Бахшҳо

Устоҳои шаҳрдорӣ барои таъмири хонаи Ҳошим Гадо рафтанд

Баъд аз зӯҳри панҷшанбеи 9 январ таъмири манзили Ҳошим Гадо, ҳунарманди саршиноси тоҷик, аз тарафи шаҳрдории Душанбе оғоз ёфт. Шавкат Саидов, сухангӯи шаҳрдорӣ, дар сӯҳбат ба “Озодагон” гуфт, барои таъмири куллии хонаи ҳунарманд 6 усто машғул хоҳад буд.

“Системаи гармидиҳӣ дар ҳамин биное, ки устод зиндагӣ мекунанд, фаъол аст. Он танҳо ба таъмиру барқарорсозӣ ниёз дорад. Гуфтан мушкил аст, кор дар ин ҷо чӣ қадар давом меёбад. Ҳамааш аз устоҳо вобаста аст, чун мо мехоҳем хонаро комилан таъмир кунем”,-афзуд Саидов.

Қабл аз оғози соли нави 2014 Ҳошим Гадо, ҳунарманди шинохтаи тоҷик, бо иншои мактубе аз ҳукумати шаҳри Душанбе дархост намуда буд, барои таъмири манзили зисташ мусоидат намояд. Дар номаи худ Ҳошим Гадо аз вазъи бади системаи гармидиҳӣ шикоят карда, як рӯз пештар, 8 январ, дар сӯҳбат бо мо низ гуфта буд, ки дар рӯзҳои сард болои ҳафт кӯрпа мехобад.

Ҳошим Гадо яке аз ҳунармандони шинохта ва барандаи ҷоизаи Рудакӣ буда, дар беш аз 50 филм нақш офаридааст ва муаллифи 11 китоб бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ мебошад.

Аммо ин танҳо Ҳошим Гадо нест, ки аз сардии манзилаш аз шаҳрдории Душанбе кумак хостаасту мехоҳад. Дар гузашта Муҳаммадҷон Шакурӣ, донишманди саршиноси тоҷик, ки дар қабати якуми бинои баландошёнае дар ноҳияи Сино мезист, аз шаҳрдорӣ хоста буд, бар ивази хонааш дар дигар гӯшаи шаҳр манзил бидиҳанд. Вале ба ин мушкили оқои Шакурӣ расидагӣ нашуд ва ӯ то дами маргаш зимистон дар хонаи духтараш ва баҳору тобистон дар манзили худ мезист.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Изхор
Эй Журналисто тенч намемонен да, чакида чакида ав ав када масъулина ба кор мебароред канд занед. Иншооллох устод боки умр дар хонаи зебою гарм зинда ги мекунад

Рахмати бе поен ба Мухтарам Махмадсаид Убайдуллоев, ва коркунони Хукумати шахри Душанбе.

Точик
Хонаи як мусафеда инхо бо ин кадар нозу кашола бо гарми таъмин карданд, ки хонахои як миллион душанбегиро дар хазор сол таъмин намекунанд.

Кандата хур Озодагон! Акса дида кайф карам неки ба чону холаш намонди неки

ффф
Ба Ҳошим чиқадаре дастгири кунанд кам аст, ба ҳар ҳол офарин Убайдулоев М.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)