Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 00:38

Қалён - эпидемияи нав дар Қазоқистон

8 январ 2014, 21:24

Дар пайи як пажуҳиш, ки дар чорчуби барномаи “Алмаато бидуни тамоку” анҷом гирифт, маълум гардидааст, ки дар Қазоқистон ҳаводорони қалён дар ҳоли афзоиш будааст.

Торнамои Tengrinews.kz менависад, ин пажуҳиш 2100 хонандаи синфҳои 6-9-и мактабҳои миёнаро фаро гирифта ва 13 дар сади онҳо гуфтаанд, ҳади аққал як маротиба қалён кашидаанд. Нуҳ дар сади пурсидашудаҳо иқрор кардаанд, ки ҳади аққал як бор сигор дуд додаанд. Сини миёнаи аввалин кушиши истифодаи қалён 12 будааст.

71 фисад изҳор доштаанд, ки дар оянда хоҳиши даст кашидан аз истифодаи қалёнро надоранд. 82 дар сад дар як соли ахир ҳатто талоши даст кашидан аз онро накардаанд. Ин дар ҳолест, ки бештари наврасоне, ки сигор мекашанд, изҳор доштаанд, мехоҳанд аз он даст бикашанд ва дар 12 моҳи ахир барои ин кушишҳое ҳам кардаанд.

Эътилофи миллии “Барои Қазоқистони озод аз дуди тамоку!” аз вакилони парлумон хостааст, барои комилан манъ кардани муомилоти тамоку барои қалён дар Қазоқистон тасмим бигиранд. Эътилоф қалёнро навъи ҷадиди эпидемия дар Қазоқистон номидааст.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • ввы

  • 9 январ 2014 12:00
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хамин кальян ба точики чилим мешавад.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!