудааст, Мавлон Аскарбеков, намояндаи ҳизби “Эркин Эл”, Қодир Маликов аз ҳизби “Амал” ва Ҳайдар Ҷурабеков, намояндаи созмони “Инициатива 15” гуфтаанд, раванди пешниҳоди номзадҳо ба мақоми шаҳрдори Бишкек ва Ош рӯзҳои истироҳат пушти парда гузашт ва аз ин рӯ ҷомеаи маданӣ натавонист довталабонро баррасӣ намояд.

“Мавриди тазаккур аст, ки 1-8 январ расман истироҳат эълон шуда буд. Ба ин нигоҳ накарда фраксияи Ҳизби сотсиал-демократӣ номзади худро пешниҳод кард. Дар ин рӯзҳо ҳамаи шаҳрвандон истироҳат доштанд. Онҳо бошанд, баррасиҳои пуштипардагии худро анҷом дода, савдо карданд. Имтиҳон барои донистани забони давлатӣ гузарондаву эълон карданд, номзад ба мақоми мири шаҳр онро балад аст. Мо наметавонем бо чунин вазъ муросо кунем”,-изҳор доштааст Мавлон Аскарбеков.

Қодир Маликов бошад, дар навбати худ таъкид намудааст, ки дар Ош вобаста ба масъалаи интихобот вазъи низоъхезе ба вуҷуд омадааст. Дар робита интихоботи мири Ош шояд 15 январ баргузор нашавад.

Дар ҳамин ҳол бино ба хабарҳои охирин, Комиссияи минтақавии Бишкек оид ба интихобот гуфтааст, то соати 18:00-и 8 январ, ки муҳлати охирини пешниҳоди номзадҳо ба интихоботи шаҳрдори пойтахт буд, танҳо ҳуҷҷатҳои як довталаб- Кубаничбек Қулматов аз фраксияи Ҳизби сотсиал-демократро қабул кардааст.

Интихобот 15 январи соли 2014 доир мегардад ва он дар ҳоле баргузоршуда дониста мешавад, ки дар он ҳади аққал 30 вакил ҳузур дошта бошанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!