Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 17:38

"Тоҷикистони нав"-е, ки мардумаш аз мондан рафтанро беҳтар мешуморанд

9 январ 2014, 10:17

Ҳумайрои БАХТИЁР

Тоҷикистони нав. Ҳама акнун атрофи ҳамин ибора баҳс мекунанд. Бархе Тоҷикистонро аз дидгоҳи худ нав мебинанду бархеи дигар нав дидан мехоҳанд.

Дар баъзе долонҳову маҳфилҳо дар бораи бунёди Тоҷикистони нав миш-миш мекунанд. Чун медонанд, ки ошкор андешаронӣ кардан дар бораи сохтани як ҷомеаи мутамаддин маънои табдил шудан ба хоинро дорад. Зайд Саидов чӣ гуфт? Ӯ танҳо гуфт, мехоҳад як ҷомеаи озод, на аз лиҳози маънавӣ, балки аз лиҳози иқтисодӣ бисозад. Ин ошкоргӯӣ боис ба 26 соли маҳкум ба зиндон шуданаш шуд.

Зайд Саидов мехост, барои сохтани Тоҷикистони нав саҳм гузорад, яъне таҳаввулоте дар вазъи иҷтимоиву иқтисодии кишвар ба вуҷуд орад. Имрӯз аксари коршиносон ба ин назаранд, ки дар Тоҷикистон таҳаввулот ба миён наомадааст. Аммо ба назарам тайи ин бист сол дар Тоҷикистон навигарӣ, тағйироту таҳаввулоти зиёде ба вуҷуд омадааст. Фикр мекунам, Тоҷикистоне, ки мо алъон зиндагӣ мекунем, нав аст. Тоҷикистони муосирро масъулини ҳукумати кунунӣ барои мо ба миён оварданд.

Ба ёд оред, то замоне ки ин ҳукумат сари қудрат омад, мо як зиндагии мӯътадил ва мувофиқ бо ҳамон давра доштем. Ҳатто дар солҳои мудҳиштарини бархӯрдҳои низомӣ ҷумҳурӣ бо барқу газ мунтазам таъмин буд. Ин сиёсатҳои ҳамин ҳукумат буд, Тоҷикистонро зина ба зина, қадам ба қадам ҷадидтару муосиртар кард. Инак, Тоҷикистон комилан нав шуд. Агар дар гузашта Тоҷикистон истеҳсолот дошту яке аз кишварҳои содиркунандаи маҳсулоти хому тайёр ба ҳисоб мерафт, ҳоло - баръакс. Мо ҳатто ҳамон ҳаҷми истеҳсоли 50 соли пешро нигоҳ дошта натавонистем. Имрӯз мо қариб маҳсулоти саноатӣ истеҳсол намекунем. Чизе ба ҷуз алюмину пахта содирот наменамоем.

Моро барои зиндагӣ дар чунин ҷомеа ва шароит омода карданд ва ё ҷабран одат кунонданд. Дар қарни фанновариҳо, ки мардуми ҷаҳон дар фикри фатҳи кайҳон аст, мо ҳамоно дар торикиву сардӣ зиндагӣ мекунем. Инро набояд бо давраи ҳукмрониҳои низомҳои қадим муқоиса кард. Он давраҳо мутобиқ бо замону имконияти худ буданд. Ҳамакнун даври дигар, замони пешрафту тараққиёт аст. Дар замони муосир зиндагӣ кардану дар хусуси Тоҷикистони бидуни газ, чароғ, нақлиёт сухан гуфтан, хеле дардовар аст. Аммо аз воқеият ҷои гурез нест. Ва метавон гуфт, ин ҳама нишонаҳое аз таҳаввулотест, ки ҳукумати муосир ба Тоҷикистони муосир овард.

Таҳаввуллоти дигаре, ки дар Тоҷикистон ба вучуд омад, ин дар равони мардум ҷой намудани эҳсоси тарс аст. Дар гузашта барои мо афсонаҳо аз қаҳрамонӣ, ҷасуриву далерии мардуми тоҷик мегуфтанд. Садҳо қиссаҳо нақл мекарданд, ки мардуми тоҷик яке аз мардуми донишманду тавоно ва ҷасуру нотарс буд. Шубҳа дорам. Чун мегӯянд, рӯҳияи инсони озодпарасту далеру донишманд шикастнопазир аст. Пас, барои чӣ имрӯз мардуми тоҷик мазлум аст? Ё наход ин ҳама сифатҳо афсона бошанд?

Имрӯз Тоҷикистонро тарзе бароямон сохтанд, ки дигар ҳар ҷо аз пастӣ, фасодкорӣ, бесаводӣ, маҳалгароӣ ва хешутаборбозӣ, беадолатӣ ранҷ мекашем. Дар мағзҳои мо ҷой кардаанд, ки барои расидан ба зиндагии беҳтар зарур нест, инсони бофарҳангу донишманд бошӣ. Донишу ҷаҳонбинӣ гӯиё дар ҷомеаи мо комилан арзиш надоранд. Чунин менамояд ин низом то андозае моро мутаҳҳам карда, ки дигар ҳатто орзу кардан инҷо имконнопазир гардидааст. Чанд даҳсола пеш орзу кардан барои тоҷикон низ як падидаи маъмулии инсонӣ буд. Аммо ҳоло ҳамин ҳаққи равониро низ аз мо рабудаанд. Охир ҳамин Зайд Саидов танҳо орзуи Тоҷикистони наверо дошт, ки ҳаққи инсонии ӯ буд. Мегӯянд, низоми Шӯравӣ, ки худкома буд, давоми 70 соли ҳукмронии худ дар Тоҷикситон он қадар муваффақ нашуд, ки ҳукумат дар 20 сол гардид. Бо вуҷуди низоми номусоид аз лиҳози фарҳангӣ тоҷикон зиндагии роҳаттар доштанду кӯдакон орзу мекарданд. Як кӯдак то замони ба мактаб рафтану хатм кардан орзуҳои зиёди мутахассис шуданро мекард. Бо ҳавас дониш меомӯхт. Ҳоло чӣ? Кӯдаки тоҷик дигар гӯиё орзу намекунад. Ҳанӯз аз тифлӣ ҷомеаи носолим эҳсосашро бар бод медиҳад.

Кӯдаке, ки модараш бечораву падараш муҳоҷир аст, чӣ орзу карда метавонад? Тифле, ки бояд кӯдакиаш бо ширинӣ, бозиву афсонагӯшкунӣ гузарад, дар фикри гурусна намондан аст. Кӯдаки тоҷик субҳи содиқ аз хоб хеста роҳ тарафи бозору хиёбонҳо мегирад, то пул биёбад. Онҳое, ки филми “Манқурт”-ро дидаанд, агар ҷомеаи имрӯзии моро қиёс кунанд, дарк хоҳанд кард, ки мо дар ҳолати баддтар аз “Манқурт” қарор дорем. Мо ҳам манқурт шудаем, аниқтараш манқурт кардаанд.

Вақте орзуи кӯдак серу пур зистан аст, вақте наврас бе ҳавас мактаб меравад, вақте донишҷӯ ноогоҳона маълумот мегирад, вақте ҷавон бо ихтисоси хеш кор пайдо намекунад, бо кадом далел мегўем, дар Тоҷикистон навигарӣ ё тағйирот нашудааст?

Ин аст Тоҷикистони нав. Инро ҳеч хоҷаи хориҷӣ дар ҳамдастӣ бо “хоину хиёнаткорон” насохтааст. Ин Тоҷикистони навро барои мо расман, озод, роҳат ва ба таври “демократӣ” сохтаанд.

Тоҷикистоне, ки мардумаш аз мондан рафтанро авлотар медонанд.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • jahongir

  • 9 январ 2014 10:39
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
100% tojikistoni navro khojahoi khoriji sokhtan bas kunen milat firebiro shumo kursi talab doren hejvakt dar fikri obodi vatan nesten
Посух додан
  • Зиё

  • 9 январ 2014 10:45
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Точно в точку!
Посух додан
  • Хушбин

  • 9 январ 2014 10:57
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хумайро! Ту хак нести. Зеро рухияи мардумро шикастан имконнопазир аст. Шояд як муддат. як лахза ва хатто чанд сол ба назар чунин расад. ки ин мардум. ин миллат шикастарух шуд. Аммо на барои хамеша. Ин холат обест. ки холо аз зери ях меравад. Вале дар пеш бахор аст ва ях мешиканад. Онгох бубин чи холате хохад шуд. Ман гунахгори асосиро дар шикастарухии мардум на дар фаъолияти имрузаи хукуматдорон, балки дар хатои гузаштаи мухолифини он мебинам. Агар онхо дар замонаш аз акл кор мегирифтанд, шояд имруз мо дигар хел мезистем. Вале онхо фирефтаи афкори худ шуданд ва ба неруи худашон аз будаш зиёд бахо доданд. Окибаташ хар он чи шуд. ки мою ту имруз мебинем. Мо на панчох сол, балки бештар кафо мондем. Аммо ин абади нест. Таърих садхо чунин холатро ба мо чун дарс пешниход кардааст. Аммо омузандае лозим ин дарсро омузад ва гумон мекунам, ки ин раванд мавчуд аст. Хушбин бояд буд ва ин миллат холо ки буданашро хохад нишон дод. Бо кадом васила, инро танхо худо медонад...
Посух додан
  • Tojik

  • 9 январ 2014 11:00
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Offarin barodar! Maqolai olist.
Посух додан
  • Мишм

  • 9 январ 2014 11:04
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Неправилно братан нету такая буква
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дар ш.Сургути Русия ин навиштахоро мехонаму беихтиёр,зиндагии худам,хамсояхо,хамдехахо ва дехаи Ашти бостони,ки бохору тобистон кариб бечавонону миёнасолон мемонад,пеши назар меояд.Аз махаллаи "Устоён" оилае нест,аз он як ё ду,хатто се-чор нафар барои дарёфти кути лоямут ба мухочират нараванд.Се-чор мохе,ки дар ватан будам,аз гаронии нарху наво ангуши хайрат мегазидам.Мо кучо рафта истодаем?Чаро корхонахои истехсоли хама аз кор монданд. Заводи консервбарории нохия ба музейе табдил ёфтааст. Ояндаи фарзандони мо чи мешуда бошад?Ин мухочират то кай давом мекарда бошад?
Посух додан
  • Э Р

  • 9 январ 2014 11:30
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ҳумайрои Бахтиёр ман аз аввал медонистам, ту ки ҳасти барои ҳамин доимо иғво меандози багуфти ту солҳои 1990-1992 аз ҳозира беҳтар буд, ки дар як руз 1000 ҷавонмард қурбон мешуданд ё 1000 кудак аз гуруснаги мефавтиданд ва 1000 духтари бечораи точик дар назди волидонашон тачовус мешуданд ин ҳамама бо ташабуси шумо баринҳо ба монанди Сафиева ва ғайраҳо ба вуқуъ пайваста буд шарм надошта боз Тоҷикистони нав мегуед.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хумайро ташаккур хохарам. Аммо ноумедиро барои дигарон ёд натен. Ман фикр мекунам, ки хукумати хозира мехохад ки вазъ бехтар боша, аммо наметавона, чунки дар таъини кадр аз як махал натавонист берун брава. Ватке як нафар устоди донишгох 15 сол порахури мекна ва охир ВАЗИР мешавад, Шумо чи гап мезанен? Имруз хеч кас ба ин хукумат бовар надорад, хатто корхои хубу некашро хам мардум бо шубха менгаран. Сиёсати Хоричи 0, саноат мурдас, тандурусти дар холати кома, маориф клет, кишоварзи п......с, сохторхои кудрати беобру....... Сохае ки пешрафт карда бошад нест ё хаст, мусики! Окибатмон зоре хуб шава! Умедвори дорем. Худо яке мадад менкна! Дуо кнен, факат Худо метона ёримо кна!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Оффарин Хумайро!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Посух ба Чахонгир ва Хушбин. Хумайро андешаи худро баён кардааст. Ба фикрам, ба ин хак дорад. Танхо мухолифинро гунахкор хисобидан аз руйи инсоф нест. Бист сол мешавад, ки ин хукумат руи кор аст. Бист сол мардум бебарк аст. Хеч вазифаро аз даст додани нестанд, пас фикри мардумро хам бояд кард. Афсус чунин фикрро дар сар надоранд мансабдорони имруза...
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
мардум рухшикаста нашудаанд, дурустараш байни баду бадтар бадро интихоб кардааст. дар хафтод соли шурави точикон сохиби чанд шахр шуданд, дар 20 соли истиклол 5 миллион точик сохиби телефони мобили шуданд ва ин хидмати бевоситаи чаноби оли аст.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
баъди чанги шахрванди мардум дидки чанг ба чи руз меорад болои ин апазиция баъди гирифтани фазифахо барои пур кардани кисах ои кор карданд барои хамин мардум токат карда истодааст чун ки дигар ба лидерхо бовар надоранд ки ба фоидаи халк кор кунанд
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Офарин Хумайро -апа Точикистон бояд ва бояд нав шавад,ва пурра тоза карда шавад аз пашшаю-газандаю- хазандахо!
Посух додан
  • Точикистони нав

  • 9 январ 2014 12:50
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бо ин режим Точикистон харгиз тагйир нахохад ёфт. Ман боварии комил дорам, ки агар як командаи навовар сари хукумат биёяд, вазъро ба мисли Гурчистон комилан тагйир хохад дод ва шароити ба маротиб хубтарро фарохам хохад кард. Ман шахсан аз мансаб безорам, вале хохони рафтани ин режим хастам, зеро он чавобгуи хостахои миллати мо нест. Хатто агар Бобои барфи сари кудрат биёяд, бехтар мешаваду бадтар не.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Выдержка из Википедии:
Важным для продвижения революции Тома Санкара, считавшийся харизматичным лидером, считал личный пример. Президент жил на жалование армейского капитана, составлявшее $450 в месяц, а президентский оклад в $2000 перечислял в сиротский фонд (после свержения и убийства Санкары оказалось, что его личное имущество состояло из старого автомобиля «Пежо», купленного ещё до прихода к власти, холодильника со сломанным морозильником, трёх гитар и четырёх велосипедов). Одним из первых нововведений его правительства стало обнародование доходов и счётов всех госчиновников.

Более того, Санкара запретил устанавливать в своем кабинете кондиционер, поскольку ему «стыдно перед людьми, которым недоступна такая роскошь», и отказался санкционировать развешивание своих портретов в публичных местах и офисах в связи с тем, что «у нас в стране таких, как я, семь миллионов». Был продан весь правительственный автопарк, состоявший из «Мерседесов», вместо которых для нужд министров были приобретены «Рено 5» — самые дешёвые на тот момент автомобили в стране. Санкара урезал зарплаты чиновников, а также запретил им пользоваться личными шоферами и летать по авиабилетам первого класса. От чиновников требовалось сменить дорогие западные костюмы на традиционную хлопковую тунику, сшитую местными жителями. Под новый год администраторов обязывали сдать по месячному окладу в пользу социальных фондов. Уволив однажды половину кабинета, Санкара отправил их на коллективные фермы — трудиться на земле, «где от них будет больше пользы». Уже через три года после прихода Санкары к власти (в 1986 году) Всемирный Банк констатировал, что в Буркина-Фасо искоренена коррупция.


Э ВОЙ ДООООД !!! Может оставить всё как есть? Потому что- у нас другие приоритеты, ценности и примеры для подражания,,,- к примеру; и Линкольн и Вашингтон имели рабов,,, у деток нашего ЧМ-ОЛЙ в домах на дверях ручки из золота,- нечем чистить,,, часики ворованные и ролс-ройсы,,, ……………… -новые тачки и дома, дорогие поездки в любую точку мира ,,, - а если их "доходы" обнародовать,- то даже отявленные отдельные ГОС-воры поймут, что у государства хомяка успех был только у отдельных их представителей,,,
________________________________________________________________________
2500 лет назад Конфуций определял отношение власти к народу как отношения "всадника и лошади"
а также определил приоритеты по управлению государством!
Только не давайте читать такие ВЫДЕРЖКИ нашим министрам и президенту!!! Не дай АЛЛАХ они поступят так же ! А то Таджикистан утратит всё своё влияние на весь продвинутый мир , а Бозор Собир напишет свою книгу " о выходе из кризиса" . Начнут уважать простой народ-за чей счёт и жируются , начнут строить заводы , думать о малоимущих, возвращать таджиков-истинных арийцев домой ....
страшно даже подумать и представить , что может начаться такое ... !?
Ба қафо | Ба пеш

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!