Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 07:28

Баҳси вазъи равонии кормандони қудратӣ дар Тоҷикистон

10 январ 2014, 09:54

Роҳбарияти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон зимни қабули кормандон пеш аз ҳама вазъи руҳию равонии довталабонро ба назар мегирад.

Ин нуқтаро полковник, Исмоилов Намоз, сардори Раёсати тиббии Вазорати умури дохилӣ зимни як ҳамоиш дар Душанбе таъкид карда, афзуд, ки «моҳи январи соли 2011 бо фармони вазир Рамазон Раҳимов Маркази ташхиси психологӣ созмон дода шуд, ки вазифааш гузаронидани интихоби касбии тиббию психологӣ, муайян намудани хусусиятҳои мушаххаси психологӣ, дараҷаи коршоямии ихтисосӣ ва шаклҳои ноаёни бемориҳои асабию руҳӣ мебошад.”

Ба иттилои дафтари матбуоти ВКД полковник Файзинисо Нағзибековна, раиси комиссияи Марказии ҳарбӣ-тиббӣ низ таъкид намуд, ки роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ зимни интихоби кадрҳо, пеш аз ҳама ба ҳолати руҳию ҷисмонии кормандон аҳамияти хоса дода, номзадҳо барои фаъолияти минбаъда қаблан аз муоинаи Комиссияи Марказии ҳарбӣ-тиббӣ ва Маркази ташхиси психологӣ гузаронида мешаванд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!