Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 19:26

"Мурдафурӯшӣ..." ва ночории Воҳидова барои пардохти 30 000 сомонӣ

10 январ 2014, 10:02

Ширкати “Тоҷирон” бо ирсоли як нома ба унвони Файзиннисо Воҳидова, ҳуқуқдони маъруфи тоҷик, пардохти 30 ҳазор сомониро талаб кардааст. Хонум Воҳидова дар сӯҳбат бо “Озодагон” гуфт, ин номаро рӯзи 9 январ дастрас намудааст.

Ба гуфтаи ӯ, ҳарчанд қарори додгоҳ дар бораи рӯёндани 30 ҳазор сомонӣ аз ӯ ва 1 сомонӣ аз рӯзномаи “ИмрӯзНюз” ба фоидаи ширкати “Тоҷирон” моҳи июли соли гузашта содир шуда буд, вале танҳо ҳоло ба унвонияш иҷроварақа омадааст. Ҳуқуқшиноси тоҷик мегӯяд, азбаски дар Тоҷикистон адолати додгоҳӣ дида намешавад, бахусус дар баҳсе, ки як тарафи он наздикону пайвандони шахси аввали кишвар қарор доранд, аз идомаи мубориза барои бекор кардани ҳалномаи Додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе даст хоҳад кашид: “Дигар чорае нест, қарори додгоҳро бояд иҷро кард.”

Додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе 19 июли соли гузашта ба баҳси додгоҳии Ширкати Тоҷирон бо рӯзномаи “ИмрӯзНюз” ва Файзиннисо Воҳидова нуқта гузошта, ин қазияро ба манфиати Тоҷирон, ки гуфта мешавад, ба наздикони раисиҷумҳури Тоҷикистон марбут аст, ҳал кард. Тибқи ҳалномаи ин додгоҳ ҳуқуқшиноси тоҷик барои пардохти 30 ҳазор сомонӣ ба ширкати “Тоҷирон” муваззаф шуда буд.

Эътирози масъулони “Тоҷирон” аз нашри матлабе бо номи "Мурдафурӯшӣ дар ширкати "Тоҷирон" (ИмрӯзНюз) аст, ки аз ҳодисаи садамаи автомашинаи боркашонии ин ширкат ва автомашинаи сабукрав дар роҳи Душанбе-Хуҷанд нақл мекунад. “Тоҷирон” дар додгоҳ даъво кард, ки матлаб шаъну шарафашро паст задааст.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хамин зани Озодандеш, чи гунох дорад? дар Точикистон ба шумор аст ба монанди ин зан,намегузоранд ки осуда бошад. Ин Гурдофариди замон хаст буд ва мемонад! (Хозир мебинед "фабрикаи чавобро"худо наформояду чашмашон афтад ба ин комент ана баъд мебинед Озодагон)
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ширкати Точирон агар рузаш ба хамин занак монда бошад, хайфи ту гуфтан даркор. Инхо тамоми точикистона хурда акнун навбат ба мурдафурушию зиндафуруши мондааст. Хамин Точикистонда як та адвокати часур дорем хамина хам часпиданд.
Посух додан
  • абдуллох

  • 10 январ 2014 19:44
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
агар истиклол ва адолати суди мебуд... шояд точирон ба фоидаи вохидова
чарима месупорид
Посух додан
  • Ҳайронам

  • 11 январ 2014 05:16
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Одамо бо БМВ се чор одамро пачак пачак карда мекушад, 100-150 сомони чарима месупорад ва халос мешавад. Ин зан гап зада 30 000 сомони месупорад! Шармандаги Точирон ва Додгохи Беадолати Точикистон!

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!