Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 03:17

Ҳукми Зайд Саидов одилона буд, ё фармоишӣ? Қазовати корбарон

9 январ 2014, 09:28

Додгоҳи олии Тоҷикистон охири моҳи декабри соли гузашта Зайд Саидов, соҳибкор ва собиқ вазири саноати кишварро, ба 26 соли зиндон ва мусодираи амволаш маҳкум кард. Хабаргузории “Озодагон” аз корбаронаш пурсид, то куҷо ин ҳукм одилона ва то куҷо, ба қавли баъзе аз соҳибназарон, фармоишӣ буд?

Беш аз 60%-и иштирокдорони ин назарпурсӣ, ки 409 нафарро ташкил медиҳанд, гуфтаанд, ҳукм алайҳи Зайд Саидов аз сӯи Додгоҳи олии Тоҷикистонро фармоишӣ донистаанд. 116 ё 17,39%-и назардиҳандагон мегӯянд, додгоҳ бояд Саидовро озод мекард.

Танҳо 7,2%-и иштирокдорон (48 нафар) ҳукми додгоҳро одилона хондаанд. Аммо 45 нафари дигари корбарон, ки 6,75%- назардиҳандагонро ташкил медиҳанд, бар инанд, ки ин ҳукм алайҳи соҳибкори тоҷик ғайримантиқӣ буда, ҳудуди 30 нафари иштирокдорон мегӯянд, умедвор буданд, додгоҳ ҳадди ақал Зайд Саидовро ба муҳлати 10 сол аз озодӣ маҳрум мекард.

Дар ин назарпурсӣ, ки шумораи иштирокдорон дар маҷмуъ ба 667 нафар мерасад, танҳо 21 ё 3,15%-и назардиҳандагон гуфтаанд, ки аз ин ҳукм хабар надоштанд.

Ҳоло ҳукми Додгоҳи олии Тоҷикистон дар баробари Зайд Саидов қувваи қонунӣ нагирифтааст. Вакилони ӯ барои бознигарии ин ҳукм ба раиси Додгоҳи олӣ Нусратулло Абдуллоев ва вакилони парлумон муроҷиат карда, посухе дарёфт накардаанд.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Бахтовар

  • 9 январ 2014 09:53
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
99% -и дигар ҳукми одилона гуфтанд, чаро нагуфтет ё фақат тарафдоронаш башумо даркор? ҷавоб диҳед ОЗОДАГОН мо ҷавоби шуморо интизор.
Посух додан
  • Яъкуб.

  • 9 январ 2014 10:47
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
99% Хукмро одилона гуфтанд...Дар кадом назарсанчи ин хукмро одилона гуфтанд Бахтовар.Бовар кун дар чанде аз идорахои давлати ки меравам худи онхо инро золимона медонанд. Дар даврони собик шурави бузургтарин чиноят хамаги 15 сол буд. Инхо 15 ва 20 солро чазо хисоб намекунанд.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
То кучо назарсанчи дар сомона дуруст аст? Озодагони мухтарам.? Зеро хавзи назардодагони ин ва ё он сомона вобаста аз фахмишу манфиатхои якчояи муштариён ташаккул меёбад. Масалан ба барномахои шабакаи ТВ-и Исроил JN-1 гайр аз яхудхо кам нафар пайдо мешавад, ки таваччух дошта бошад.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!